Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: “Мо ба мушкилиҳои кӯтоҳмуддат рӯбарӯ шудаем“


Бонки марказии ИМА дар чаҳорчӯби талошҳои ҷилавгирӣ аз идомаи поинравии иқтисоди кишвар шохиси баҳраро бори дигар поин бурд.

Ин дафъа шохиси баҳраи федеролӣ ним фоиз кам карда шуд ва акнун он дар маҷмӯъ 3 дарсадро такшил медиҳад.
Ҳамин тариқ, шохиси баҳраи федеролии ИМА шурӯъ аз моҳи июни соли 2005 ба сатҳи поинтарини худ расид ва ин поинтарин нишондод дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам маҳсуб мешавад. Нишондодҳои ахир дар бораи вазъи иқтисод ҳокӣ аз онанд, ки дар иқтисоди ИМА поинравии назаррас мушоҳида мешавад.
Маҳсулоти нохолисӣ миллии Амрико дар тули се моҳи ахири соли гузашта ҳамагӣ ба 0,6 дарсад афзошиш ёфт ва маблағгузорӣ ба манзилҳои навбунёд то 24 дарсад коҳиш ёфт ва ин, аз нигоҳи коршинсоон, пастарин нишондод дар 26 соли ахир аст.
Дар муқоиса ба йена, арзи миллии Жопун, доллари ИМА дар мавқеъи пешин боқӣ монд. Бояд гуфт, ки шохиси баҳраи Жопун, ки низ кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон аст, аз шохиси баҳраи федеролии Амрико ҳам поинтар аст.
Раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш баъд аз эълони поинбурди шохиси баҳраи федеролӣ гуфт, ки поинравии иқтисодӣ мушкили муваққатӣ ва кӯтоҳмуддат аст: “Мо ба мушкилиҳои кутоҳмуддат рӯбарӯ шудаем. Дар семоҳаи чаҳорум рушд то ба 0,6 дарсад кунд шуд. Мо нишонаҳои заъфи иқтисодро мушоҳида мекунем ва дар ҳамин ҳол баъзе норавшаниҳо дар иқтисод низ ба назар мерасанд. Аммо дар дарозмуддат шумо бояд ба иқтидори иқтисод боварии комил дошта бошед. Таваррум ночиз, шохиси баҳра паст ва истеҳсолот баланд аст. Иқтисодамон тобовар ва қобили муқовимат мебошад”.

Баъзе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки поин бурдани шохиси баҳра ва чораҳои тақвиятбахшанда ба болоравии қурби доллар ва рушди иқтисоди Амрико мусоидат хоҳанд кард. Яке аз раҳбарони бонки “JP” Морган Кен Ландон гуфт: “Мақомоти кишвар дар ҳоли изтирориву тарс нестанд. Онҳо рӯи иқтисоди воқеъӣ тамаркуз мекунанд ва маҷбур буданд, ки баҳраро поён баранд”.
XS
SM
MD
LG