Пайвандҳои дастрасӣ

Бархеи коршиносон ба сурати якҷониба иқдом кардани Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи истифода ва танзими захоири обиро пешниҳод мекунанд.

Ин коршиносон мегӯянд, дар нишасти моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди ҷалби коршиносони байнулмилалӣ барои таҳияи консепсияи истифодаи муассири оби Осиёи Марказӣ тавофуқ карданд. Ва интизор мерафт ин комисиюн то оғози мавсими имсол натиҷаи кори худро ироа ва ҷонибҳо дар мавриди консепсия ва наҳваи истифодаи захираҳои обӣ тасмим мегирифтанд.

Аммо бо гузашти шаш, моҳ натиҷаи кори ин ҳайати коршиносӣ эълом нашудаст. Ашурбой Имомов, ки дар гузашта ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар музокироти таҳияи Созишномаи иттифоқӣ ширкат кардааст, зимни нашри як мақола пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон бояд ба нируи худаш иқдом ба танзими манобеи об ва сохтмони обанборҳо кунад. Ба гуфтаи оғои Имомов, гузашти ҳар рӯз метавонад, вазъияти ин соҳаро боз ҳам бештар бӯҳронӣ кунад. Оғои Имомов гуфт, Тоҷикистон бояд худаш иқдом кунад ва дигарон бубинанд, ки дар тасмимаш қатъӣ аст он гоҳ сармоягузорон пайдо хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон низ мегуянд, музокироти чанд даъфаина бо мақомоти марбутаи кишварҳои истифодакунандаи об назири Узбакистон ва Қазоғистон натиҷа надода ва онҳо ҳамчунон моил нестанд дар амри мудирият ва наҳваи танзими истифодаи об ва ё сохтмони обанборҳо ҳамкорӣ кунад.

Аммо бархе дигар коршиносон муътақиданд, ки Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ва вазъи гирифтори иқтисодие, ки дорад, қодир нест, ба чунин коре, яъне сохтмони обанборҳо, иқдом кунад. Ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони обанбори Роғун 106 миллион сомонӣ, муодили 30 миллион доллари амрикоӣ, ихтисос дод ва қарор буд, ин сохтмон аз авали январ оғоз шавад. Аммо бо гузашти чор моҳ аз оғози сол ҳамчунон сохтмонип Роғун оғоз нашудааст.

Таҳлилгарон чанд омилро дар ин замина муҳим медонанд, ки боиси оғоз нашудани кори сохтмони Роғун шудааст. Ва муҳимтарини ин ба назари коршиносон мухолифати Узбакистон барои сохтмони ин ниругоҳ мебошад. Ҳамчунин ахиран Маскав низ ба гуфтаи таҳлил гарон дар ҷониби Узбакистон қарор гирифтааст. Узбакистон ва Қазоқистон иддао доранд, ки сохтмони обанбори бузурги Роғун боиси фоҷиаи зистмуҳитӣ биёбоншавии заминҳои корам ва суръат бахшидан ба хушкшави дарёчаи Арал мешавад. Иддаое, ки ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон асос надорад.

XS
SM
MD
LG