Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 38 "ифротӣ" дар вилояти Суғд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз боздошти 38 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ дар моҳҳои охир хабар медиҳад.

Манобеи додситонии вилояти Суғд рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар қаламрави вилоят дар моҳҳои охир 38 нафар бо гумони узвият ё ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Туркистон, ҷамоати “Ансоруллоҳ” ва созмонҳои дигари тундрави мазҳабӣ дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ин масъулон, ин афрод, сокинони манотиқи мухталифи вилояти Суғд, аз ҷумла Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Спитамен буда ҷавонони синни 24 то 40-солаанд. Додситонӣ дар нисбати ин афрод, ба иттиҳоми таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, ҷалб ва ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ, ба хусус ҷанг дар Сурия парвандаҳо боз карда ва тафтишоти онҳо идома дорад.

Ин ҳам дар ҳоле ки рӯзи 12 ноябр манобеи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд, аз боздошти 12 сокини Истаравшан ва Конибодом хабар дод, ки онҳо баъди бозгашт аз Русия бо ҳадафи ба ҷанги Сурия фиристодани ҷавонон ба ҷамъоварии маблағ машғул будаанд.

Раҳбарии ин гурӯҳро, ба гуфтаи ин манобеъ, амири маҳаллии “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ Наҷмидин Шамсиев, сокини ноҳияи Истаравшан бар дӯш доштааст. Вай 28 сол дошта, ҳангоми ҷустуҷӯ кормандони пулис аз манзили зисти вай 2 туфангча, як “глушител” ва 85 дона тир мусодира кардаанд. Бино ба гуфтаи ҳамин манобеъ, Акмал Шукуров, як сокини Конибодом автомобили “Мерседес”-и худро фурӯхта, 6 300 доллари маблағи онро ба хазинаи ин гурӯҳ додааст.

Нозим Неъматов, сокини дигари Конибодом, ки гуфта мешавад, бо дастури Наҷмидин Шамсиев ҷавонони ин маҳалро барои иштирок дар ҷанги Сурия тарғиб мекард, худ ҳафтаи гузашта ҳангоми ба Сурия рафтан аз роҳи Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолобод дастгир шуда, ба Хуҷанд оварда шудааст.

Танҳо аз рустои Чорқишлоқи Исфара зери 20 нафар ба Сурия рафтаанд
Танҳо аз рустои Чорқишлоқи Исфара зери 20 нафар ба Сурия рафтаанд

Шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонии Суғд рӯзи 12 ноябр гуфта буд, дар 9 моҳи аввали соли равон кормандони ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 23 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон, умдатан сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Спитамен ва Панҷакент бо иттиҳоми ҷалби одамон барои иштирок дар ҷиҳод ё иштироки худи онҳо дар ҷанги Сурия 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Масъулони шӯъбаи мазкури додситонӣ ҷавонони суғдии ба Сурия рафтаро “бешафқат” меноманд, ки ҳамсарон ва ҳатто духтари худро назди худ, ба ин кишвари ҷангзада мехонанд.

Ба гуфтаи манобеъи интизомии Суғд, сокинони боздоштшуда аз Конибодому Истаравшан ҳамагӣ ҷавон, аз 26 то 38-сола буда, саводи динӣ надоштаанд. Аз манзили бархеи онҳо зимни кофтуков дискҳои бо сабту наворҳои даъват ба ҷиҳод дарёфт шудааст.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки бори аввал дар сентябри соли 2010, дар як ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд аз худ дарак дод. Ин гурӯҳ масъулияти ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, ки 3 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифт.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов
Мулло Абдуллоҳ Раҳимов

Дар апрели соли 2011, баъди қатли Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ошӯбӣ дар водии Рашт низ мақомоти амниятии Тоҷикистон эълон карданд, ки гӯё аз охирин пинҳонгоҳи ин фармондеҳи собиқи мухолифин парчами "Ансоруллоҳ"-ро пайдо кардаанд.

Бовар меравад, "Ансоруллоҳ" созмони ҷангиёни тоҷикест, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин таҷзия касби тарафдори бештар дар Тоҷикистон аст, чунки таҳти парчами Ҳаракати исломии Узбакистон пайдо кардани ҳаводори зиёд дар Тоҷикистон имкон надошт.

Домулло Амриддин ном як узви собиқи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шароити сулҳи Иттиҳоди мухолифин бо ҳукуматро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон баргашт, раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 "Ансоруллоҳ"-ро, ки сохтани хилофати исломиро ҳадафи муборизаҳояш қарор додааст, ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротӣ шомил карда, фаъолияташро дар Тоҷикистон расман манъ кард.

XS
SM
MD
LG