Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайре дар олами фалак


Зуҳури Давлатманди Хол ба замоне рост омад, ки фалак дар долонҳои ҳукумат ва толорҳои давлатӣ ҳамчун як таронаи шифоҳӣ, суруди авом ва мусиқаи хеле дур аз асолат талаққӣ меёфт ва умдатан сарояндагони чираи кишвар барои аз консерту таҷлилгоҳҳои ҳокимини давр дур намондан, аз ин жанри мусиқаи миллӣ худро канора мегирифтаанд. Ва аммо Давлатманди Хол талошҳо кард, то ба умқи фалак фарояд ва онро ба истилоҳ «Боз бар курсӣ нишонад!». Чаро Давлатманди Хол маҳз думболаи мусиқаи ҷабран фаромӯшшуда ва аз толорҳо рондашударо гирифт? Ин нахустин суолест, ки аз Давлатманди Хол, баъд аз 27 соли набардҳо дар майдони эҳёи фалак ва муаррифии ин жанри мусиқаи миллӣ дода шуд. Ба ҳар ҳол, чаро маҳз фалакро пеша кардед, Устод?

Давлатманди Хол: «Хеле суоли деринтизор аст барои ман. Бовар кунед, ки ман ҳам метонистам тавассути жанрҳои маъмултари мусиқаи давр зудтар дар саҳна муваффақ шавам. Аммо як садои ботин пайваста ба ман мегуфт, ки ҳамин навъи мусиқаро биомӯз ва ба умқи фалак фаро, то онро ба самъи дигарон бирасонӣ! Ман солҳои тӯлонӣ ҷуста - ҷуста ахиран ёфтам сирру асрори фалакро! Ва шодам, ки имрӯз фалак ахиран мақоми асли худро гирифт ва ҳақиқати фарҳанги мусиқии миллӣ барқарор шуд!»

Санъатшиносон мегӯянд, усулан шинохти фалак ва ба гунаву шеваҳои ширинтарин дарки он ва ба гурӯҳи анвоъи мусиқаи миллӣ роҳкушоии он маҳз ба талоши Давлатманд бастагӣ дошт ва маҳз баъд аз оне ки устод Давлатманди Холро дар Ирону Бритониё ва Фаронсаву Олмон ҳамчун мунодии фалак шинохтаанд, муяссар гардид. Ортиқи Қодир, ровии шинохтаи тоҷик мегӯяд, ҳанӯз дар авоили солҳои навади асри пор дар Ирон ин ҳунарманд пас аз сурудани суруди «Дур машав» бо ҳамин унвон, яъне Оқои Дур Машав шӯҳраи форсзабонони ин марзу бум шуда буд. Воқеан, оҳангеро ба ин ғазали орифонаи Мавлавӣ устод Давлатманди Хол дар сабки самоъи сӯфиён бастааст, ки пас аз таронаи нахуст шоир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ нидо дармедиҳад, ки «Ман ҷунуни Мавлавиро дидам!».

Ва аммо бо вуҷуд Давлатманди Хол бар назар аст, ки шинохти фалак дар арсаи байналмилал аз пирӯзии ӯ дар озмуни «виртуоз»-ҳо ё «нобиғаҳои мусиқаи ҷаҳонӣ» шурӯъ шудааст, ки устод бо навозиши оҳанге бо ҷамиъи буғумҳои бадан аъзои ҳакамонро тасхир карда буд.

"- Устод он чигуна озмун буд, кай баргузор гардид ва чигуна дар он дастболо шудед?

- Ин озмуне буд, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар соли 1991 дар Порис баргузор гардид ва дар он аз ҳама кишварҳои олам ҳунармандон ширкат доштанд. Ва аммо дар ин байн танҳо ман будам, ки маро гурӯҳи созиву овозӣ ҳамроҳӣ надошт. Ва замоне ки гурӯҳҳои ҳунарии ҳар мамолик дастаҷамъона оҳанг менавохтанд, ман ҳам гуфтам, ки омодаам, тани танҳо ва аммо бо ҷамиъи буғумҳои бадан гавҳари зарбҳои миллиро муаррифӣ кунам. Барои ин дар назди гардан, бозу, ангуштон, гулӯ ва китфонам 8 микрофон устувор кардан ва ман бо садои дарунии буғумҳо як зарби тоҷикона навохтам, ки аъзои ҳакамон ба ваҷд омаданд ва шоҳҷоиза насиби ман шуд»

Фурқати Саид - ҳунарманди шинохта, сарояндаи «Шашмақом» ва нахустин раҳбари гурӯҳи мақомхонони кумитаи садову симои кишвар мегӯяд, боре ӯро муяссар шудааст, ки ҳамин ҳунари Давлатмандро бо чашми сар бинад ва ҳам бишнавад: «Ростӣ дар як озмун, ки устод бо буғумҳо оҳанг навохт ва ман ҳам он ҷо ҳузур доштам, на танҳо аҳли толор, балки аъзои ҳакамон ва мусиқашиносони ватаниву хориҷӣ дар шигифт монданд! Ман бо боварӣ мегӯям, ки ин ҳунарро ба ҷуз Давлатманди Хол дигар ягон кас надорад!»

Ва аммо тавре ки мегӯянд, «мушк он аст, ки худ бибӯяд!» ва хонандаи сайти интернетии моро лозим аст, ки ба барномаи фарҳангии Ганҷина ташриф биоранд ва аз ин навои буғумҳо бишнаванд. Зеро устод Давлатманд розӣ шуданд, ки навоеро иборат аз садои буғумҳои дасту оринҷ ва гардану қафаси сина, ё ба истилоҳи худи устод оркестри ботини ӯ танҳову танҳо барои шунавандаи барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ бинавозанд.

Соли 2004 барои фалак соли бобарор омад, ки пас аз талошҳои қавӣ ахиран дар кишвар Фестивали фалак баргузор гардид ва фалакро ба расмият шинохтанд. Бо кӯмаки молии бунёди Сорос ва бо ташаббуси инфиродии хонум Ойниҳол Бобоназарова ва Зӯҳро Ҳалимова - кормандони ин бунёд дар Тоҷикистон мактаби тахассусии Давлатманди Хол бо унвони «Мактаби Фалак» ифтитоҳ ёфт. Бо амри ҳукумати кишвар ансамбли давлатии Фалак дар Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фалакхононро шурӯъ аз Дашти Ҷами Кӯлоб то Зарафшону Бадахшон фаро гирифт. Ба иттилоъи мусиқашиносон ин гурӯҳро Давлатманди Хол дар сар то сари кишвар тӯли ду сол дона-дона интихоб карда буд.

"Ва аммо фалак чист? Анвоъи фалак кадоманд?

- Усулан, фалак яктост! Ва тақсимнашаванда аст ва рукнҳои фалак дар мусиқаи мардуми олам мушоҳида мешавад. Бубинед, кадом миллат дард, ғам надорад? фалак дар даст, андӯҳ аст, нола аст ва ҳам шодиву нишоти деринтизорест, ки агар дод нагӯӣ дилгир-нафасгир мегардӣ. Рукнҳои фалак зиёданд, дар кӯҳистони тоҷик-мегӯянд Фалаки Даштӣ, Фалаки Кӯҳӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Шод, Фалаки Шикаста, Фалаки Сарбаста, Фалаки Паррон, Фалаки Омехта, Фалаки Яклухт инҳо танҳо дар ҷануби кишвар ва Бадахшон ҳастанд. Боз дар шимоли кишвар Фалаки Пардагӣ, Фалаки Бепарда ҳаст»

Давлатманди Хол ҳамзамон мунодии Фалак аст ва шохаҳои як дарахти бузурги ин ҳунарро дар саросари олам меҷӯяд. Дар самти фарогирии фалак устод Давлатманд аз рисолаи дуктурӣ кор гирифтааст. Дар ин рисола ӯ собит карданист, ки ҳар мардум дар таркиби фарҳанги мусиқаи худ фалакро нуҳуфтааст.

Ва аммо ба иттилоъи мусиқадонҳо на танҳо садои форам ва дилнишин гавҳари пирӯзии Давлатманди Хол аст. Ин мунодии мусиқаи миллат, ки ба ӯ толорҳои Ландану Порис каф кӯфтаанд, бештар мардумро бо сеҳри навозиш тасхир кардааст. Худи устод мегӯяд, беш аз 100 асбоби мусиқаро комилан аз бар дорад. Устод Ҷӯрабеки Назрӣ, олими маъруф ва сарояндаи шинохта низ ба ин ҳунари Давлатманд қоил аст, ӯ мегӯяд: «Давлатманди Хол тамоми асбоби оламро агар як бор ҷӯр кунад ва як бор машқ кунад метавонад бинавозад! Ин истеъдоди беамсол танҳо насиби ӯст!»

Фурқати Саид, сарояндаи шашмақом мегӯяд, Давлатманди Холро дар маҳофили мусиқадонҳо ҳамчун пайғамбари фалак муаррифӣ доштаанд, на каму на беш: «Ман фикр мекунам, ки сирри садои Давлатманди Хол то ҳанӯз омӯхта нашудааст. Садои устод аз куҷо, аз кадомин садопардаи ботинаш мебарояд, касе намедонад. Ман фикр мекунам, ки садои устод амсоли садои рокхонҳои ҳинду, ки бо усули ёга машқ кардаанд, мебарояд. Садои Давлатманд нодиртарин садо на танҳо дар кишвар, балки дар сар то сари Осиёи Марказист! Давлатманди Хол ба пиндори ман пайғамбари зиндаи садо аст, вале афсӯс, ки мо ба қадри устод, ба қадри ҳунари ӯ намерасем ва аз ин пайғамбари зинда намеомӯзем!»

Ва аммо ҷаҳони фалактасхири Давлатмандро тангназарон борҳо тангтар кардаанд. Ба гуфтаи Фурқати Саид як сол баъд аз таъсиси ансамбли давлатии фалак мавқеъи устодро танг карданд, ки аз пойтахт ба гӯшаи диёри нозанини Шӯроободи худ фирор кард. Ҳамонгуна, ки дар солҳои навади асри 20 барои панҷ сол Давлатманд толори фарҳангро ба саҳнаи кишоварзӣ бадал кард, ғаллакорӣ дошт ва аммо чун аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки бо барномаи консертӣ дар нуқоти доғи кишвар метавонад ба сулҳи комили тоҷикон мувофиқ ояд, тору даф бардошт ва дар Рашту Бадахшону Ҳисору Кӯлоб ҳунарнамоӣ кард.

Давлатманди Хол бар назар аст, ки ҳамакнун замоне расидааст, ки Фалакро бояд тавассути оркестри симфонӣ навохт. Ва аммо барои адворбандӣ ё нотабандии фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, бо кӯмаки Талабшоҳ Сатторов, раиси консерваторияи миллӣ 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст ва аз ин зернотҳои ҷадид дар як ҷаласа бахшида ба Фестивали Фалак дар соли 2004 Аслиддин Низомов, раиси иттиҳоди бастакорони кишвар ҳам ҷонибдорӣ карда буд. Сарояндаи тоҷик тасмим дорад, ҳини сафари хидматӣ ба Порис, ки дар моҳи октябр дар назар аст, ин ишоротро ба конуни байналмилалии мусиқашиносон пешкаш хоҳад кард ва дар сурати қабули онҳо аз сӯи ин конун Фалакро мустамеъ метавонад, дар иҷрои оркестр ҳам бишнавад.
Аз сӯи дигар, Давлатманд дар баробари адабиёти шифоҳӣ осори удабои муосирро ҳамчун устод Лоиқи Шералӣ, Гулрухсор, Бозор ва шуарои клоссикро низ оҳанг баст ва Фалакро фохиру фаррох кард. Камоли Насрулло-муовини раиси иттиҳоди нависандагони кишвар мегӯяд, дар ин самт низ устод чира будааст, ки ироде бар вазну қофия наметавон ба ӯ гирифт.

Ва аммо аз 100 шогирд, 9 фарзанд ва 15 тани дигар аз ансамбли хонаводагии Холовҳо, ки дар макотиби фалаки Давлатманд дар Кӯлобу Душанбе таҳсил доранд, умеди устод бештар ба Лоиқшоҳ, писари кӯчак ва Фаромурз набераи 10- ум аст, ки ба иттилоъи худи Давлатманд маҳз онҳо ҷойгузини абои фалактасхир хоҳанд буд.

Ва аммо чаро то ҳанӯз фалак, ки сайре дар ҷаҳон тавассути Давлатманд дошт, дар Тоҷикистон расман адворбандӣ нашудааст ва умқан омӯхта намешавад? Ҳаводорони фарҳанги мусиқаи миллӣ бар назаранд, барои ҷомаи амал пӯшидани ин ормон бояд ба Давлатманди Хол шароити мусоид фароҳам овард, то ба истилоҳи Фурқати Саид ин нобиғаи давр барои касби маъош пайи тӯйу сӯри мардум набошад ва имкон ёбад, ки ҳамакнун дар синни 55-солагӣ ба ташхису пажӯҳиш ва таъсиси Фалак камар бубандад. Ростӣ, шахсан ман намедонам, ки агар ин корро Давлатманд накунад, пас кӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG