Пайвандҳои дастрасӣ

Рустам Тоштемиров, собиқ сардори муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт бар асоси як ротатсияи кадрӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ дубора - сардори Муассисаи махсуси рақами 3/7 таъин шуд.

Як масъули Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоҷикистон 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ки бар асоси як ротатсия ё тағйироти кадрӣ дар системаи маҳбасҳои Тоҷикистон, Рустам Тоштемиров дубора сардори муассисаи махсуси рақами 3/7 мансуб шуд.

Ба иттилои ин манбаъ, дирӯз, 21 июл маъмурияти муасиссаи ислоҳӣ Рустам Тоштемировро дар ин вазифа мансуб кард. Маҳбаси рақами 7 аслан зиндони махсуси кормандони мақомоти қудратӣ мебошад, ки пас аз маҳкум шудан давраи ҷазоро дар инҷо мегузаронанд.

Дар ибтидо Рустам Тоштемиров сардори маҳбаси рақами аввал буд, аммо пас аз марги Ҳамза Икромзода -- сокини ноҳияи Ҳисор дар ин

маҳбас, аз ҷумла Тоштемиров ба қавли наздикони Икромзода дастандаркори кушта шудани Ҳамза дониста шуд ва дар моҳи сентябри соли гузашта сардори маҳбаси махсуси рақами 7 таъин карда шуд.

Вале пас аз 3 моҳи роҳбарӣ дар ин зиндон, Рустам Тоштемиров аз масъулияти сардори маҳбаси махсус барканор карда шуд ва дар идораи муасисаи ислоҳӣ ба фаъолияташ идома медод. Вале дирӯз дубора вай ба вазифаи раиси зиндони махсуси рақами 7 таъин карда шуд.

Исми Рустам Тоштемиров дар робита бо ҳодисаи марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки пойтахт сентябри порсол расонаӣ шуд. Ба иттиҳоми наздикони Икромзода ва ҳам вакилони дифоъ, Тоштемиров эҳтимолан дар муҷозоти сангини Икромзода нақши муҳим дошт, ки баъдан боиси ҳалокати вай гашт.

Рӯзи 23 май додгоҳ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов танҳо корманди ин зиндонро дар иртикоби ин қазия гунаҳгор ва ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳамон мурофиа гуфта, шуд, ки тафтишоти пешакӣ нисбат ба се ҳамкори ӯ - Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Авғонов - ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Волидони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ки Тоштемиров дар ҳалокати фарзандашон даст дорад.

Волидони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ки Тоштемиров дар ҳалокати фарзандашон даст дорад.

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар шароити мармуз даргузашт. Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, ин зиндонӣ худро ба дор овехтааст, хешовандонаш ба шиканҷаи шадид шудани фарзандашон, ки сабаби марги писар шудааст, пофишорӣ доранд.

Дар пайи расонаӣ шудани ин қазия, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо зиндониҳои маҳбаси рақами як аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва декабри соли 2012 дар расонаҳои хабарӣ наворҳои видеоии осори латукӯби шадиди шоҳидони эҳтимолии марги Икромзода дар зиндон пахш шуд.

Дар ин наворҳои видеоӣ, ки аз ҷониби худи зиндониҳо сабт шуда ба матбуот роҳ ёфтааст, зиндониҳо дар бораи муҷозоти худ барои пахши хабари марги муфоҷои Ҳамза Икромзода нақл мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG