Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF: Атфоли Лубнон ба об ниёз доранд


Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ мегӯяд, кӯдакони лубнонӣ ҳамоно бо мушкили камбуди об ва дигар маводи зарурӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Саймон Инграм, як масъули ин созмон, ки дар шаҳри Сур, воқеъ дар ҷануби Лубнон қарор дорад, мегӯяд, кӯдакони лубнонӣ, бахусус дар миқдори зиёди об ниёз доранд ва ЮНИСЕФ феълан талош дорад, дар чанд манотиқ захирагоҳҳои оби ошомиданиро таъсис диҳад. Дар деҳаи Ал Хиём, ки бар асари бомббори моҳи гузашта шадидан тахриб дидааст, алакай ду чунин захирагоҳи оби пок бунёд шудааст. Дар айни ҳол, ин бунёд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари имдодрасон дар фикри барқарории равонии кӯдакони бар асари ҷанг осебдида мебошад. Бахши муҳими кори ин созмонҳо ба атфоле бахшида мешавад, ки баъди бозгашт ба макони зисти худ, бо хароботу вайрониҳо рӯбарӯ шуданд. Созмонҳои имдодрасон дар фикри барқарории билофосилаи варзишгоҳҳову мактабҳо ҳастанд, мегӯяд ЮНИСЕФ. Созмони мазкур мегӯяд, феълан ба ҳукумати Лубнон кӯмак мекунад, то ки 350 ҳазор тифли ин кишвар дар аввалҳои моҳи октябр ба мактабҳо бо дафтару китоб ва дигар маводи зарурии таҳсил равона шаванд.

Ва дар идомаи хабарҳо:

Сокинони қораи Осиё на танҳо ба ҷойҳои корӣ, балки ба ҷойҳои шоистаи корӣ ниёз доранд, то ки мардум аз фақру нодорӣ раҳо ёфта ҳуқуқи кории онҳо ҳамаҷониба ҳимоят шавад. Чунин буд паёми аслии ҳукуматҳо, соҳибкорон ва дигар гурӯҳҳои корие, ки дар ҳамоиши чаҳордаҳуми Осиё дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ гирди ҳам омадаанд. Ин ҳамоишро Созмони ҷаҳонии кор ташкил карда, кормандони давлативу аъзои ҳукумат, фаъолони созмонҳои ҷамъиятии чиҳил кишвари дунёро барои баррасии роҳҳои коҳиши бекорӣ ҷалб кардааст. Дар изҳороти оқои Ҳуан Сомавия, раиси кулли ин созмон омадааст, ки бо сабаби беҳбудёбии вазъи иқтисодии қораи Осиё, аз соли 1990 то имрӯз бахши мардуме, ки рӯзона бо 1 доллар зиндагӣ мекард, то 600 миллион нафар коҳиш ёфтаанд. Аммо бо вуҷуди ин, 1 миллиарду 900 миллион нафар ҳанӯз ҳам рӯзона бо маблағи камтар аз 2 доллар дар рӯз ба сар мебаранд. Аз ин шумор, ҳудудан чаҳор миллион нафарашон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва бахши нодори ҷомеаи ин кишварро ташкил медиҳанд. Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ки то соли 2015 мебояд ҳудудан 250 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил шавад ва эҳтиёҷоти қораи Осиёро бароварда кунад.



Дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон, акнун забони англисиро як омӯзгори амрикойӣ таълим хоҳад дод. Ахиран дар ин замина миёни сафорати Амрико дар Душанбе ва масъулини донишгоҳи Хуҷанд созишномае ба имзо расид. Хонум Мишел Баррингтон, як масъули барномаҳои забономӯзии Вазорати умури хориҷаи ИМА, қарор аст корро дар донишгоҳ аз соли нави хониш шурӯъ кунад ва дар шеваи таълими забон ва роҳи омӯзиши билофосилаи он тағйироте ҷорӣ кунад. Тавре гуфта мешавад, ин таҷрибаи бесобиқа будааст



Баробар бо донишгоҳи Хуҷанд, дар Тоҷикистон ҳудудан сею ним ҳазор мактаби ҳамагониву даҳҳо мактабҳои вижаи миёна ва донишгоҳҳои кишвар рӯзи якуми сентябр дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз хоҳанд кард. Тибқи иттилои расмӣ, имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 24 мактаби нави ҳамагонӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст, ин мактабҳо ғолибан дар вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд.
Баробар бо шурӯи нави соли хониш, Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки чанд номгӯи адабиёти дарсиро аз фаннҳои забони тоҷикиву русӣ, кимиёву алгебра, асосҳои компютерро барои хонандаҳои синфҳои болоӣ ба нашр расондаанд, аммо бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳам ҳудудан 80 навъи адабиёти дигари дарсӣ дар интизори чоп қарор доранд. Дар миёни онҳо, асосан теъдоди дастури омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мисли забони фаронсавӣ, арабӣ ва олмонӣ нокофӣ будаанд.



Як сафҳаи нави интернетӣ эълом кардааст, ки ба ҳаводорони созу мусиқӣ ба таври ройгон сабт кардани мусиқиву оҳангро иҷоза хоҳад дод, аммо қабл аз он муштарӣ бояд як пораи таблиғоти видеоиро тамошо кунад. Сафҳаи интернетии SpiralFrog, воқеъ дар Ню Йорк бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки ният дорад, чунин хизматрасониро соли ҷорӣ роҳандозӣ кунад. Барои шурӯи чунин як барнома, ин ширкат иҷозаи ширкати Universal Music Group-ро дарёфт кардааст. Нозирони санъати мусиқӣ мегӯянд, ки хадамоти нав ба ширкати маъруфи Apple Computer's iTunes дар ҳоли рақобат хоҳад буд, чун ин созмон 99 дар сад ҳақи сабти оҳангҳоро тавассути интернет дар ихтиёри худ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG