Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8-уми август – оғози Олимпиадаи Пекин-2008


Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Саҳифаи аввали барнома ба иди варзишгарон, ки рӯзҳои истироҳат – 9-10-уми август дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, бахшида шудааст.

Маросими кушоиши бузургтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин 8-уми август дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и пойтахти Чин доир хоҳад шуд, ки дар он ҳайъати варзишии Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.

7-уми август боз як варзишгари тоҷик Низом Сангови 25-сола барои ширкат дар Олимпиадаи Пекин ба Чин сафар намуд. Ӯ дар сабқати вазнабардорӣ дар вазни то 69 кг, ки 12-уми август баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Низом Сангов ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Тоҷикистонро дар сабқати гуштии дзюдо аз рӯи барномаи Бозиҳои Олимпии Пекин се нафар паҳлавонони маъруфи кишвар Расул Боқиев дар вазни то 73 кг, Шералӣ Достиев дар вазни то 81 кг ва Неъматуллоҳ Асронқулов дар вазни то 90 кг намояндагӣ хоҳанд кард. Расул Боқиев 11-уми август, Шералӣ Бозоров 12-уми август ва Неъматуллоҳ Асронқулов 13-уми август бо рақибони худ қувваозмоӣ мекунанд. Меҳмони барномаи мо Неъматуллоҳ Асронқулов.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG