Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси консорсиюми обӣ бар зарари кист?


Эълони пуштибонии мақомоти Қирғизистон аз пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Консорсиюми обу энержӣ дар Осиёси марказӣ ба гунаҳои мухталиф дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Суъоли аслӣ ва матраҳ ҳоло ин аст: ин ду кишвари кӯчаки кӯҳистонӣ, ки соҳиби бештар аз 80 дарсади захоири оби Осиёи марказӣ ҳастанд, дар ростои иҷрои ин барнома чӣ иқдоми амалие метавонанд бардоранд.

Масъалаи таъсиси Консорсиюми обӣ дар минтақа бештар аз даҳ сол аст, ки мавриди баҳс қарор гирифтааст, аммо ба далели мухолифати Узбакистон ва Қазоқистон, ки амалӣ шудани ин барномаро ба манфиати худ намедонанд, ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Дар замони шӯравӣ, ки танзмими истифодаи захираҳои обӣ тавассути Маскав сурат мегирифт, ҷамоҳири дигари Осиёи миёна ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар амри нигаҳдории иншоотҳои обӣ, аз ҷумла обанборҳо, масири интиқоли об, сохтани системҳои обрасонӣ ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои табиӣ бар асари обхезиҳо кумак мекарданд, дақиқтараш, ба буҷаи Тоҷикистону Қирғизистон пул пардохт менамуданд.

Коре, ки феълан сурат намегирад. Журналист Қосими Бекмуҳаммад дар посух ба суъоли «Чаро Тоҷикистон ва Қирғизистон талош доранд, ки чунин Консорсиюме сохта шавад?» мегӯяд: «Тамоми ҳазинаи нигаҳдории сарбандҳо, интиқоли об ва иншоотҳои обӣ бар дӯши Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва Узбакистону Қазоқистон бо шароити даврони шӯравӣ обро истифода мекунанд, ҳарчанд феълан чун қабл мусоидате дар нигаҳдории системаи обӣ ё пардохте ҳам намекунанд».

Аммо Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази мутолиъоти минтақавии Тоҷикистон мегӯяд, баъид ба назар мерасад, ки ин ду кишвар бо вуҷуди дар ихтиёр доштани бахши умдаи захираҳои оби минтақа бидуни ҳамоҳангии дигарон ба таъсиси чунин консорсиюме муваффақ шаванд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин ду кишвар сармояи кофӣ дар ихтиёр надоранд ва ҳамчунин дар ин робита ба мухолифати ҳамсояҳо рӯбарӯ мебошанд.

Ӯ афзуд, дар ҳар сурат, об ва ё рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар аксари маворид мунҳасир ба як кишвари хос нест. «Аз ин ҷиҳат, - мегӯяд оқои Искандаров, - дар сурате, ки масрафкунундагони аслии оби минтақа Қазоқистон ва Узбакистон ба таъсиси чунин Консорсиюме моил нестанд, дар ростои амалӣ кардани ин тарҳ чи интихоби дигаре барои Тоҷикистону Қирғизистон боқӣ мемонад?"

Назари Абдуғаффори Камол, коршинси дигари тоҷик, ба ин масъала чунин аст: «Бояд тавассути ниҳодҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ ба ин кор иқдом кард, то Қазоқистон ва Узбакистон ҳам ба ин барнома ҷалб шаванд. Дар акси ҳол ташкили ин косорсиум барои Тоҷикистон ва Қирғизистон харҷи зиёдатӣ хоҳад буд. Чун дар ҷоддаи ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ мешавад, ва танҳо Тоҷикистон дар ин роҳ худро «қурбон» кардааст. Дар ин масъала низ бояд, таҷдиди назар шавад».

Ҳоло ба назар мерасад, ки бо гузашти ҳар рӯз масъалаи танзими истифода аз захоири оби минтақа ба садри дастури кори мақомоти кишварҳои минтақа мебарояд ва доғтар мешавад. Ба назари коршинсон, дар ҳамин росто ба муддати се сол ба таъхир уфтодани сармоягузории сарбанди Роғун қобили арзёбист.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG