Пайвандҳои дастрасӣ

Русия қатъномаи Шӯрои амниятро вето гузошт


Русия ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди манъи парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ бар фарози шаҳри Ҳалаби Сурия вето гузошт. Аз ин қатътнома, ки аз сӯи Фаронса омода шуда, аз тарафи Бритониё ва Амрико пуштибонӣ ёфт, 11 аъзои шӯро ҷонибдорӣ карданд. Ду кишвар – Русия ва Венесуэла – ба он райъи мухолиф дода, ду кишвари дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд. Русия узви доимии Шӯрои амянити Созмони Милали Муттаҳид аст ва раъйи муқобили ӯ ба вето баробар аст.

Қабл аз баррасии ин ҳуҷҷат Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, “ҳар кишваре, ки ин қатъномаро рад мекунад, худро дар назари аҳли башар беобрӯ месозад”. Русия тарҳи алтернативии худро дар ин робита пешниҳод кард, ки берун кашидани гурӯҳҳои исломиро аз қисмати шарқии шаҳри Ҳалаб дар назар дошт. Аммо дар Шӯрои амнияти СММ ин тарҳ пуштибонӣ наёфт. 9 кишвар муқобили он раъй дода, 4 кишвар ҷонибдорӣ ва дуи дигар аз додани овоз худдорӣ варзиданд.

Ҷомеаи байналмилалӣ борҳо бомбборони башиддати минтақаҳои аҳолинишин ва беморхонаҳои қисмати шарқии шаҳри Ҳалабро аз сӯи нерӯҳои Русия ва Сурия мавриди танқид қарор дода буд. Дар натиҷаи афзоиши ҳамлаҳои ҳавоӣ қурбониён аз шумори афроди мулкӣ ба шиддат зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG