Пайвандҳои дастрасӣ

Нафақаи маъюбии ...раиси ноҳия (ВИДЕО)


Султон Валиев, раиси собиқи ноҳияҳои Ховалингу Восеъ тайи 12 сол нафақаи маъюбӣ мегирифт

Султон Валиев, раиси собиқи ноҳияҳои Ховалингу Восеъ тайи 12 сол нафақаи маъюбӣ мегирифт

Дар ҷараёни маъракаи сабтиноми дигарбораи маъюбон дар минтақаи Кӯлоб додани нафақаи маъюбӣ ба 1256 нафар мутаваққиф шудааст. Гуфта мешавад, баъзе мансабдорон ҳам бар иловаи маош барои худ чунин нафақа дуруст карда буданд.

Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб 13 ҳазор маъюби гурӯҳҳои 2 ва 3-ро сабти ном карда ва 1256 нафари онро аз ҳаққи нафақаи маъюбӣ маҳрум кардааст. Мақомот мегӯянд, ки маъракаи сабти дигарбораи афроди маъюби гурӯҳҳои 2 ва 3 оғоз шудааст.

Бо зиёд шудани афроди маъюби гурӯҳи 2 ва 3 дар Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарореро дар таърихи 1 июн соли 2014 қабул кард, ки бар пояи он маъюбон гурӯҳҳои 2 ва 3 бояд табобат шаванд, то теъдоди вобастагони буҷаи кишвар коҳиш ёбад.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқоти онҳо мавридҳои фаровони сӯиистифода ва фасод дар низоми додани нафақаҳои маъюбӣ ва ҳатто чандин мавриди худро маъюб нишон додани мансабдорони баландпояро ошкор кард.

Сайид Раҳмон, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ки ӯ, ҳатто нафаронеро медонад, ки дар мақомҳои давлатӣ кор карда, бар замми маошашон боз нафақаи маъюбии гурӯҳи 2-юмро гирифтаанд: «Барои мисол, Султон Валӣ вақте раиси ноҳияи Ховалинг буд, худро маъюби гурӯҳи 2-юм гузаронида, ҳам маош мегирифт, ҳам нафақа. Ӯ ҳатто дар парлумон номзад буд, аммо нафақаи маъюбӣ мегирифт. Хулас ӯ дар замони раисиаш 12 сол нафақаи маъюбӣ гирифтааст.»

Аммо баъзе маъюбон мегӯянд, бо он ки онҳо ниёзманди кӯмаки давлатанд, номашон ба рӯйхати сиёҳи мақомот афтодааст. Лашкарӣ, як мӯйсафеди 60-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки маъюби гурӯҳи 2-юм аст, рӯзи 13 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чор моҳ боз ӯ барои барқарор кардани нафақааш “даводав” дорад, аммо ҳеҷ кораш ба итмом намерасад. Ба гуфти бобои Лашкарӣ, ӯ дар воқеъ маъюб аст, аммо дар рӯйхати «сиёҳ»-е афтодааст, ки чор моҳ боз нафақа гирифта наметавонад. Вай афзуд: «Чор моҳ боз барои нафақаи қатъшудаам, дари ҳамаи идораҳоро гашта, ҳуҷҷат омода кардам, аммо онҳо имзо намегузоранд. Ҳарчанд ҳамаи ҳуҷҷатҳоро аз Қарияи боло ва раёсати тандурустии минтақа бо худ овардам, ки дар воқеъ маъюбам.»


Сабти дигарбораи маъюбон танҳо дар заминаи аризаи онҳо имкон дорад, яъне агар шахси маъюб беҳбуд ёфт, мақоми маъюбияш лағв мешавад ва агар вазъаш бадтар шуд, ба зинаи дигари маъюбӣ гузаронда мешавад. Дар рӯйхати «сиёҳ» ғолибан бояд нафароне ҷой мешуданд, ки бо истифода аз ягон «тағо» худро маъюб гузаронида, нафақа мегирифтанд, аммо сабти дигарбора, маъюбони воқеиро ҳам сарсону саргардон кард.

Мақомоти масъул нигарониҳои маъюбонро беасос медонанд. Ба қавли онҳо, ин барнома барои таъмини шаффофият, аз байн бурдани ҳолатҳои беасос гирифтани ҳаққи маъюбӣ, муқаррар намудани гурӯҳи маъюбон ва аз рӯйхат бардоштани маъюбони тақаллубӣ пешбинӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне аз 8 январи соли 2012 ба вазорати тандурустӣ дастур дода буд, то шароити кору зиндагии маъюбон беҳтар карда шавад. Баъди ин вазорат бо Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат ва «Амонатбонк» рӯйхати маъюбонро баршумурда, ба қарор расиданд, ки ин ҳамаро дигарбора аз ташхиси тиббӣ гузаронанд ва маъюбони воқеиву дурӯғинро ҷудо кунанд.

Аммо дар ин рӯйхати «сиёҳ» маъюбоне низ дохил шудаанд, ки ба гуфтаи худашон, дар воқеъ маъюбанд ва саргадонии онҳо барои барқарор кардани нафақаашон дучанд шудааст.

Равшан Пӯлодов, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, аммо гуфт, маърака бо нияти нек ва ба хотири шаффофият дар миёни маъюбон роҳандозӣ шудааст: "Мо ҳолати онҳоро мебинем, ки то чӣ андоза беморӣ доранд. Шояд вазъи бархе аз пешина бадтар шудааст, аммо ба духтур муроҷиат намекунад.”

Бар пояи маълумоти ғайрирасмӣ, роҳандозии ин маърака ба афзудани теъдоди маъюбон дар кишвар рабт дорад, ки бино ба омори расмӣ, теъдоди онҳо аз марзи 150 ҳазор нафар гузаштааст. Гуфта мешавад, ки ин омор боиси нигаронии мақомот буда ва ҳам тахмин меравад, ки теъдоде аз маъюбон дар асл маъюб нестанд, аммо ба хотири нафақаи хуб худро маъюб сабт кардаанд.

Ҷаҳонгир

Ҷаҳонгир

Ҷаҳонгир, як маъюби гурӯҳи дуюм ба Радиои Озодӣ гуфт, шояд дар ин маърака сӯиистифодаҳо ҳам сурат гирифта бошад, аммо ба сурати умум ин иқдом як гуна омӯзиши вазъи воқеии маъюбон ва пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти онҳо аст: “Аз сари нав ман ҳуҷҷат омода карда, аз ташхис гузашта, ба хадамот пешниҳод кардам ва нафақаамро барқарор карданд. Аммо дар ин рӯйхати сиёҳ нафароне дидам, ки воқеъан маъюбанд, вале тайи 5-6 моҳ мешавад, нафақа намегиранд ва барои омода кардани он даводав доранд. Ҳарчанд ин нафақаи кам ҳам бошад, вале барои мардуми камбизоат кӯмак мекунад.»


Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб тибқи омори расмӣ, 27 ҳазор маъюбҳои гурӯҳи 2-юм ва 3-юм сабти ном шудааст. Аз ин шумор 13 ҳазор дар рӯйхати «сиёҳ» афтода, додани нафақаи маъюбӣ ба 1256 нафари онҳо боздошта шудаааст. Ҳаққи бознишастагии маъюбӣ барои гурӯҳи 3 аз 100 сомонӣ ва барои гуруӯҳи 2 аз 150 сомонӣ сар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG