Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбасти хунини Лубнон


Марзи маҳаллаҳои шиъанишин ва масеҳӣ дар Лубнон.
Марзи маҳаллаҳои шиъанишин ва масеҳӣ дар Лубнон.
Кӯчаҳои маҳаллаи Мар Михаили Бейрут баъд аз задурхӯрди нирӯҳои интизомии Лубнон ва мухолифони давлат пур аз лошаи мошинҳои сӯхта, партовқуттиҳои сарнагун, сангу чӯбу оҳанпора, вале камодам ва сокитанд. Ҳукумат бо сабаби ҳалокати ҳашт нафар дар ин беназмиҳо душанберо рӯзи мотам эълон кардааст.

Дар ҳоле ки маросими дафни кушташудагон сабаби таҷаммӯъи аҳолӣ мегардад, барои пешгирӣ аз хушунатҳои нав нирӯҳои изофа кӯчаву хиёбонҳоро назорат мекунанд.

Даргириҳо зимни эътирозҳо аз қатъи интиқоли неруи барқ ба ин маҳаллҳи шаҳр шурӯъ шудаанд, аммо ҳукумат мегӯяд, ин як тавтеъаи мухолифони тарафдори Сурия аст барои ба ҳам задани эътидол дар Лубнон. Гап дар сари ин ки маҳаллаи Мар Михаил дар ҷануби Бейрут шиъанишин аст ва дар давраи ҷанги шаҳрвандии Лубнон яке аз оғозгоҳҳо ва саҳнаҳои ҷанг будааст.

Ин марзи миёни масеҳиён ва мусулмонони шиъа буд, ки аломатгузории он сабаби забона задани ҷанг гардид. Ҳоло Мар Михаил дар зери назорати Ҳизбуллоҳи Лубнон аст ва ба ҳамин сабаб раҳбари маҳаллаи масеҳинишини ҳамсоя Самир Гига дар бесомониҳои ахир Сурия ва Эронро айбдор мекунад. Вале мухолифон мегӯяд, ин даргирӣ баҳонае буд барои намоиши мушти сангини ҳукумат, то оппозисюни суриягаро талаби қудратро дар ҳукумат нармтар кунад.

Ба ҳар сурат даргирии ахир, ки ҳашт кушта ва беш аз 30 захмӣ ба ҷой гузошт, дар ҳоле ба амал омад, ки Лубнон гирифтори ҷиддитарин бунбаст аз давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1975 ва 1990 аст. Аввалин бор бо истеъфои Эмил Лаҳуд дар 23-юми ноябри соли гузашта курсии президент холист ва баҳси тақсими қудрат идома дорад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои араб дар Қоҳира талош доранд, як барномаи сулҳи пойдори Лубнонро дар миён гузоранд. Вале тарҳи тақсими қудрат дар миёни ҳукумати ғарбгарои сарвазир Фуъод Синиора ҳамчун намояндаи аксарияти зидди нуфузи Сурия, Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчун тарафи дигар низоъ ва гурӯҳҳои бетараф аз ҷониби онҳо пазируфта нашудааст. Тарафҳо дар пайи эҷоди таносубе ҳастанд, ки ба манфиати худи онҳо бошад.

Сарвазир Синиора за мардуми Лубнон даъват кард, ба таҳрикҳо дода нашаванд ва натиҷаҳои таҳқиқи ҳодисаи ахирро интизор бошанд. Полис мегӯяд, бар изофаи сангу чӯб аз суфуфи мухолифон ҳамчнуин тирандозӣ сурат гирифт, ки сабаби ба хун кашида шудани тазоҳурот гардид. Артиш мегӯяд, сарбозон ба ҳаво тир кушодаанд ва маълум нест, чигуна тазҳоркунандагон ба қатл расидаанд.

Охирин ташреҳи ҳукумат ин аст, ки дарвоқеъ тазоҳурот зимни ҷорӣ шудани маҳдудияти неруи барқ ба амал омад, вале гурӯҳҳи сиёсӣ хостанд, аз ин тазоҳурот ба манфиати худ истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG