Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи тоҷик ва крикети ҳинду


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба яке аз дастаҳои фаъоли мусобиқоти осиёӣ табдил ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба яке аз дастаҳои фаъоли мусобиқоти осиёӣ табдил ёфтааст

Оё футболбозони тоҷик бар крикетбозони ҳинду пирӯз мешаванд?

Ягона блоги футбол бо забони тоҷикӣ, мавсум ба ФутболТҶ, матлабе аз лейтенант Мехта (Lt Col (Retd) BMR Mehta), раҳбари бахши иттилооти Федеросюни футболи кулли Ҳиндустон нашр кардааст. Ҷаноби Мехта дар баробари маълумот оид ба футбол дар Ҳиндустон, ҳамчунин шонсҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро дар Ҷоми даъвати Осиё, ки моҳи август дар шаҳри Ҳайдаробод баргузор мешавад, таҳлил кардааст. Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати Осиё дар як гурӯҳ бо Ҳиндустону Туркманистон ва Афғонистон бозӣ мекунад.

Аз англисӣ тарҷумаи Шардул Киннареш Оза

Санаҳои муҳим дар таьрихи футболи Ҳинд

Ҷоми Дуранд, куҳантарин мусобиқаи футболии Ҳиндустон ва Осиё ва саввумин мусобиқа дар ҷаҳон буд, ки соли 1888 оғоз шуд.

Аврупоиҳои мулкӣ, ки дар Калкутта зиндагӣ мекарданд, соли 1874 дастае ба номи «Трейдз» таъсис доданд ва баъдан он исми даста ба «Далҳовсӣ» табдил шуд.

Нахустин пирӯзии дастаи ҳиндӣ бар дастаи англисӣ соли 1911 ба вуқуъ пайваст. Бозигарони «Мохун Баган» бе пойафзол дастаи «Ист Йоркшир»-ро шикаст доданд. Ин бозиро бештар аз 80.000 мухлис тамошо карданд.

Тобистони соли 1937 Федеросюни футболи Ҳиндустон таъсис ёфт. Соли 1948 узви ФИФА шуд.

Дар моҳи марти соли 1951 Ҳиндустон дар Бозиҳои осиёӣ ҷойи якумро гирифт. Бозигарони бе пойафзоли Ҳиндустон бар Индонезия (3-0), Афғонистон (3-0) ва Эрон (1-0) пирӯз шуданд.

Соли 1954 Ҳиндустон яке аз ҳаммуассисони Конфедеросюни футболи Осиё (КФО) гардид.

Соли 1956 дар бозиҳои олимпии Мелбурн мунтахаби олимпии футболи Ҳиндустон ҷойи чаҳорумро гирифт. Дар бозӣ бо Австралия Невил де Соуза се гол зада, аввалин бозигари осиёӣ шуд, ки дар даври ниҳоии бозиҳои олимпӣ хет-трик кард.

Соли 1962 Ҳиндустон дар Бозиҳои осиёӣ барои дуввумин бор дар таърихаш ҷойи якумро гирифт. Соли 1964 медалҳои нуқрагини Ҷоми Осиёро гирифтанд. Соли 1970 дар Бозиҳои Осиёӣ низ Ҳиндустон ҷойи дуюмро гирифт. Соли 1971 ҳамроҳ бо Вйетнам ғолиби Ҷоми «Песта Сукан» дониста шуд.

Соли 1982 нахустин сабқати байнулмилалӣ бо номи Ҷоми Неҳру сар шуд. Ҳиндустон чаҳор бор: солҳои 1982, 1991, 1995 ва 2007 Ҷоми Неҳруро ба даст овардааст.

Соли 2002 Ҳиндустон дар бозии ниҳоии «Ҷоми LG» Вйетнами Ҷанубиро дар майдонаш шикаст дод. Солҳои 1985, 1987 ва 1995 Ҳиндустон ғолиби Ҷоми «SAF» ва солҳои 1993, 1997, 1999 ва 2005 ғолиби ҷоми «SAFF» гардид. Соли 2008 дар ин сабқат ҷойи дуввумро гирифт.

Сабқати дастаҳо

Сабқати каҳрамони барои дастаҳои Ҳиндустон аз мавсими 1996-1997 сар шуд. Сабқате, ки дар дастаҳои беҳтарин бозӣ мекарданд, то мавсими 2006-2007 Лигаи миллии футбол ном дошт. Аз мавсими 2007-2008 ин сабқат касбӣ гардонида шуд ва исмашро ба «I League» иваз кард. Бозиҳо дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мешаванд. Дар мавсими 2008-2009 шумори дастаҳои «I League» ба 12 хоҳад расид.

Тавре қаблан навиштем, мусобиқаи муҳими дигари дастаи Ҷоми Федеросюн аст. Дар ин мусобиқа 16 дастаи беҳтарин аз рӯи низоми олимпӣ иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки теъдоди ширкатдорони ин Ҷом имсол зиёд карда шавад.

Одатан, аз рӯи таърих, Калкутта, Гоа ва Керала марказҳои футболии Ҳиндустон мебошанд.

Крикет ҳануз хам дар Ҳиндустон маъмултарин намуди варзиш аст. Вале Ҷоми Ҷаҳон-2006, Премйер-Лигаи Англия, ЕВРО-2008 ва пирӯзии Ҳиндустон дар Ҷоми Неҳру шумори мухлисони футболро ба маротиб афзуданд. Ҳатто ҳоло дербиҳои «Ист Бенгал» ва «Мохун Баган», ки дар Калкутта баргузор мешаванд, аз 50.000 то як лак бинандаро ҷамъ меорад. Алвидоъи Оливер Кан бо футболи калонро, ки бо бозии «Бавария»-и Мюнхен бо «Мохун Баган» анҷом ёфт, 125.000 нафар тамошо карданд.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Ҳайдаробод

Тоҷикистон нахустин Ҷоми чолишро дар соли 2006 дар Бангладеш соҳиб шудааст. Мунтахабҳои Осиёи Марказӣ маъмулан неруманданд ва наметавон бозӣ бар зидди онҳоро саҳл гирифт. Пирӯзӣ дар Ҷоми чолиш-2008 барои ҳар ду мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро ғолиби ин сабқат ба Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.

Ба ҳар навъ, гурӯҳи А нисбат ба гурӯҳи Б аз дастаҳои қавитар иборат аст. Вале ба ҳар ҳол, он ки Ҳиндустон дар майдони худ бозӣ мекунад, барояш як нерӯи изофи маҳсуб мегардад, вале пирӯзӣ насиби он мунтахабе хоҳад шуд, ки беҳтар бозӣ бикунад.

Дастаҳои Ҳиндустон бо Тоҷикистон. Дар ин маврид маълумоте зери даст нест.

XS
SM
MD
LG