Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи созмонёфта ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул дувоздаҳ нафар, аз ҷумла 7 донишҷӯ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳамлаи шоми чоршанбе ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон, воқеъ дар минтақаи Доруламони Кобул, баъди даҳ соати даргирӣ поён ёфтааст. Абдураҳмон Раҳимӣ, раиси пулиси шаҳри Кобул, гуфтааст, дар ин ҳодиса се корманди пулис ва се муҳофизи донишгоҳ низ ба ҳалокат расидаанд. 35 донишҷӯ ва 9 корманд захмӣ шуда ва 750 донишҷӯ наҷот ёфтаанд.

Тибқи гузоришҳо, дар ҳамла ба бинои Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул як ё ду нафар ҳамлавар иштирок доштаанд. Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, аввал дар наздикии донишгоҳ таркиш рух додааст ва баъд аз он, афроди мусаллаҳ дохили бинои донишгоҳ шуда, ба тирандозӣ шурӯъ карданд.

Дар ҳамла ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул 12 нафар, аз ҷумла 7 донишҷӯ кушта шудаанд."

Нерӯҳои вижа ба ҷои ҳодиса фиристода шуда ва ба гуфтаи расонаҳо ба нақл аз мақомоти амниятии афғон, ду ҳамлаварро куштаанд. Шуморе аз донишҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса замоне рух дод, ки онҳо дар синфхонаҳо машғули дарсхонӣ буданд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо Толибон тайи моҳҳои гузашта ва бо оғози гармиҳо, ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои афғон ва ғайринизомиёнро афзоиш додаанд.

Донишгоҳи амрикоии Афғонистон аз муассисаҳои таълимии муътабар дар ин кишвар аст ва бисёре аз устодони он низ хориҷӣ мебошанд. Ин донишгоҳ, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ҳудуди 1700 донишҷӯ дорад ва илова ба таълими забони англисӣ, давраҳои омӯзишӣ барои калонсолон барои боло бурдани сатҳи тахассус низ баргузор мекунад.

Ҳудуди ду ҳафта қабл ду нафар аз устодони ҳамин донишгоҳ, яке амрикоӣ ва дигаре аз Австралия, рабуда шуданд, ки ҳанӯз аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG