Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки марказии ИМА барои ҷилавгирӣ аз раванди пастравӣ ва бӯҳрони амиқтари иқтисоди ин кишвар даст ба тадбири нави, ба истилоҳ, “инқилобӣ” зад.

Аз 10 узви раёсати Бонк 8 нафар аз пешниҳоди то 2,25 дарсад пойин бурдани фоизи баргаҳои қарз дар Амрико пуштибонӣ кардаанд. Ҳамин тавр Бонки марказии ИМА ба хотири муқобила ба идомаи буҳрони бозори вомҳо, дирӯз тасмим гирифт, фоизи баргаҳои қарзро 0,75 дарсад коҳиш диҳад. Ба эътиқоди таҳлилгарон, хатари воқеъие вуҷуд дорад, ки буҳрони бозори вомҳо метавонад иқтисоди Амрикоро ба ҳоли рукуд ва ё пасрафт биёварад.

2,25 дарсад фоизи таъйиншудаи баргаҳои қарз дар 4 соли охир пасттарин будааст. Ва ин бори дуввум аст ки Бонки марказии Амрико якбора баҳраро ба 0,75 дарсад кам мекунад. Ва аз моҳи сентябри соли 2007 ба ин сӯ бори шашум аст, ки раиси Бонки марказии ИМ Бен Бернанке маҷбур шудааст фоизи баҳраи бонкиро поин барад.

Пеш аз эълони коҳиши фоизи баҳраҳои бонкӣ вазири молияи Амрико Ҳенри Полсон вазъи иқтисоди кишварро ҳамчун рӯ ба завол арзёбӣ кард ва аз ҷумла гуфт, мо хеле ба ақиб уфтодем ва иқтисоди кишвар босуръат ба ақиб ҳаракат мекунад. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ахиран изҳор дошт, ки ҳукумат барои мусоидат ба иқтисоди дар ҳоли фурӯравӣ қарордоштаи кишвар, бояд ба рӯи даст гирифтани чораҳои зарурӣ идома диҳад.

Эълон дар бораи тасмими Бонки марказӣ ба хушбинии сармоягузорон каме афзуд ва билофосила боиси ба 420 нуқта боло рафтани нишондиҳандаи асосии бурси Ню Йорк – шохиси Доу Ҷонс шуд. Аммо Бонки марказии Амрико ҳушдор додааст, ки мушкилоти иқтисод ҳанӯз ба поён нарасидааст. Дар баёнияи бонк омадааст ки бозори қоғазҳои қиматбаҳо дар ҳолати ногувор боқӣ мемонад, ва таъсири мусбати тадобири гирифташуда ба иқтисоди Амрико шояд танҳо дар чанд семоҳаи баъдӣ маълум шавад.

Таҳлилгарон коҳиши чашмраси фоизи баҳраро пешгуӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки мушкилоти пешомада ҳокист, ки бӯҳрони иқтисоди аллакай воқеъ шудааст. Аммо онҳо бар ин ақидаанд, ки идомаи поин бурдани фоизи баҳра метавонад сабаби боз ҳам заифтар шудани доллар гардад, ки дар муқоиса ба евро ба поинтарин нишондодаш расидааст ва нархи як евро дирӯз ҳамагӣ 1 доллару 58 сентро ташкил дод. Ин дар навбати худ ба афзоиши қимати нафти хом ва фулузоти қиматбаҳо меоварад.

Назарсанҷиҳои ахир ҳоки аз онанд, ки 76 дарсади амрикоиҳо бовар доранд, ки иқтисоди кишварашон алакай дар коми буҳрон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG