Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони сабқати теннис бахшида ба Рӯзи пойтахт


Мусобиқаи байналмилалии ҳаваскорони теннис миёни мардон, ки рӯзҳои 16-ум ва 17-уми апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бо пирӯзии Муродалӣ Саъдуллоев, соҳибкори душанбегӣ, поён ёфт.

Мансур Яҳёев, сардовари ин мусобиқа, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 25 теннисбоз аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон (Русия, Чин, Ҳиндустон), созмонҳою ширкатҳои байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорон ширкат карданд.

Соҳибкор Муродалӣ Саъдуллоев дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ҳампешаи худ Сироҷиддин Қурбонов, аз вилояти Суғд, бо ҳисоби 6:3, 6:3 пирӯз шуд ва мақоми аввалро касб кард. Рақиби ӯ дуввум шуд.

Муқим Ҳамидов, корманди идораи андози вилояти Суғд, ва Шоҳин Саидов, соҳибкори душанбегӣ, ҷойҳои саввумро азони худ карданд.

Ғолиби ин мусобиқа бо Ҷоми раиси шаҳри Душанбе ва медали тилло сарфароз гашт. Барандагони ҷойҳои дуввуму саввум бо медалҳои нуқраю биринҷӣ ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG