Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теюб Азизов: Варзиши тоҷик дар ҳоли рушд аст


Ба ғолибони мусобиқаи байнулмилалии каратэ ҷоизаҳо супорида мешаванд
Ба ғолибони мусобиқаи байнулмилалии каратэ ҷоизаҳо супорида мешаванд

Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш»-и радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Ин ҳафта машъали Бозиҳои олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз қорраи Африқо ба қитъаи Осиё оварда шуд. Дар пойтахти Уммон – шаҳри Маскат, баъдан дар Покистону Ҳиндустон эстафетаи машъали олимпӣ доир гардид. Тайланду Малайзиё низ ба кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо эстафетаи машъали олимпӣ баргузор мешавад.

Дар ҳоле ки то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 моҳҳои башумор мондааст, 7 шаҳр – Бокуи Озарбойҷон, Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Доҳаи Қатар, Мадриди Испониё, Проги Ҷумҳурии Чех, Рио-де-Жанейрои Бразил ва Токиои Ҷопон барои баргузории Олимпиадаи соли 2016 талош мекунанд. Шумораи муддаъиён моҳи июни соли равон то ба панҷ коҳиш дода мешавад. Мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 2-вуми октябри соли 2009 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Копенгаген муайян хоҳад шуд.

Бузургтарин рӯйдоди варзишии ҳафта дар Тоҷикистон нахустин мусобиқаи бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба каратэ кёкушинкай байни мардон буд. Дар ин мусобиқа, ки дар Кохи тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 35 варзишгар аз 8 кишвари қорраҳои Аврупо ва Осиё – Инглистон, Шотландия, Латвия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳамаи вазнҳо аъзои дастаи мизбон – Шӯҳратҷон Давлатов, Валиҷон Мавлонов, Икром Назаров, Шавкатҷон Додобоев ва Зубайд Саъдуллоев - ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Раиси Созмони байналмилалии каратэ кёкушинкай Канчо Теюб Азизов аз сатҳи баланди баргузории аввалин мусобиқаи бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа нишон дод, ки варзиши тоҷик дар ҳоли рушд аст. Бо боварии том метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик аз байни варзишгарони Тоҷикистон дар ин ришта қаҳрамонҳои ҷаҳон ба камол мерасанд ва ман бовар дорам, ки навъи варзиши кёкушинкай каратэ дар Тоҷикистон ҳамчун навъҳои миллӣ маъруфият пайдо хоҳад кард.»

Ба гуфтаи ҷаноби Азизов феълан 54 кишвари ҷаҳон аъзои Созмони байналмилалии каратэ кёкушинкай мебошанд ва дар олам беш аз 15 миллион нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф ба ин навъи варзиш, ки асосгузори он Масутатсу Оямаи ҷопонӣ маҳсуб мешавад, машғуланд. Ин сабки каратэ дар айни ҳол дар Ҷопон, Бразил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглистон, Русия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва кишварҳои дигар рушд ёфтааст. Дар ҳар чаҳор сол сабқати ҷаҳонии каратэ кёкушинкай баргузор мешавад. Мусобиқаи навбатии қаҳрамонии ҷаҳон соли оянда дар Инглистон доир хоҳад шуд.

Ба иттилоъи Ҳикматулло Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ кёкушинкайи Тоҷикистон, ҳоло дар манотиқи мухталифи ин кишвар беш аз 1000 нафар наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш шуғл меварзанд.

Ба андешаи Карим Маҳмудов, раиси Федеросиюни каратэ кёкушинкайи Озарбойҷон, ширкат дар чунин мусобиқаи байналмилалӣ барои варзишгарони ҷавон хеле манфиатбахш аст. Ӯ афзуд: «Бачаҳо дар чунин мусобиқа таҷрибаи бисёр касб мекунанд. Зеро ҳар қадар ки онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ бештар ширкат варзанд, таҷрибаашон ғанӣ мегардад. Мо ба шаҳри Душанбе варзишгарони ҷавонро овардем ва гарчанде ки онҳо аз ҳарифони худ аз дастаи мизбон мағлуб шуданд, ин барояшон як дарси ибрат гардид. Мо аз ҳунари хуби варзишгарони тоҷик хеле мафтун шудем ва онҳо имсол дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон низ маҳорати хуб нишон дода буданд.»

Паулс Аиспурвс, мураббии дастаи Латвия, мегӯяд: «Мусобиқаи хуб ва тамошобоб буд. Вале, афсӯс, ки бачаҳои мо то сабқати ниҳоӣ нарасиданд. Ҳаминро гуфтаниам, ки мо, намояндагони кишварҳои гуногун, халқҳои мухталиф бояд ҳарчи бештар тавассути варзиш дидорбинӣ кунем ва ҳар чи қадаре ки сабқати варзишгарони мо баргузор шавад, ҳамаи мо аз ин бурд хоҳем кард».

Нахустин мусобиқаи бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба каратэ кёкушинкай байни мардон барои дастаҳои ширкатдошта як давраи омодагиҳо ба сабқати ҷаҳониву қитъавӣ ба шумор мерафт.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат хоҳад кард.

Баъди он ки Непал, бинобар вазъи ноороми сиёсии дохили ин кишвар, аз мизбони бозиҳои сабқати гурӯҳи «А» дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё даст кашид, Бангладеш ташаббусро ҷиҳати баргузории ин мусобиқа ба даст гирифт. Вале баъдан ин кишвар низ аз баргузор кардани сабқати гурӯҳӣ дар шаҳри Дакка рӯ тофт. Ҳамин тариқ, то имрӯз макон ва замони баргузории бозиҳои ин гурӯҳ муайян нашудааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаҳрамони футболи Тоҷикистон нахуст бо тими ВАПДА-и Покистон ва баъдан бо тимҳои «Абахан»-и Бангладеш ва «Полис Клаб»-и Непал барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки аз 19-ум то 21-уми сентябри соли 2008 дар яке аз кишварҳои ба марҳалаи ниҳоӣ расида баргузор мешавад, талош хоҳад кард.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG