Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, 5600 мавриди нафақаҳои қалбакӣ ва ғайриқонуниро ошкор кардаанд. Бо ин вуҷуд, ба мақомот амр шудааст, муборизаро бо чунин нафақаҳо пурзӯр кунанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 26 январ дар нишасти хабариаш гуфт, то имрӯз 10 827 нафар, ё 30 дарсад аз ҷамъи онҳое, ки нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, аз ин нафақа маҳрум карда шудаанд. Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, аз ин шумор 7 046 нафар комилан солим будаанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб аз ҷумла аз Наталя Назаршоева, раиси собиқи раёсати “Тоҷиксодиротбонк” ёдовар шуд, ки тайи 4 сол ҳар моҳ 17 000 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифт: “Ӯ дар 4 сол аз ин ҳисоб 718 000 сомонӣ гирифтааст, ки ҳоло бояд ба давлат баргардонад. Инҳо бо роҳи сохтакорӣ худро ба гуруҳи дувуми маъюбӣ шомил мекунанд, ки аслан корношояманд ва кор карданашон дар вазифаҳои роҳбарӣ мумкин нест.”

Раиси Оҷонсии зиддифасод ҳамчунин аз як мақоми ширкати роҳи оҳан ҳам ёдовар шуд, ки ҳар моҳ 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифт ва дар маҷмӯъ аз ин ҳисоб 72 000 сомонӣ ба даст овардааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, аз ҳисоби гирифтани нафақаҳои маъюбии ғайриқонунӣ ба ҷайби ҳукумат 14 миллиону 718 000 сомонӣ, муодили 2,7 миллион доллар зарар омадааст ва ин миллионҳо сомонӣ зарар расида, ба хазинаи давлат бояд барқарор карда шаванд. "Ин ҳамааш гуноҳи комиссияи тиббӣ ва фондест, ки нафақа таъин мекунад. Ҳатто баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки ду-се сол барои одами фавтида нафақа мегиранд. Инҷо кормандони бонк ҳам гунаҳкор ҳастанд,"-таъкид дошт раиси Оҷонсӣ.

Ҳаққи мӯсафедонро кӣ мехӯрад?

Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 январ баргузор шуд, низ масъалаи нафақаҳои ғайриқонунӣ матраҳ шуда буд. Дар ин ҷаласа зимни баррасии тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумат аз ҷумла амр шудааст, ки «корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида идома дода шавад.» Бино ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар кишвар аллакай 5600 мавриди нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншуда ошкор ва ин нафақаҳо бекор карда шудаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ҷаласаи рӯзи 23 январ ҳисоботи сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, сардори хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 шунида шуд.

Бино бар ин манбаъ, «зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд.»

Аммо зимни таъкид ба зарурати маблағгузории «саривақт ва пурра»-и соҳаҳои дастнигари иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳо, ки бояд имсол боло бурда шаванд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур додааст, то муборизаро бо нафақаҳои ғайриқонунию қалбакӣ идома диҳанд.

Мубориза бо чунин нафақаҳое, ки бо истифода аз фасоду ришва ваё ошнобозӣ муқаррар карда мешаванд, дар Тоҷикистон аз соли 2012 ба ин тараф идома дорад. Сухан бештар дар бораи нафақаҳое меравад, ки пеш аз мӯҳлат ва ба далели ба ягон маризии сахт печидани афрод таъйин мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне аз 8 январи соли 2012 ба вазорати тандурустӣ дастур дода буд, то шароити кору зиндагии маъюбон беҳтар карда шавад. Аз ҷумла аз ҳисоби танзиму таснифи беҳтари рӯйхати чунин нафақахӯрон. Баъди ин вазорат бо Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат ва «Амонатбонк» рӯйхати маъюбонро баршумурда, ба қарор расиданд, ки ин ҳамаро дигарбора аз ташхиси тиббӣ гузаронанд ва маъюбони воқеиву дурӯғинро ҷудо кунанд.

Бино ба гузориши Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб , танҳо дар ин минтақа аз 27 ҳазор маъюби нафақахӯри гурӯҳҳои 2 ва 3 13 ҳазораш ба “рӯйхатти сиёҳ” афтода, додани нафақаи маъюбӣ ба 1256 нафари онҳо боздошта шудаааст. Ҳаққи бознишастагии маъюбӣ барои гурӯҳи 3 аз 100 сомонӣ ва барои гурӯҳи 2 аз 150 сомонӣ сар мешавад.

Дар минтақаи Кӯлоб то ҳол достони раиси собиқи ноҳияҳои Ховалингу Восеъ Султон Валиев вирди забонҳост, ки гуфта мешавад, тайи 12 сол ҳамчун маъюб нафақаи иловагӣ мегирифт.

Шаҳбол Мирзоев

Шаҳбол Мирзоев

Аммо дар ҳоле ки бархе бо роҳҳои фасод барои худ дар ҳаҷми ҳатто то 1000 доллар нафақа таъин мекунанд, барои мисол, раёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷиикистон ба сарбози собиқаш Шаҳбол Мирзоев, ки моҳи марти соли 2014 ҳангоми адои хидмат маъюб шуд, ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақа муқаррар кардааст.

Бино ба охирин омори расмие, ки нашр шуд, дар оғози моҳи январи соли 2015 дар Тоҷикистон 618 900 нафақахӯр ба сар мебарад. Синни нафақа дар ин кишвар барои мардон аз 63-солагӣ ва барои занон аз синни 58 таъин шудааст.

Нафақаи миёна дар Тоҷикистон 230 сомонӣ, чизе бештар аз 40 долларро ташкил медиҳад, ки барои гузарони зиндагии як нафар кофӣ нест. Таъмини зиндагии нафақахӯрон дар ин кишвар бар асоси арзишҳои миллию мазҳабии мардумаш асосан ба дӯши фарзандон меуфтад. Аммо мавридҳое низ ҳаст, ки мардуми нафақахӯр дар таъмини рӯзгори худ манюае ба ҷуз аз ин нафақаи ночизи давлатӣ надоранд.

Амри мубориза бо нафақаҳои қалбакӣ, ки ин бор дар ҷаласаи ҳукумат садо дод, артиши бузурги беш аз 600-ҳазории нафақахӯрони тоҷикро дар ташвиш андохтааст, ки онҳо боз ҳам маҷбур хоҳанд шуд, барои тавҷеҳи ин нафақаи бе он ҳам ночизи худ аз нав худро ба чандин идора бизананду даҳҳо ҳуҷҷати лозиму нолозимро дигарбора ҷамъ биоранд.

Аммо дар маҳофил мегӯянд, нафақаҳои ғайриқонунӣ реша дар фасоду хешу ошнобозӣ - сахттарин маризиҳои ҷомиаи Тоҷикистон - доранд ва то даме ки реша дар об доранд, аз байн бурдани онҳо кори осон нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG