Пайвандҳои дастрасӣ

"Помир"-ро дар Хоруғ эҳё карданд


Масъулини Кумитаи варзиши вилояти Суғд изҳор доштанд, ки имсол бори аввал аз Бадахшон дар лигаи якуми футболи кишвар дастае бо номи «Помир-Хоруғ» бозӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи муассис ва раҳбари дастаи мазкур, одситони вилоят Рашид Гулмадшоев, дар чанд соли ахир теъдоди ҷавононе, ки дар беҳтарин дастаҳои футболи кишвар ва хориҷа бозӣ мекунанд, рӯ ба афзоиш овардааст ва ин дар ҳоле, ки дар ҳудуди вилоят ягон дастаи касбии футбол амал намекард. Бештари ин ҷавонон, ки ба футболи калон роҳ ёфтаанд, ба дунболи тӯби футбол руи раҳи мошингард ва гандумзорҳо давидаанд. Рашид Гулмадшоев гуфт, ки дар давоми як сол беҳтарин футболбозони минтақаро гирди ҳам овардааст ва акнун барои боло бурдани маҳорати касбияшон онҳоро ба шаҳри Душанбе мефиристад.

Ҷаноби Гулмадшоев гуфт, ки ӯ ҳамчунин раҳбарии як дастаи дигар: Саройкамари ноҳияи Панҷро бар дӯш дорад. Пас аз додситони Бадахшон таъин шуданаш ӯ хостааст, ки аз раҳбарии Саройкамар даст кашад, аммо аъзои ин даста аз ин тасмими ӯ пуштибонӣ накардаанд, ва акнун ӯ раҳбарии ду дастаро бар дӯш дорад.

Ба гуфтаи Рашид Гулмадшоев, расондани кумаки моддиву фаннӣ ба дастаи «Помир-Хоруғ»-ро Бунёди Оғохон ва чанд соҳибкори маҳаллӣ бар уҳда гирифтаанд. Ӯ гуфт, ба ҳайси сармураббӣ яке аз футболбозони маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Алиёр Ашӯрмамадовро даъват намудааст.

XS
SM
MD
LG