Пайвандҳои дастрасӣ

Алвидоъ, Русия! Алвидоъ, СССР! Алвидоъ, калуш!


Алвидоъ, Русия

Нашри тозаи ҳафтаномаи «Азия Плюс» дар матлабе таҳти унвони «Помир: Алвидоъ, Русия» навиштааст, шурӯъ аз 5 декабри соли ҷорӣ марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ин минтақаро, ки ҳудуди 1000 километр аст, фақат марзбонони тоҷик нигаҳбонӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи муаллифи матлаб, мавриди вогузор намудани марз ба дӯши сарҳадбонони тоҷик ҳамтоёни руси онҳо биноҳо, ғизо, маводи сӯхт ва силоҳи оташафканро ба маблағи баробар бо 250 миллион рубли русӣ ба нирӯҳои марзбони Тоҷикистон бахшида, аммо силоҳҳои вазнини оташафкан, танку тӯпро бо худ ба шаҳри Душанбе бурданд. Вале дар ин маврид "роҳбарияти кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳеҷ эътирозе надошт".
Ва дар ҳамин ҳол, «Азия Плюс» хабар додааст, генерал-майор Алиназар Давлатмамадов, ки мебоист қумондони гурӯҳи зудамали марзбонии «Хоруғ», таъин мешуд, аз олам даргузаштааст. Ба навиштаи рӯзнома, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ изҳор доштааст, марги Алиназар Давлатмамадов бар асоси фишори гурдаҳо, дар рӯзи аз сӯи марзбонони тоҷик ба даст гирифтани марз бо Афғонистон сар задаст.

Алвидоъ, СССР

«Вечерний Душанбе» сармақолаи нашри тозаи худро ба 13-умин солгарди фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бахшидааст. Нашрия навиштааст: "Мо журналистони «Вечёрка» дар мавриди фурӯпошии СССР мотам намегирем, вале мутаассиф ҳастем. Ба ҳар сурат, суқути кишваре, ки аз шаш як ҳиссаи қораи Замин буд, аламовар аст. Мо аз нафарони бешафқат нестем ва тарафгири ҳар касе ҳастем, ки мегӯяд: "Оне , ки аз пошхӯрии СССР мутаассиф нест, виҷдону қалб надорад ва ҳар нафаре мехоҳад, СССР-ро дубора таъсис диҳад, ақли солим надорад".

Алвидоъ, калӯшҳои депутатӣ

Бо наздикшавии интихоботи парлумони Тоҷикистон нашрияҳои ин кишвар бо матолиби бештар сари ин мавзӯъ бармегарданд. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе бо наздикшавии интихобот мушкилоти баргузории интихоботи шаффофро дарҷ намуда ва муаллифи матлаб барои дастёбӣ ба чунин як интихобот чанд пешниҳод низ кардааст. Ба навиштаи нашрия, «дар маъракаҳои интихоботӣ, бешубҳа, ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ, мамолики абарқудрат таъсири худро мегузоранд. Вале ба қавли президенти Русия, муаммои як кишварро бидуни халқи худаш ягон созмон ё кишвари абарқудрати ғайр ҳал карда наметавонад».
«Наҷот» дар матлабе бо номи «Депутат шудан хоҳӣ, ваъда надеҳ», менависад: «Пайи ба даст овардани райъи мардум мебояд чӣ тадбиру чора ҷуст? Ба амсоли солҳои пешин масҷид ба масҷид, чойхона ба чойхона гашта ба мардум чойнику калушу коло тақсим кард ва ё кӯҳҳои тиллоӣ ваъда намуд? Не, чунин усулу воситаҳо дигар ба дарди мардум чорае намебахшанд. Ба қавле, замона дигар гаштаву афкору андешаи мардум тағйир хӯрда. Мардум дигар ба ҳар гуна ваъдаҳои хушку холӣ бовар надоранд. Балки онҳо хоҳони онанд, ки афроди сазовору лоиқ номи шоистаи намояндагиро дар парлумон соҳиб гарданд».
Барот Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG