Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои 8 соли зиндон барои гумонбари марги Ҳамза


Наздикони Ҳамза Икромзода.

Наздикони Ҳамза Икромзода.

Айбдоркунанда аз додгоҳ барои Маҳмуд Исмоилов, гумонбари марги Ҳамзаи Икромзода 8 сол ҳукми зиндон хостааст.

Муҳокимаи парвандаи марги Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ҳалок шуд, дар боздоштгоҳи рақами яки пойтахт идома дорад. Файзи Олӣ, вакили мудофеъи хонаводаи Икромзодаҳо ба Озодӣ гуфт, айбдоркунанда рӯзи 23 май аз додгоҳ барои собиқ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов, танҳо мақоме ки дар иртикоби ин қазия ба додгоҳ кашонда шудааст, 8 сол ҳукми зиндон дар маҳбаси низомаш пурзӯр пурсидааст. Тафтишоти пешакӣ нисбат ба се ҳамкори ӯ - Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Авғонов - ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳузури маҳбусон Суннат Ризоев ва Садриддин Тошевро ҳамчун шоҳид дар мурофиа радд кардааст. Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи 23-юми май ба Озодӣ гуфт, дирӯз вақте дар мурофиа ду шоҳиди дигар Давлатёр Қурбонов ва Икром Зикруллоев -- маҳбусони зиндони рақами аввал - бозпурсӣ шуданд, додрас Рустам Мирзоев зикр кард, ки Суннат Ризоев ва Садриддин Тошев ҳамчун шоҳид ба мурофиа оварда намешаванд. Амиралӣ Икромзода афзуд, "Рустам Мирзоев ба мо гуфт, ки расман нома пешниҳод кардааст, ки ҳузури ин ду нафар Суннат Ризоев ва Садриддин Тошев дар мурофиа зарурат надорад, вале сабаби онро шарҳ надод.»

Бародари Ҳамза Икромзода гуфт, модоме, ки шоҳидони аслӣ ба мурофиа оварда нашуданд, волидони Ҳамза ба таври хаттӣ ба додраси Додгоҳ пешниҳод карданд, ки то замони овардани Суннат Ризоев ва Садриддин Тошев аз ширкат дар мурофиа даст мекашанд. Икромзода гуфт, ки имрӯз мурофиа идома дошт, вале онҳо ширкат накарданд.

Аз ин қабл, дар таърихи 21-уми май Файзи Олӣ, вакили мудофеъи хонаводаи Икромзодаҳо гуфта буд, ки ҳоло бозпурсии шоҳидони дигар идома дорад ва ҳанӯз Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев - ду шоҳиди асосиро барои шоҳидӣ додан дар мурофиа аз маҳбаси Хуҷанд наовардаанд. Вакили мудофеъ гуфт, онҳо овардани ин ду шоҳидро дархост кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин дархост пазируфта шудааст ва агар ҳа, оё онҳоро кай хоҳанд овард?


Қаблан гузориш шуда буд, ки дар мурофиаи парвандаи марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбас фавтида буд, маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев ҳамчун шоҳид пурсида мешаванд.

Дар мурофиаи додгоҳие, ки таҳти раҳбарии додрас Рустам Мирзоев ҷараён дорад, Маҳмуд Исмоиловро ,на аз рӯи моддаи "шиканҷа", балки бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3), муҳокима мекунанд. Ин банди қонун аз 5 то 10 сол муҷозот дорад.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки бо иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ дар масба ба сар мебурд, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Наздиконаш бо пахши силсилаи аксҳои ҷасади Икромзода мегӯянд, ки вай дар натиҷаи шиканҷа ва ҳатто сӯзондани танаш бо дарзмол фавтидааст.

Аммо дар моҳи ноябр додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад ба хулосае омада буд, Ҳамза Икромзода худро ба дор овехтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG