Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик то имрӯз ба Олимпиадаи Пекин-2008 6 роҳхат ба даст овардаанд.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ , аз ҷумла, гуфт: «Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд соҳиби 3 мадал ва 2 роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид. Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва аз байни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхати олимпӣ шуд. Сипас ӯ дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ок-Сунгро мағлуб намуда, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило сарфароз шуд. Муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг ба финал баромад ва ҳамчунин роҳхати олимпӣ ба даст овард. Баъдан ӯ дар рақобати ниҳоӣ бар Занг Хиаопинг аз Чин ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило мукофотонида шуд».
Ҷаноби Раҷабалиев инчунин иброз дошт, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба он кишварҳое, ки хеле кам роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд, аз рӯи квота дар риштаҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ду-се роҳхат медиҳад. Бинобар ин бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпӣ ва Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон аз рӯи квота як роҳхат ба Олимпиадаи Пекин ба намояндаи варзиши сабук Галина Митяева дода шуд, ки ӯ дар сабқати занон оид ба гурзандозӣ ё партоби чакуш ширкат хоҳад кард.
Ҷаноби Раҷабалиев ёдовар шуд, ки қабл аз гурзандоз Галина Митяева муштзанҳо Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, соли гузашта гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонон Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо ва Юсуф Абдусаломов дар навъи гуштии озод соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.
Ба таъйиди раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ва сарпарасти кулли кумитаи миллии олимпии кишвар - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Таком», ки ҳамчун ширкати мобилии «Beeline» маъруф аст, 360 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки вале то ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағи ҷавоизи барандагони Бозиҳои олимпии соли 2008 аз Тоҷикистон эълом нашудааст.
Ба гуфтаи оқои Раҷабалиев, варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки боз аз рӯи гуштии дзюдо, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, бокс ва тирандозӣ роҳхатҳои олимпӣ ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG