Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе аз берун ба Қонуни дини Тоҷикистон


Феликс Корлӣ
Феликс Корлӣ

Муаллифи чанд матлаб дар бораи ин қонун, сардабири Бунгоҳи хабарии Форуми 18, ки ба масъалаҳои озодии дин дар ҷаҳон сари кор дорад, ба пурсишҳои "Озодӣ" посух дод.

"Озодӣ: Ҷаноби Феликс Корлӣ, Шумо чанде пеш бархе аз нукоти Қонуни нави дин дар Тоҷикистонро шадидан танқид карда будед. Ҳоло хабари имзо шудани онро аз тарафи раисиҷумҳур Раҳмон чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Феликс Корлӣ: "Хабари ин ки раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни хеле ва хеле маҳдудкунандаи динро ба имзо расонд, ба фикрам, бисёре аз ҷомеаҳои динӣ дар дохили Тоҷикистонро такон медиҳад. Онҳо дар моҳу соҳлҳои охир бо фишори афзоянда рӯбарӯ буданд. Инҳо ҷомеаҳои мусулмон, насрониёни протестант, шоҳидони Яҳво ва ғайра, ки тибқи қонуни нав ба маҳдудиятҳои шадидтар гирифтор хоҳанд шуд. Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо аз чанд ҷанбаъи ин тарҳ изҳори нигаорӣ карда буд ва Кумисюни Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи озодии байнулмилалии дин аввали ин ҳафта ҳамчунин як изҳороте нашр кард. Вале ба назар мерасад, президенти Тоҷикистон, Раҳмон, тасмим гирифт, ба назари ҷомеаи байнулмилалӣ эътино накунад ва назари фаъолони ҳуқуқи башару аъзои ҷомеаҳои динии дохили кишварро нордида бигирад ва ба қонуне имзо кунад, ки эҳтимолан шадидтарин қонуни дин дар ин давраи Осиёи Марказист."

"Озодӣ: Ақидае мавҷуд аст, ки чунин қонунҳои маҳдудкунанда нахуст аз Русия сар шуда, мисли як мавҷ ба кишварҳои минтақа рафт. Назари шумо чист?

Феликс Корлӣ: "На, ин аслан ҳақиқат нест. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди душвортар кардани фаъолиятҳои динӣ аз Русия пеш гузаштаанд. Онҳо фаъолиятҳои диниро манбаъи эҳтимолии мухолифат ба ҳукумат медонанд. Ҳамаи ин кишварҳои авторитарӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо аз эҳтимоли фаъолиятҳои муташаккилонае, ки зери назорати ҳукумат набошад, хеле ва хеле асабониянд."

"Озодӣ:
Ба назари шумо эътибори қонун пайдо кардани ин тарҳ бо вуҷуди нигарониҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои Тоҷикистон чӣ пайомад хоҳад дошт?

Феликс Корлӣ: "Ба фикри ман, ин Тоҷикистонро ҳарчӣ бештар аз он бахшҳои ҷомеаи байнулмилалӣ ба дур мебарад, ки бовар доранд, Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА ӯҳдадори мурооти ҳуқуқи башар аст ва ҳамчун узви Созмони Милал бояд ба мардум иҷозаи озодии динро бидиҳад."

"Озодӣ: Хабари дигар ин аст, ки раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асудллоҳзода як биноеро дар маркази шаҳр ба ихтиёри ҷомеаи яҳудиёни пойтахт гузошт, то ба ҳайси каниса аз он истифода кунанд. Пас наметавон гуфт, дар Тоҷикистон фақат яктарафа ба маҳдуд кардани ҳаққи одамон ба фаъолиятҳои динӣ амал мекунад. Тавре мебинем, намунаҳои мусбат низ ҳаст.

Феликс Корлӣ: "Ман фикр мекунам ҳукумат, ҳукумати Тоҷикистон медонад, ки дар бобати каниса сарусадои зиёде ба миён омад. Дар саросари ҷаҳон дар ин бора маводе ба табъ расид ва ба обрӯи мамлакат таъсир кард. Ва шояд онҳо донистанд, ки як ҳусни ният ба ҷомеаи яҳудӣ барои ҳукумат чандон сахт нахоҳад буд. Ва шояд ин ҳам ба назар гирифта шуд, ки президент дар садади имзои як қонуни маҳдудкунанд аст. Аммо ин пурсиш боқӣ мемонад, ки чаро онҳо дар навбати аввал бархилофи назари ҷомеаи яҳудӣ ба тахриби канисаи онҳо иҷоза доданд.

Агар онҳо дарвоқеъ мехостанд, канисаи наве дар маркази Душанбе бунёд кунанд, ё дар ҳақиқат мехостанд, ба ҷомеа бинои ҳамсони дигареро пешниҳод намоянд, чаро аввал ин корро накарданд то сипас ба тахриби каниса даст зананд? Яъне ошкоро нишон дода шуд, ки онҳо метавонанд, моликияти як чомеаи диниро нобуд кунанд.

Як нуктаи ҷолиб дар чунин мавридро аз аз як пайрави баҳоия аз Қирғизистон шунидам, ки ба Тоҷикистон ҳам рабт мегирад. Вай мегуфт, кишвар бо ин қадар мушкилоти зиёде рӯбарӯст ва мо аз зимистони сахте гузаштем, вазъи иқтисодиёт хеле бад аст ва ин қадар одам ҷои кор надорад, ин қадар мардум дар фақр ба сар мебарад, магар ҳукумат ва порлумон кори дигар надоранд, ки ба таҳия ва қабули қонуни маҳдудкунандаи дин машғуланд. Оё беҳтар нест, онҳо бо мушкилоти ҳақиқии мардум расидагӣ кунанд, ба хусус дар иқтисодиёт ва ёфтани ҷои кор?"
XS
SM
MD
LG