Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ки сар аз 18 октябр ҳавопаймоҳои ин кишвар бомбаборони шаҳри Ҳалабро қатъ мекунанд. Ӯ гуфт, ки ҳамин амалиёти нерӯҳои ҳавоии Сурия низ дар Ҳалаб мутаваққиф мешавад.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ пеша аз муҳлат, то оғози "сукути башардӯстона", дар таърихи 20 октябр, ки Ситоди кулли Русия эълон кардааст, қатъ шуданд. Ба ин тартиб, ба гуфтаи Шойгу, неруҳои давлатӣ аз Ҳалаб берун мешаванд, то ба шӯришгарон, ки қисмати шарқии шаҳрро таҳти назорат доранд имкон бидиҳанд, Ҳалабро бо силоҳ тарк кунанд. Ин, ба гуфтаи Вазири дифои Русия, амнияти мардумро ҳангоми умбури долонҳои муайяншуда кафолат медиҳад ва ҳамчунин имкон медиҳад, ки захмиҳо ва беморонро аз қисмати шарқии шаҳр берун оваранд.

Пештар аз ин Амрико барномаи Русияро барои оташбаси 8-соата дар Ҳалаб иқдоми дершуда номид. Созмон Милали Муттаҳид гуфт, ки аз ҳама гуна таваққуфи амалҳои ҳарбӣ истиқбол мекунад, аммо барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, оташбаси камаш 48 соата зарур аст.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаҳои ҳавоии Русия болои Ҳалабро, ки дар пайи он мардуми мулкӣ қурбон шудаанд, шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки бомбаборони интихобии бемористону макотиб ва дигар зербиноҳои шаҳр бо истифода аз бомбаҳои хӯшаӣ, бомбаҳои зарфӣ ва силоҳҳои кимиёвӣ, метавонад "ҷинояти ҷанг" шумурда шавад.

XS
SM
MD
LG