Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба Бадахшон аз шаҳраки Карон, дидан кард ва зикр шуд, ки Карон таърихи наздик ба чаҳор ҳазорсола дорад.

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, бостоншиноси тоҷик, ки кашфи Карон ба номи ӯ нисбат дорад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, андешаҳои муаррихони дигар, ки шаҳраки қадимӣ будани Каронро муболиға мехонданд, пояи илмӣ надорад ва ин бозёфт ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид хоҳад шуд.

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Корҳои бостоншиносӣ дар шаҳри Карони қадим акнун сар шудааст. Ду сол кор кардем ва дар қисми зиёди шаҳр корҳои ҳафриётӣ анҷом додем. Дар ин мавзеъ дар баробари дижи шоҳ, бурҷи оташ ва дигарҳо майдони чавгонбозӣ бо тамоми қоидаҳои бозӣ кашф карда шуд, ки дар ҳамон шакли қадимиаш мондааст.

Аз рӯи сабки меъморӣ панҷ манори ин шаҳрак хеле қадим аст ва шояд ба давраи дуи пеш аз милод нисбат дошта бошад. Дар оянда дар ин бора кор мекунем ва дуруст ё нодуруст будани он тадқиқ мешавад. Рӯди Панҷ ва поёни рӯди Омӯ ҳамон рӯди Дойтиёи нек аст, ки аксари авастошиносон тахмин мекунанд. Бо рӯди Дойтиё бисёр ҳодисаву устураҳои ориёиҳо, ки дар Авесто зикр шудаанд, вобастагӣ дорад. Дар канори ҳамин рӯд Аҳурамаздо, Худои бузурги ориёиҳо аввалин Инсон, яъне Каюмарсро ба вуҷуд овардааст. Дар соҳили ин рӯд ба Зардушт ваҳй меояд ва ӯ ба пайғамбарӣ даъват мешавад. Барои бузургдошти ин рӯд маъбади об сохта шудааст. Кашфи маъбади об бузургтарин ва нахустин кашфиёти ин самт дар Осиёи Марказист, ки 90 метр дарозӣ ва 50 метр бар дорад. Дахмаҳои зардуштӣ низ ёфт шуданд, ки наздики 15 гектар заминро дар бар мегирад. Он ҷо се тахтасанг ҳаст. Дар якеаш ҷасади мардон, дар дигаре ҷасади занҳо ва дар савумӣ ҷасади кӯдаконро мегузоштанд. Баъди он ки гӯшти ҷасадро парандаҳо хӯрданд, устухонҳояшонро дар сағонаҳои оилавӣ ҷой мекарданд, ки ман дусадтои онро пайдо кардам.
Мо, албатта, барои ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид кардани он талош мекунем. Аммо ҳоло саросема нестем. Ин ёдгории беназир худ аз худ ворид мешавад. Омӯзиш давом дорад.

«Озодӣ»: Аммо қаблан дар расонаҳо миёни олимон баҳсе сурат гирифт, ки бархе шаҳри қадимӣ будани Каронро зери шубҳа қарор доданд ва ин иддаоро ҳазён хонданд. Назари шумо дар бораи ин баҳсҳо чӣ гуна аст?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Бале. Дар матбуот дар бораи замони мавҷудияти шаҳраки Карон мубоҳисаҳо пайдо шуд. Мо дар ин шаҳрак се сикка ёфтем. Аз рӯи далелҳои сиккашинос аз Санкт-Петербург Никитин сиккаҳо дар асрҳои 2-1 пеш аз мелод вуҷуд доштанд. Мо метавонем тахмин кунем, ки шаҳраки Карон беш аз се ҳазор сол таърих дорад.

Баҳсҳое, ки дар матбуот пайдо шуд, ҳама ҳарфҳои ғаразнок аст. Нафароне, ки моро танқид мекарданд, ёдгориҳоро надидаанд, ба он ҷо нарафтаанд ва суханашон асоси илмӣ надорад. Раисҷумҳур зимни боздидаш ба мо гуфт, ки шумо метавонед дар ин ҷо тадқиқотро давом диҳед ва мутахассисонро аз дигар кишварҳо ҳам даъват кунед. Мо имсол аз Санкт-Петербург, Фаронса ва Эрон бостоншиносонро даъват мекунем.


«Озодӣ»: Оё сафари раисҷумҳур ба ин мавзеъ ба баҳсҳо хотима гузошт ва онро метавон ҳамчун пирӯзии ҷонибдорони шумо дар ин баҳс номид?

Юсуфшоҳ Яъқубов: Мутаассифона, баъди сафари раисҷумҳур боз дар «Азия-плюс» ҳамон муаллифон мақола нашр карданд. Онҳоеро, ки ба ин масъала дахл карданду мақола навиштанд, ман мутахассис намеҳисобам. Онҳо мутахассисони асри 18-19 ва замони шӯравӣ ҳастанд. Онҳо дар бораи ёдгориҳои қадими таърихӣ тасаввуроти дуруст ҳам надоранд ва ба ақидаи ман ҳаққи гуфтани ин гапҳоро ҳам надоранд. Аммо матбуот озод аст ва ҳар кас фикрашро мегӯяд.

«Озодӣ»: Дар бораи ватан Зардушт будани ё набудани Дарвоз ҳам дар баҳсҳо ишора рафта буд. Оё воқеан, дар асоси далелҳои таърихӣ Дарвозро ватани Зардушт гуфтан мумкин аст?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Дар бораи ватани Зардушт сухан хеле зиёд аст. Забоншиносон мегӯянд, забони Авестои қадим, готҳо, ки муаллифаш Зардушт ҳаст, забони Бохтари Шарқӣ аст, яъне забони Бадахшону Дарвоз. Ман инро ба назар гирифтам, ин хеле далели муҳим аст. Дар Бадахшони Афғонистону Бадахшони Тоҷикистон ва Кӯлоб бисёр номҳо боқӣ мондаанд, ки ба устураи Ҷамшед ва Фаридун вобастагӣ доранд. Деҳаи Зардушт Дуроҷ ном дошт. Чунин деҳа дар Дарвози Афғонистон боқӣ мондааст. Ин далелҳо маро водор месозад, бигӯям, аз он ки ватани Зардуштро ба Суғд, Хоразм, Эрон ва чанд ҷои дигар нисбат медоданд, далелҳои ман бовариноктаранд. Барои ҳамин ҳам ман гуфтам, ки Зардушт аз ҳамин ноҳия аст. Аммо мухолифони ин ақида мегӯянд, ки ҳеҷ мумкин нест, ки аз кӯҳистон чунин одам пайдо шавад. Аммо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам омадааст, ки дар давраҳои охир омӯзиши замин аз кӯҳистон шурӯъ мешавад. Тӯфони Нӯҳ одамонро маҷбур кардааст, ки ба кӯҳҳо бароянд. Дар кӯҳҳои Албурс ҳазорон ғор ҳаст. Далелҳое, ки ман овардаам, ягон муҳаққиқ нагуфтааст. Яке аз бостоншиносони машҳури Фаронса Франс Гримме ҳам навиштааст, ки фикру андешаҳои Ёқубов нисбат ба дигар андешаҳое, ки пеш дар бораи Зардушт гуфтаанд, боварибахштар аст.

Вақте олим сухан мегӯяд, бояд ҳарфаш ҳавоӣ набошад, Далел орад, ки чаро ман ҳақ нестам. Агар далеле орад, ки боварибахш бошад, ман қабул мекунам. Ҳамту гуфтан, ки Зардушт аз ин ноҳия нест, гапи кӯчагӣ аст, олимона нест.

«Озодӣ»: Аслан чунин ба назар мерасад, ки миёни муаррихон дар мавриди муайян кардани солгарди шаҳрҳои таърихӣ як навъ мусобиқа ба назар мерасад. Ахиран шаҳри Карон беш аз сеҳазорсола эълон шуд, баъди он академик Раҳим Масов эълон карданд, ки ноҳияи Фархор таърихи 4 ҳазорсола дорад. Оё дар масъалаҳои таърихӣ мусобиқа кардан мумкин аст?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Вақте мо дар бораи шаҳр сухан мегӯем, шаҳр пеш аз ҳама тамаддун аст. Мо дар бораи тамаддун суҳбат мекунем. Солгарди Истаравшан ва Кӯлобро ҳамчун шаҳр таҷлил кардем. Ҷашни Ҳисор ҳам ҳамчун маркази тамаддун пешниҳод шудааст. Дар Фархор танҳо қабристонҳоро ёфтанд. Қабристон тамаддун шуда наметавонанд. Қабристонҳое ҳастанд, ки 10 ё 20 ҳазор сол доранд. Мо онро ҳамчун санади таърихӣ қабул дорем. Аммо тамаддун бо пайдо шудани шаҳрҳо пайдо мешавад. Раҳим Масович дар ин ҷо ҳаққ нестанд. Зеро моҳиияти ин калимаро фаҳмидан даркор аст, ки мо чиро ҷашн мегирем. Ман таърихи шаҳри Каронро беш аз се ҳазор сол гуфтам, дар матбуот 4 ҳазор сол ҳам гуфтанд, аммо ин гапи ман нест. Ман чунин баҳсу мусобиқаро қабул надорам. Кори мо омӯзиши таърих аст. Дар кӯҳистон чунин шаҳр бори аввал пайдо шуд.

«Озодӣ»: Дар як мақолаатон шумо навиштаед, ки Данғара таърихи беш аз 10 ҳазорсола дорад. Оё расман 10 ҳазорсолагии Данғара таҷлил мешавад? Шумо ба ҳукумат дар ин маврид пешниҳоде кардед?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Данғара яке аз марказҳои бисёр муҳими фарҳангӣ аст. Яке аз бахшҳои таърихи халқи тоҷикро дар ин ҷо омӯхтан мумкин аст. Аммо ҳамчун шаҳр таърихи 10 ҳазорсола надорад. Албатта, дар ин макон чанд ҳазор сол пеш одамон зиндагӣ кардаанд, аммо тамаддун дертар пайдо шудааст. Дар Данғара дуюним ҳазор пеш шаҳр вуҷуд дошт. Барои таҷлили ҷашни он ягон санад омода нашудааст. Аслан, ман зидди ҷашн намудани солгарди ин ё он шаҳр ҳастам. Мо бояд таърихро ҳамаҷониба омӯзем. Ин худаш ҷашн аст. Ташкил кардани мусобиқа дуруст нест. Касоне, ки инро ҳамчун мусобиқа мефаҳманд, хато мекунанд.

«Озодӣ»: Дар навиштаи дигаратон хондем, ки панҷҳазорсола будани қабристони Ғелот, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб зикр кардаед. Дар он ҷо қабри бонуи тоҷики 35-40 сола пайдо шудааст, ки вазифаи сарварӣ доштааст. Ин зан дар кадом аср зиндагӣ кардааст ва сарвар будани ӯ чӣ гуна муайян шудааст?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Аз рӯи бозёфтҳое, ки дар рӯи қабри Ғелот ёфта шудааст, аз он ҷумла як ҳайкалча. Ин ҳайкалча аз руххом сохта шудааст, ки се ҳазор соли пеш аз милодро дар бар мегирад. Пеш ақидае буд, ки дар қисмати шимолии Бохтар тамаддуни кишоварзӣ дар давраҳои баъд, охири ҳазораи дуюми пеш аз милод пайдо шудааст. Ин бозёфт инро рад мекунад. Зеро ин бону сарварии мардуми кишоварзро бар дӯш дошт. Тамаддуни кишоварзӣ таърихи на кам аз панҷ ҳазор сол дорад. Он вақт давраи модаршоҳӣ буд.

«Озодӣ»: Аслан, дар кадом асрҳо занҳои тоҷик бештар дар вазифаҳои сарварӣ фаъолият кардаанд?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Занҳо дар ҳамаи давру замон дар вазифаҳои давлатӣ буданд. Сарварон аз занҳои далери тоҷик хеле зиёд буданд. Ҳамеша дар ҳайати ҳукумат занҳо ширкат доштанд. Таҳмина зани Рустам яке аз сарварон буд. Дар ҷомеаи ориёӣ зану мард баробарҳуқуқ буд. Нисбат ба занҳои тамоми ҷаҳон занони тоҷик озодтар буданд, шоҳони тоҷик озодии суханро қадр мекарданд, демократитар буданд. Шоҳон озодибахштар ва хирадмандтар буданд ва ҳурмату эҳтироми зан ҳам баланд буд.

«Озодӣ»: Ба назари шумо, бозёфтҳои бостоншиносӣ то кадом поя ба рушди ояндаи ҳар миллат мусоидат хоҳанд кард?

Юсуфшоҳ Яъқубов: Таърих сабақ аст. Мо бояд таърихро омӯзем ва бурду бохти таърихиро ба инобат гирем. Дар он сурат мо метавонем рушди бардавом дошта бошем. Агар хатоҳои дар таърих шударо ба инобат нагирем, рушд карда наметавонем ва боз ба хатоҳои нав роҳ медиҳем. Мо аз таърих дарси ибрат ва худшиносӣ мегирем.

«Озодӣ»: Чаро шумо маҳз соҳаи бостоншиносиро интихоб намудед?

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ: Баъди он ки факултаи таърихи донишгоҳро хатм кардам, директори Пажӯшгоҳи таърих Зариф Раҷабов ба ман гуфтанд, ки таърихи қадимро медонед, хати форсиро хонда метавонед ва бо сарчашмаҳо сарикор доред, ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки бостоншинос шавед. Ман маслиҳати устодро пазируфта бо пешниҳоди ӯ ба Панҷакент рафтам. Дар Панҷакент бостоншиносон аз Санкт-Петербург кор мекарданд ва устод ба ман гуфтанд, аз мактаби онhj омӯзам. Ҳоло беш аз панҷоҳ сол шуд бо ин кор машғулам. Аммо имрӯз насли ҷавон ба бостоншиносӣ шавқу ҳавас надоранд. Бостоншиносӣ бисёр мушкил аст. Заҳмати зиёд мехоҳад. Ҳамеша дар миёни гарду чангаш бояд кор кунӣ. Ҷавонон ин соҳаро интихоб намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG