Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ҳабси хонагии президенти Шӯравӣ, Михаил Горбачев ва табаддулоти давлатӣ фурӯпошии СССР-ро суръат дод.

Ин матлаб бори нахуст дар моҳи августи соли 2006 дар торнамои Радиои Озодӣ мунташир шудааст. Муттассифона, бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

СЕ РӮЗИ ПУР АЗ ТАЛОТУМ

Кудатои 19 августи соли 1991 дар Маскав, ки дар таърих бо номи ГКЧП ёд мешавад, фақат се рӯз идома дошт. Аммо ин ҳодиса ҳалқаи аввал аз занҷири рӯйдодҳое шуд, ки таносуби нирӯҳои сиёсӣ ва мавзеъгириҳои сиёсиро дар аксари ҷумҳуриҳои вақти шӯравӣ тағйир дод ва дар бархе аз ин ҷамоҳир ҳатто мунҷар ба барканории раҳбарони пешин ва ба қудрат расидани намояндагони элитаҳои нави сиёсӣ шуд.

Ҳамин кудато, ки аслан ба хотири ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳаш андохта буданд, баръакс худ нуқтаи чархише шуд, ки алакай дар моҳи декабри соли 1991 ин Иттиҳодро аз ҳам фурӯ пошид ва дар ин шашяки рӯи замин 15 кишвари нави соҳибистиқлолро ба дунё овард. Истиқлолияти Тоҷикистон низ аз, ба истилоҳ "файз"-и ҳамин табаддулоти нокоми давлатӣ буд.

Мақомоти вақти Тоҷикистон тайи он 3 рӯзи пурталотум дар қиболи ҳаводиси Маскав ба даҳон об гирифта буданд.

Баъди ноком шудани ГКЧП мақомот мавзеъи худро бетарафӣ, вале мухолифини давлат баръакс ҳимояти хомӯшонаи Душанбе аз он табаддулот ба қалам доданд. Аммо тавре аз сӯҳбатҳои шоҳидони аслии он ҳаводис бармеояд, ин ҳимоят чандон хомӯшона набудааст.

Шарофат Усмонова, котиби кумитаи марказии ҳизби коммунист дар соли 1991 аз он рӯзҳо чунин ёд мекунад: "Дар давоми 3 рӯз дар бораи рӯйдодҳои Маскав мо маълумоти дурусте дар даст надоштем. Вақте ки дар бораи ГКЧП хабар омад, як хабари хеле кӯчак буд ва фақат дар бораи он ки ГКЧП пайдо шудааст ва ин ГКЧП мехоҳад ба тартиб дарорад ҳама чизро. Он вақт мардум, худатон ҳам медонед, ки аз беназмиҳо ба ҷон расида, ташнаи як ҳукумати мустаҳкам ва тартибот буд. Ин аст, ки мардум ( ман дар назар дорам, раҳбарони зинаҳои гуногунро пеш аз ҳама) дигар хел муносибат кард ба ГКЧП. Азбаски сухан дар бораи тартибот мерафт, хеле аз раҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мардуми оддӣ аз он дастгирӣ карданд. Нома мефиристоданд, телеграммаҳо. Барои ин набояд онҳоро айбдор кард, чунки онҳо тарафдори тартибот буданд, яъне як ҳукумати мустаҳкам пайдо шуду акнун тартибот ҷорӣ мешавад."

Чопи нашрияҳои мустақил ва мухолиф, назири "Чароғи Рӯз" ва "Адолат" тайи 3 рӯзи ГКЧП ба таври ғайрирасмӣ, аммо ба ҳар сурат манъ шуда буд. Имомназари Холназар, сардабири вақти Адолат, нашрияи ҳизби демократи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 август хабари табаддулоти давлатиро дар Самарқанд шунида, билофосила ба Душанбе баргаштааст, мегӯяд, мақомоти интизомиву амниятии маҳаллӣ ҳамин тавр раҳбарияти ин ҳизби мухолифи давлатро аз ҳар навъ иқдом алайҳи ГКЧП ҳушдор дода буданд: "Вақте парвоз карда, Душанбе омадам, зуд ба қароргоҳи ҳизб рафтам ва дидам, ки ҳама сахт андӯҳгинанд. Гуфтанд, ки ҳамин ҳозир аз хадамот омаданд ва гуфтанд, ки аз ҷоятон наҷунбед, ягон изҳорот пахш накунед, даст ба ягон иқдом назанед, ки авзоъ хуб нест ва агар дар ҷумҳурӣ ягон нооромӣ шавад, ҷавобгариаш ба гардани шумо хоҳад афтид. Ҳатто аз намояндагони ҳизби коммунист омада таҳдид кардаанд, ки ана акнун вақти шумо сар омаду як-як ҳамаатонро бар хоҳем чид. Бо ин вуҷуд, ягон нафар аз мо пинҳон нашуд ва гузашта аз ин, садорати ҳизби демократ талаб кард, ки ба мо дар телевизион вақт диҳанд, то мо фикри худро бигӯем. Раиси ҳизби демократ Шодмон Юсуф гуфтанд, ки ҳатто агар моро ҳамин ҳозир бурда ҳабс кунанд, мо ин табаддулоти давлатиро қатъиян маҳкум мекунем. Шодмон Юсуф мегуфт, ин як табаддулоти давлатӣ бар зидди демократия ва рӯшанфикрон аст."

МАВҚЕИ ДУШАНБЕ

Садорати ҳизби демократ бо пахши як изҳорот кӯшиши табаддулоти давлатиро маҳкум карда ва як ҳайъатро ба раҳбарии муовини вақти раиси ҳизб Абдуллоҳ Очилов ҳатто ба ҳузури раисиҷумҳур ва муншии аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов мефиристад. Имомназари Холназар қисса мекунад: "Се-чор касе, ки рафтанд, аз Маҳкамов пурсиданд, ки шумо ҷонибдори ГКЧП ҳастед ва ё онҳоро маҳкум мекунед? Вай чизе нагуфтааст. Маҳкамов гуфта, ки вақт нишон медиҳад, ки ҳақ ба ҷониби кист, ман феълан чизе дар ин бора гуфта наметавонам."

Отахони Латифӣ он замон дар пайи тақрибан ду соли узвият дар давлати Қаҳҳор Маҳкамов тоза аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон истеъфо дода, дубора ба кори хабарнигорӣ баргашта буд ва барои рӯзномаи Известияи чопи Маскав кор мекард. Шарофат Усмонова, котиби идеологии кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 1991 бехабарии мақомоти вақти ҳизбиву давлатии Тоҷикистон аз он чиро, ки он шабу рӯз дар Маскав мегузашт, ба ёд меорад ва ҳам мусоҳибаеро, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов шоми 19 август бо Отахони Латифӣ дошт: "Дар давоми 3 рӯз дар бораи чӣ будани ГКЧП касе як маълумоти муайян надошт. Ман худам шахсан, Қаҳҳор Маҳкамович ва дигар кормандони кумитаи марказӣ дар ҷойи кор назди телефон нишаста будем. Ягон ахбор аз Маскав намеомад, ягон телефон набуд. Он вақт Қаҳҳор Маҳкамов нафақат котиби аввали ҳизб, балки президенти Тоҷикистон ҳам буд, вале ҳатто барои он кас ягон маълумот намерасид ва ин дар ҳоле буд, ки Маҳкамов бояд ба Маскав сафар мекарданд. Ман дар ҳамон рӯзҳо омадани Латифиро хуб дар ёд дорам. Латифӣ бо як магнитофончаи хурд пеши Қаҳҳор Маҳкамович омаданд. Ман ҳам он ҷо будам. Маҳкамов ҷуръати гап задан ҳам надоштанд, чунон худашонро гум карда буданд, ки чӣ гуфтанашонро ҳам ҳатто намедонистанд. Лекин ҳамон рӯйхате ки ГКЧП, дар ёд дошта бошед, нашр карда буд, дар бораи тартибот ва ғайра... Маҳкамов ин чизҳо чизи дуруст аст гуфтанд. Ҳа, шумо тарафдори ГКЧП! Ана ҳамин дастак шуду дар оянда ҳамин як факти хурди мазмунаш ҳам ба фикрам начандон муайяну пурра набуд, ҳамин чиз баҳона шуд."

ДУ ДАВЛАТ

Давлати Худоназар, ки соли 1991 раиси Иттиҳодияи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам узви Шӯрои Олии СССР аз Тоҷикистон буд, мегӯяд, хабари табаддуллоти давлатиро дар Душанбе шунида, бидуни чуну чаро озими Маскав шудааст. Ва иттифоқан дар ҳамон ҳавопаймое, ки раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро низ ба Маскав мебурд: "Ман ягона депутат аз Осиёи Миёна узви гурӯҳи байниминтақавии депутатҳо будам. Ва, аз ин рӯ, ғайримумкин буд, ки ман аз ГКЧП тарафдорӣ кунам. Ман рӯзи 19 август дар Душанбе будам ва якбора ба Маскав телефон кардам ва Иттифоқи кинематографистони СССР-ро ҳаматарафа муқобили ГКЧП сафарбар кардам. Азбаски ман роҳбари Иттифоқи кинематографистони СССР будам, узви ЦК КПСС ва узви Шӯрои Олии СССР, вақте дар Маскав чунин ҳодиса мегузашт, ман бояд бевосита ба Маскав бармегаштам. Дар фурудгоҳ аввал нахостанд ба ман билет фурӯшанд. Охираш Бозоралӣ Сафаров (узви дигари Шӯрои Олии СССР аз Тоҷикистон) кӯмак карду барои ман билет пайдо кард ва ман ҳамон рӯз ба Маскав парвоз кардам. Дар ҳамон ҳавопаймо роҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов низ ба Маскав парвоз мекард. Бо Маҳкамов дар ҳавопаймо сӯҳбат ҳам доштам, фикру назариёти худро дар бораи ин ҳодиса ба ӯ гуфтам, вале ӯ нахост, ки ин сӯҳбатро идома диҳад ва хеста пеши пилотҳо рафту дигар то расидан ба Маскав аз он ҷо барнагашт."

Сууду суқути ГКЧП зимнан як нирӯи нави сиёсӣ - ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баъди чандин соли фаъолиятҳои зеризаминӣ вориди саҳнаи сиёсати расмии ин кишвар кард. Дар моҳи августи соли 1991 ин ҳизб, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз сабти расмии ном надошт, дар баданаи ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Давлати Усмон, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯзҳои ГКЧП чунин ёд мекунад: "Рӯзҳои 19 ва 20 августи соли 1991 қарор буд, ки дар Тошканд ҷаласаи раёсати ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ доир шавад. Аз ҳамин лиҳоз мо рӯзи 18 август ба Тошканд сафар карда будем. Ва вақте хабари кудато расид, мо дар Тошканд будем. Сипас ҷаласаро фавран қатъ кардем ва ҳар кас ба кишвари худ бозгашт, аз он ҷумла мо. Вақте ки ба Душанбе баргаштем, бо он бародароне, ки дар ҳаракат буданд, ҷамъ шудем ва тасмим гирифтем, ки мо ҳам алайҳи кудаточиён тазоҳурот барпо кунем. Ва раёсати ҳамонвақтаи шӯъбаи тоҷикистонии ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ба дигар созмонҳои сиёсие, ки арзи вуҷуд доштанд, аз қабили созмони мардумии Растохез ва ҳизби демократи Тоҷикистон муроҷиат кард ва дигар баъди тақрибан 1 ё 2 рӯз барои баргузории тазоҳурот омода шудем."

Аввалин тазоҳурот алайҳи ГКЧП дар Тоҷикистонро аммо ҳизби коммунист ва алакай рӯзи 24 август дар толори театри опера доир кард. Раҳпаймоии дуввум ба нишони эътироз ба талоши табаддулоти давлатӣ дар Маскав рӯзи 26 август, аммо ин бор бо ибтикори ҳизби демократи Тоҷикистон ва низ дар ҳавлии театри опера сурат гирифт.

Вале бузургтарин гирдиҳамоие, ки Давлати Усмон азаш сӯҳбат мекард ва нахустин иқдоми муштараки ташаккулҳои сиёсии мухолифини тоҷик буд, рӯзи 29 август ва дар майдони марказии он вақт ба номи Ленини Душанбе баргузор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG