Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Навои Дил" дар Душанбе


Рӯзи 9 феврал дар шаҳри Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳо ба барандагони озмуни санъати мусиқии муосири тоҷик «Навои дил» баргузор мешавад.

Муассиси озмун радиои «Азия плюс» мебошад ва соли дуввум аст, ки таҳти ин ном озмуни мазкурро доир месозад.

Қаблан, ҳамин радио озмуни мазкурро таҳти унвони «Суруди сол» баргузор мекард, вале дар ду соли қабл бо унвони «Суруди сол» Вазорати фарҳанги кишвар як озмуни дигар баргузор намуд ва радиои Азия плюс унвони озмуни худро ба «Навои дил» табдил кард.

Ғолибони озмуни мазкур, ки сарояндагон ва мусиқии беҳтарини соли гузаштаи 2006 мебошад, аз тариқи раъйдиҳии мухлисон ба воситаи телефон ва почтаи электронӣ баранда шудаанд. Мухлисон дар озмуни имсола ҳунари сарояндагон Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё, Ҷурабек Муродов, Дилноз Акрамова, Давлат Назриев, гурӯҳҳои Авасто, Шамс, Вазир ва чанде дигаронро қадр кардаанд.
XS
SM
MD
LG