Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Андалеб" - ҷашнвораи сермасраф


Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ "Андалеб-2008" аз Суғд ба водии Рашт омад.

Шурӯъ аз авохири ҳамин ҳафта 6 ноҳияи водии Рашт дар сабқати ҳунарии "Андалеб-2008" иштирок мекунанд. Масъулин мегӯянд, дар вилояти Суғд дар ин озмуни сартосарӣ 18 ноҳия ширкат доштаанд. Ҳамакнун ба иттилоъи Сафар Шосаидов, масъули вазорати фарҳанг дар пойтахт, навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт, 16 ноҳияи дигар миёни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Дар озмуни "Андалеб"-и имсола дар назар аст, ки дар сартосари кишвар 24 театри халқӣ, 40 театр сутдияҳои мардумӣ, 33 гурӯҳи рақсу тарона, устоҳои кулолӣ, чубтарош, оҳангар, гулдӯз ширкат кунанд ва ҳунари худро дар 47 боғи фарҳангӣ ройгон ба маърази тамошо гузоранд.

Ҳадафи аслии баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Андалеб", ки дар ду сол як бор мегузарад, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад. Ва аммо коршиносон мегӯянд, замони ахир, ин озмун, ки маблағҳои ҳангуфтро аз буҷаи марказӣ ба масал фурӯ мебарад, камтар истеъдодҳоро кашф кардааст.

Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, "Андалеб" як тақлиди бепояи озмуни "Бустон"-и даврони шӯравист. Оқои Иброҳим мегӯяд, баргузории озмуни серхароҷоти "Андалеб-2008" дар кишвар дар мавриде роҳандозӣ шудааст, ки садҳо гектар заминро малах маҳв кардааст, ҳазорон гектар ғаллазор бар асари сардии гӯшношунид беҳосил шудааст ва мардум пешорӯи гуруснагиву фақр қарор дорад ва ҳам дар сар то сари кишвар қувваи барқ нест. Мусоҳиби ман афзуд, дар ин шароити бӯҳронӣ ва изтирорӣ бо ин маблағҳо ҳукумат ҳадди ақалл метавонист театрҳоро тармиму таъмир кунад ва бар маъоши ҳунармандон афзояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулин сари маблағҳои ба озмуни мазбур ҷудо шуда пардаи сиррӣ мезананд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як манбаъ дар сӯҳаби бе микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳар ноҳия барои тамрин, баргузории консерт ва ширкати ҳунармандон дар маъракаҳои "Андалеб" на камтар аз 30.000 доллари армикоӣ харҷ мекунад.

Воқеан ҳам дар ин озмун беш 65 ноҳия ширкат мекунанд ва бо такя бар ин арқом метавон ҳадс зад, ки маблағи танҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ барои Андалеб ҷудошуда ҳудудан 2 млн доллари амрикоиро таъсис медиҳанд.

XS
SM
MD
LG