Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 варзишгар - намояндаи Тоҷикистон дар Пекин


Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Маросими кушоиши Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 8-уми август дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин - баргузор мешавад.

Саҳифаи аввали барнома ба сафари варзишгарони тоҷик ба Чин бахшида шудааст. Шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгар дар 8 навъи варзиш – бокс, гуштии озод, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва тирандозӣ ҳимоя хоҳанд кард. Инҳо Юсуф Абдусаломов, Виталий Корякин (гуштии озод), Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов (бокс), Дилшод Назаров, Галина Митяева (гурзандозӣ), Алишер Чингизов, Катерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.

Парчами Тоҷикистонро гурзандоз Дилшод Назаров рӯи даст хоҳад дошт. Дар ин маросим, инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.

Дар Бозиҳои Пекин нахуст рӯзи 9-уми август муштзан Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба рақобатҳо шурӯъ мекунанд.

Бино бар ширкати дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё, дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон то 17-уми август танаффус эълон шудааст. Дар саҳифаи дуввуми ин барнома сӯҳбате дорем бо Уроз Турақулов, сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG