Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнон зери оташи тӯпу туфанг


Задухӯрдҳо рӯзи якшанбе, 20 май, вақте оғоз ёфт, ки нирӯҳои артиш ба амалиёти боздошти ҷангиёни муттаҳам ба ғорати як бонк дар минтақа пардохтанд. Аллакай то поёни ҳамон рӯзи аввали даргириҳо беш аз 45 нафар кушта шуданд.

Чунин дубора ба хушунат печидани вазъи Лубнон, ки шоҳиди пурқурбонитарин даргириҳои дохилӣ аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1975-1990 шудааст, бахши бузурге аз мардуми кишварро ба ҳоли яъсу навмедӣ афкандааст. Фодӣ, як сокини Бейрут мегӯяд:

"Дидани ин ҳама чизе, ки бо кишвари ман рух медиҳад, маро ба фарёд мекашад. Ҳайф! Худованд ба ин кишвар зебоии бемислу монандеро ато кардааст. Ин зеботарин кишвари ҷаҳон аст. Сад ҳайф! Ин мардум чӣ кор мекунанд? Онҳо дар бораи сифоти беҳамтое, ки Худованд ба ин кишвар додааст, аслан фикр намекунанд."

Рӯзи душанбе, 21 май, нирӯҳои артиш ҳалқаи муҳосираи урдугоҳи паноҳандагонро тангтар карда, аз оташи тӯпхонаҳо ҳам истифода бурдаанд, ки назар ба гузоришҳои расида, мунҷар ба ҳалокати бештари афроди мулкӣ шудааст. Хушунатҳои ахир зарбаи дигаре ба Лубнон аст, ки аллакай ба маҳзи ихтилофоти назар байни давлати рӯ ба Ғарби кишвар ва мухолифини таҳти раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар вартаи як бӯҳрони шадиди сиёсӣ қарор дошт.

Мақомоти Лубнон Сурияро муттаҳам мекунанд, ки аз нирӯи Фатҳ-ул-Ислом бо ҳадафи тахриби ин кишвар истифода мекунад. Сарвазири Лубнон Аҳмад Фатфат гуфт, ҳадафи хушунатҳои ахир эҷоди мавонеъ барои СММ дар роҳи ташкили додгоҳи байналмилалии афроди муттаҳам ба қатли сарвазири пешини Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ буд. Таҳқиқоти СММ Сурия ва мансабдорони лубнонии рӯ ба Сурияро дар сӯиқасд ба ҷони Ҳарирӣ шарик дарёфта буд. Вале Димишқ ҳар навъ даст доштанаш дар ин амалро радд мекунад. Дар ҳафтаи гузашта Амрико ва Фаронсаву Бритониё тарҳи нави қатъномаи СММ дар бораи ташкили бечунунчарои додгоҳи байналмилалии қотилони Рафиқ Ҳаририро омода карданд.

Надим Шиҳодӣ, таҳлилгари лубнонитабор аз Чатем Ҳауз, пажӯҳишгоҳи подшоҳии равобити байналмилалии Бритониё, мӯътақид аст, ки бурузи хушунатҳои ахир дар Лубнон як иқдоми ҳисобшуда буд.

"Ин гурӯҳест, ки вориди Лубнон шудааст. Бино бар иддаои Созмони озодибахши Фаластин, онҳо аз Сурия ворид шуда, гурӯҳест, ки аз баданаи як гурӯҳи дигар, ки низ таҳти назорати Сурия қарор дошта, вале аз сӯи аксари гурӯҳҳои фаластинӣ дар Лубнон эътироф намешавад, ҷудо шудааст. Ва дирӯз шурӯъ шудани даргириҳо ба замоне дуруст меояд, ки Шӯрои Амният ба баррасии масъалаи додгоҳи байналмилалӣ пардохтааст."

Бино ба гузоришҳо, Шокир Абсӣ, раҳбари Фатҳ-ул-Ислом то соли гузашта дар Сурия зиндонӣ будаааст. Ӯро бо ҷурми қатли як дипломати амрикоӣ дар Урдун низ дар ғайбаш ба қатл маҳкум кардаанд. Абу Мусаби Зарқавӣ, раҳбари соли гузашта кушташудаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида, низ барои ҳамин куштор дар зодгоҳаш –Урдун ҳукми қатл гирифта буд.

Аммо Надим Шиҳодӣ мегӯяд, пайдо кардани далоиле, ки ба иртиботи мустақим байни Фатҳ-ул-Ислом ва шабакаи ал-Қоида ишора кунанд, сахт аст, вале, ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ фақат аз фаластиниҳо иборат набуда, афродеро ҳам дар бар мегирад, ки қаблан дар Ироқ меҷангиданд.

Феълан, дар Лубнон ҳудуди 400 000 паноҳандаи фаластинӣ ба сар мебаранд. Ҳамаи гурӯҳҳои фаластинии фаъол дар Лубнон Фатҳ-ул-Исломро маҳкум кардаанд. Ҳизбуллоҳ, умдатарин ташаккули ҷонибдори Сурия дар Лубнон низ худро аз ин гурӯҳ ҷудо нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG