Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба бознигарии ҳукми "Ампаро" даъват кард


Ҳайати кормандони созмони "Ампаро". Акс дар толори додгоҳ, Хуҷанд, 24 октябр
Ҳайати кормандони созмони "Ампаро". Акс дар толори додгоҳ, Хуҷанд, 24 октябр

Дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аз басташавии созмон ҳуқуқшиносони ҷавон нигаронӣ кардааст.

Дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки тасмими қарори боздошта шудани муҷаввизи фаъолияти созмони “Ампаро”-ро бознигарӣ кунад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ сухангӯи ин созмон хабар дод. Ин ниҳоди аврупоӣ менависад, ки бо изҳори нигаронӣ аз тасмими басташавии фаъолияти созмони ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи сарбозону наваскарон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки чунин қарор ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ҷомеаи мустаҳкам ва мустақили шаҳрвандӣ танҳо ба манфиати Тоҷикистон хизмат мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе, 24-уми октябр, додгоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро мамнӯъ донист. Раёсати адлияи Суғд дар додгоҳ гуфт, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишвар дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст. Ба қавли ҷониби даъвогар, аз ҷумла созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст. Илова бар ин, ба гуфтаи ҷониби даъвогар, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд ва ҳамчунин саҳифаи интернетӣ фаъол намуда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо ба табъ расондаанд.

Созмони “Ампаро” ин тасмими додгоҳро “иштибоҳи ҷиддӣ” номида аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи вилоятии Суғд шикоят бурд.

Аз ин пеш, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди қатъи фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- "Ампаро"-ро зарбаи ҷиддӣ ба ҷомеаи мадании Тоҷикистон донистааст. HRW рӯзи 25-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ин қазия рангу бӯйи сиёсӣ дорад. Масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Аврупову Осиёи Марказӣ, Ҳю Уилямсон, бо ишора ба фаъолиятҳои "Ампаро", ки масъалаи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи Артишро пайгирӣ мекард, гуфтааст, "ин ҳукм даҳони кормандони созмонро дар масъалаи муҳиму интиқодӣ баст. Дар масъалаҳои муҳиме, назири шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи даъватшавандагон. Ин қадаме ба қафо дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст."
XS
SM
MD
LG