Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи касатсионӣ ҳукми "Ампаро"-ро бетағйир монд


Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 24 октябр ҳукм кард, ки анҷумани "Ампаро" барҳам дода шавад

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 24 октябр ҳукм кард, ки анҷумани "Ампаро" барҳам дода шавад

Додгоҳи вилояти Суғд имрӯз, 15-уми январ, шикояти касатсионии созмони «Ампаро»- ро баррасӣ карда, қарори суди шаҳри Хуҷандро дар бораи манъи фаъолияти ин созмон бетағйир мондааст.

Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 15 январ ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нисбати баҳси миёни Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» ва раёсати адлияи ин вилоятро бетағйир монд.

Ҷунайд Ибодов, вакили мудофеъи «Ампаро» дар поёни баргузории додгоҳи касатсионӣ ба Радиои Озодӣ гуфӣ, ки додгоҳи вилоятӣ пас аз баррасии шикояти ин созмон, қарор кард, ки «ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар бораи бастани созмони "Ампаро" бетағйир монда шавад».

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 24 октябри соли 2012 шикояти шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд алайҳи созмони «Ампаро» баррасӣ карда ва қарор кард, ки Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» баста шавад.

Сабаби аслии шикояти Раёсати адлияи вилояти Суғд ин буд, ки суроғаи ҳуқуқии ин анҷуман гӯё бо суроғаи воқеии дар гузоришҳои расмӣ пешниҳодшуда мувофиқат намекард. Амалкарди додгоҳи шаҳри Хуҷанд мунҷар ба он шуд, ки «Ампаро» ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят барад.

Аммо ҳамакнун, ки додгоҳи вилоят низ қазияро ба нафъи Раёсати адлия ҳал кардааст, ҷониби «Ампаро», ба хусус Ҷунайд Ибодов, вакили мудофеъ мегӯяд, танҳо дар сурати гирифтани матни қарори додгоҳ ба он вокуниш хоҳанд кард.

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова

Дар ҳамин ҳол Дилрабо Самадова, раиси «Ампаро», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз натиҷаи баррасии шикояташон дар марҳилаи касатсионӣ розӣ нестанд ва ният доранд ба марҳиллаи назоратӣ ва дар сурати зарурат ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунанд.

Дилрабо Самадова, дар мавриди иддаои мақомоти адлия илова намуд, ки баъди тавсеа ёфтани кори «Ампаро» соли 2010 ҳуқуқшиносони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд бар пояи маълумотномаи ҳукумати шаҳр дафтари нави корие таъсис доданд, ки дар он бештар бо қабули шикояти сокинон машғул буданд. Вале додгоҳ бар пояи аризаи Раёсати адлияи вилоят ҳукм кард, ки «Ампаро» бояд баста шавад. Самадова мегӯяд, аз назари ҳуқуқӣ дар кори онҳо иштибоҳе буда наметавонад, чунки қонун мутафовит будани суроғаҳои ҳуқуқӣ ва воқеии фаъолияти корхонаҳоро иҷозат медиҳад.

Қаблан, ҳукми додгоҳи Хуҷанд маҳкумияти Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, САҲА ва созмони мудофеи ҳуқуқи башар «Амнести интернешинал»-ро ба бор овард. Дар муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон онҳо бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳ ва иҷозаи фаъолияти бемамонияти фаъолони ҳуқуқи башарро тақозо карданд. Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG