Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизбҳои сиёсӣ дар Суғд ба дифоъ аз Ампаро бархостанд


Баҳси Ампаро дар додгоҳи Хуҷанд

Баҳси Ампаро дар додгоҳи Хуҷанд

Намояндагии бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Суғд аз раисиҷумҳур хостаанд, барои барқарории фаъолияти Ампаро кумак кунад.

Бахшҳои бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Суғд ҳамроҳи шаш созмони иҷтимоӣ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба қазияи "Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ" ва созмони ҳуқуқшиносони ҷавон Ампаро дар Хуҷанд расидагӣ кунад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи гузашта фаъолияти созмони Ампароро, ки бештар ба масоили ҷавонони синни даъватӣ ба артиш ва ҳуқуқи онҳо машғул буд, қатъ карда, ҳоло парвандаи Маркази ҷомеаи шаҳрвандиро ба баррасӣ гирифтааст.

Намояндагии бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Суғд ва шаш созмони иҷтимоӣ дар муроҷиати худ ба раисиҷумҳур гуфтаанд, фаъолияти ин созмонҳоро “бо баҳонаҳои ночиз”, аз ҷумла ивази суроғи дафтарашон, қатъ мегардонанд, ки "асоси қонуние барои ин кор вуҷуд надорад".

Илҳомҷон Ёқубов, як масъули дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Суғд, ки яке аз муаллифони ин муроҷиатнома аст, гуфт, "бастани Ампаро ва Маркази ҷомеи шаҳрвандӣ имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ поин хоҳад бурд." Ӯ хостори он аст, ки чунин қазияҳои муҳим дар додгоҳ мунсифона баррасӣ шуда, мақомот барои бастани онҳо аз фишор кор нагиранд.

Дар ҳоле ки аз назари Дилбар Самадова, раҳбари сотсиал-демократҳои Суғд, "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" бо роҳандозии барномаҳои баланд бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ва Ампаро бо додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба ҷавонони даъватшаванда ба хидмати ҳарбӣ байни аҳолӣ маъруфият касб кардаанд. Аз байн бурдани онҳо маҳрум кардани сокинон аз чунин имконоти маърифатнокӣ аст."

Зери муроҷиатнома сарони бахшҳои суғдии ҲДТ, ҲНИТ, ҲУСДТ ва ҲСТ имзо гузошта, раҳбарони бахши суғдии ҲХДТ ва ислоҳоти иқтисодӣ худдорӣ кардаанд. Пайдо кардани раҳбарони бахшҳои ҲКТ ва аграрӣ (кишоварзӣ) бинобар дафтари корӣ надоштани онҳо ба муаллифони муроҷиатнома даст надодааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG