Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни озодии дини ИМА дар мавриди тарҳи нави “Қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои мазҳабӣ”-и Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин бора дар баёнияи катбии ин созмон, ки ба тозагӣ дар саҳифаи интернетии он интишор шудааст, зикр мешавад. Дар баёния, аз ҷумла, омадааст, ки раисҷумҳурӣ Э. Раҳмон мехоҳад санадеро ба имзо расонад, ки бо уҳдадориҳои байнулмилалии ин кишвар мухолифат мекунад.

Дар авоили моҳи марти соли ҷорӣ Порлумони Тоҷикистон ин қонунро ба тасвиб расонда, барои имзо ба сарвари кишвар ироъа кардааст, гуфта мешавад дар баёния. Муаллифони санад ҳушдор медиҳанд, ки, агар қонун аз ҷониби Раҳмон имзо шавад, ин бархӯрди сахтгиронаи ҳукуматро нисбати аҳолии аксар мусалмони ин кишвар расмӣ мегардонад, чунки тарҳи пешниҳодшуда басташавии садҳо масоҷид ва ҷоришавии маҳдудиятҳо дар таҳсили диниро дар назар дорад.

Дар эъломияи мазкур инчунин омадааст, ки ин қонун назорати ҳукумат аз адабиёти диниро тақвият дода, ҳуқуқи диндоронро маҳдуд хоҳад кард ва давлат имкон пайдо мекунад иттиҳодияҳои диниро муҳкамтар идора намояд.

Фелис Геа, раиси кумисиюни озодии дини ИМА, бар ин ақидааст, ки тасвиби қонуни поймолкунандаи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бетаваҷҷуҳ нахоҳад монд. Хонум Геа ҳамчунин гуфт, ки дар мавриди озодии дин дар Тоҷикистон як манзараи бисёр дилгиркунанда ба назар мерасад ва қабули ин тарҳ метавонад сабаби ҷиддан маҳдудшавии озодии дин дар он кишвар шавад. раисиҷумҳурии Тоҷикистон, афзуд ӯ, бояд уҳдадориҳои байнулмилаиеро, ки кишвараш ба зимма гирифтааст, ҳамеша дар ёд дошта бошад.

Ф. Геа қайд намуд, ки кумисиюни зери раҳбариаш феълан ба омӯзиши дақиқи вазъи Тоҷикистон машғул аст ва ҳоло тасмим хоҳад гирифт, ки ин давлатро ба “феҳристи назорат” дохил кардан зарур аст ё хайр.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъйиди кумисиюни мазкур, Тоҷикистон созишномаи байнулмилалии СММ дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро имзо карда буд ва инчунин узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мебошад ва ин узвият уҳдадориҳои мушаххас дар масоили озодии динро пешбинӣ мекунад.

Дар баёния ҳамчунин таъкид шудааст ки ишора ба он ки мазҳаби суннии “ҳанафия” дар рушди Тоҷикистон нақши вижа мебозад, аҳаммияти ақаллияти пайравони исмоилияро, ки дар Бадахшони куҳӣ ба сар мебаранд, коҳиш медиҳад. Ҳамзамон дар ин эъломия басташавии калисои “Шоҳидони Яҳво”, калисои кореягии “Сонмин”, тахриби канисои яҳудӣ ва манъи пӯшидани ҳиҷоб дар муасисоти таълимотии Тоҷикистон зикр шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG