Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбаборони Ҳалаб баъди се рӯзи оташбас (ВИДЕО)


Бо шурӯи даргириҳои шадид дар Ҳалаб оташбаси серӯза дар ин шаҳри Сурия ба поён расидааст. Гурӯҳи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 22 октябр эълон кард, ки ҷангандаҳои давлати Сурия ва Русия дубора манотиқи таҳти назорати шӯришиёнро бомбаборон кардаанд.

Чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз ҷанги сард аст.

Давлати Сурия ва Русия аз рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Ҳалаб оташбас эълон карда буданд. Феълан назорати шаҳри Ҳалаб миёни нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти Русия ва шӯришиёни мухолифи давлат тақсим шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ба камияш 250 ҳазор нафар аз ғайринизомиҳо дар маҳалҳои таҳти назорати шӯришиён дар муҳосира қарор гирифтаанд. Ин созмон пештар ибрози умед карда буд, ки дар ҷараёни оташбас захмиҳоро аз шаҳр хориҷ мекунад, аммо ин амалиёт бидуни муваффақият поён ёфт.

Шаҳри Ҳалаб, замоне пойтахти тиҷоратии Сурия, ҳоло ба маркази доғтарини ҷанге табдил шудааст, ки наздики шаш сол боз дар Сурия идома дорад. Қисмати шарқии ин шаҳр, ки таҳти назорати мухолифон аст, аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ пайваста бомбаборон мешавад.

ВИДЕО: Вазъи риққатовари шифохонаи Ҳалаби Сурия

Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремл барои кумак ба артиши Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст.

Ҳафтаи гузашта Зайд ал-Ҳусайн, Комиссари Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар бомбаборони шарқи Ҳалаб, дар муҳосира қарор додани шаҳр ва хисороти ҷонии инсонҳоро "ҷинояти миқёси таърихӣ ва баробар бо ҷиноятҳои ҷанг" номид. Ин мақоми СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ихтилофи назари худро канор гузоранд ва барои таҳқиқи куштори аҳолии Ҳалаб ба Додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунанд.

Русия борҳо гуфтааст, ки бо террористҳо мубориза мебарад ва ба мардуми мулкӣ ҳадафмандона зарба назадааст.

Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷанги тақрибан шашсолаи Сурия на камтар аз 250 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион гуреза шудаанд. Ахиран Башор Асад дар суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда" гуфт, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст. Ӯ гуфт, "чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз ҷанги сард аст".

XS
SM
MD
LG