Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва "шаҳрошӯб"-и бозори ҷаҳонӣ


Шигифтзадагӣ дар бозори бурси Токио.
Шигифтзадагӣ дар бозори бурси Токио.

Бархе бар инанд, ки бӯҳрони молии ҷаҳон дари тоҷиконро ҳаргиз нахоҳад кӯфт, бархе мегӯянд, дертар, аммо сахттар.

Барои то андозае фаҳмидани онки чаро дар атрофи иқтисоди Иёлоти Муттаҳида шаҳрошӯбе бархоста, арзиши саҳмияҳо дар бозорҳои байнулмилал босуръат поён меафтад, бояд нахуст ба истилоҳи "recession" ё пасрафт таваҷҷӯҳ кард.

Бунгоҳи Миллии Мутолиъоти Иқтисодии Амрико (NBER), пажӯҳишгоҳи ғайритиҷоратие бо таърихи қариб 90-сола, пасрафтро "коҳиши беш аз чандинмоҳаи ҷиддии фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ҳамаи риштаҳо" меномад, ки одатан аз нишондиҳандаҳое монанди даромади нохолиси миллӣ, шуғл, музд ва тавлидоти санъатӣ намудор мешавад.

Сармоягузории бе ин ҳам ками хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт...
Пасрафт дар иқтисодиёти Амрико зимни пайвандҳои хеле зиёду пурпечи он бо кишварҳои ҷаҳон, метавонад, хеле ба зудӣ, гоҳе ҳатто фавран ба вазъи иқтисодӣ дар ин мамолик таъсир гузорад. Вале ҳанӯз чунин пасрафт шурӯъ нашудааст, мегӯянд, бархе аз иқтисодшиносон, аммо бархи дигар мегӯянд, кайҳост ҷаҳон ба авҷи он расидааст. Доктор Фаридуни Хованд, иқтисодшинос ва устоди донишгоҳ дар Порис сабаби асосии вазъи феълиро ингуна шарҳ медиҳад: "Бонкҳои Амрико ба як таври бемасъулият вомҳои бузург ба хонаводаҳое доданд, ки тавони бозпардохти ин вомҳоро надоштанд. Асноду вомбаргҳои ин қарзҳо зимни додустиадҳои бонкӣ ба дасти бисёре аз бонкҳои урупоӣ, чиноӣ ва жонупӣ мунтақил шуд. Акнун ин бонкҳо ҳам даргири ин масъала шудаанд."

Ҷаноби Хованд ҳамчунин коҳиши масраф дар Амрико ва афзоиши бесобиқаи қимати нафтро ду сабаби дигари пасрафти иқтисоди Иёлоти Муттаҳида медонад. Кам шудани хоҳиш ва тавони харидории амрикоиён, ки аз масрафкунандагони асосии ҷаҳон ба шумор мерафтанд, сеяки моли барои онҳо тавлидшударо дар анбору рафи фурӯшгоҳҳо боқӣ гузошт ва нархи баланди нафт ба афзоиши харҷ ва дар пай баланд шудани қиматҳо сабаб гашт.

Аммо ҳам доктор Хованд ва ҳам коршиносони дигар бар инанд, ки ҳарчанд Амрико дар як вокуниши фаврӣ шохиси баҳраи бонкиро поин бурд, то гармии бозорро ҳифз кунад, ҳанӯз на ҳама ҷанбаъҳои бӯҳрони нав худро ҳувайдо кардаанд ва "Файнаншл Таймс" имрӯз навишт, ошуфтагии бозор шабеҳи филест дар хонаи торик ва устоди бозиҳои бозори бурс, Ҷорҷ Сорос мегӯяд, ин бадтарин бӯҳрони молӣ дар шаст соли охир аст. Таври маълум сармоя ва суд гардонандагони асосии иқтисодиёти ҷаҳон аст.

Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳон пайвандҳои каме дорад...
Вилём Нисканен, собиқ мушовири иқтисодии ҳукумати президент Рейган мегӯяд, бӯҳрон ҳанӯз танҳо дар бозори пул рӯ задааст ва мумкин аст, кӯтоҳмуддат бошад: "Фикр намекунам, чизе ба иқтисодиёти ҷаҳон таҳдид кунад, зеро ҳодиса ҳанӯз дар маҳдудаи саноъати молӣ қарор дорад ва бархе аз ниҳодҳои молӣ воқеъан зери хатаранд." Аммо Андерс Ослунд, бунёдгузори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Аврупои Шарқӣ дар Стокҳолм ва собиқ мушовири иқтисодии ҳукуматҳои Русия, Укроин ва Қирғизистон мегӯяд, иқтисодиёти Амрико пой ба вартаи бӯҳрон гузоштааст: "Ҳисси ман аз ончизе ки мебинам ин аст, ки нафаси касодӣ ба рӯй мерасад. Мешавад гуфт, давраи хуб хеле дароз буд ва гоҳе такони ҳушёркунанда ба амал меояд."

Ба ақидаи Ослунд пасрафти иқтисодӣ ба бозор бурс дар Русия ва Укроин аллакай зарба задааст ва коҳиши босуръати нархи нафт тарҳҳои иқтисодии ин кишварҳо ва ҳамчунин Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистонро тағйир хоҳад дод. Ослунд мегӯяд, бӯҳрон кӯтоҳмуддат хоҳад буд ва аз шаш то нуҳ моҳ идома хоҳад кард.

Аксари таҳлилгарон дар посух ба суоли таъсири эҳтимолии ин пасрафт ба кишварҳое чун Тоҷикистон душворӣ мекашанд, зеро ба гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисодиёти Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳон пайванди ночиз дорад ва бархе аз равандҳои ҷаҳонӣ дар ин кишвар таъсири акс додаанд. Вай мегӯяд: "Иқтисоди Тоҷикистон бештар зери равандҳои дохилӣ ва хостаҳои начандон оқилонаи ҳукуматдорон аст, вале дар дарозмуддат бидуни шак равандҳои ҷаҳонӣ сари Тоҷикистон таъсир хоҳанд гузошт ва бадии кор дар он аст, ки ин равандҳо дар он сурат ба якборагӣ таъсир меоранд."

Ҷаноби Абдуҷаббор бар ин аст, ки ҳама гуна пасрафт ё буҳрон дар Русия инчунин ба даромади муҳоҷирони тоҷик асар хоҳад кард, ки ба истилоҳи ӯ бартар аз қарзу вомҳои хориҷӣ нақши маводи сӯхти иқтисодиёти Тоҷикистонро иҷро мекунанд. Вале Анна Волка, корманди Пажӯҳишгоҳи Экономист дар Лондон асари дигари бӯҳронро таъкид мекунад: Хонуми Волка мегӯяд, як таъсири ҷиддии бӯҳрон ин хоҳад буд, ки сармоягузори бе ин ҳам ками хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон коҳиш ёбад. Ҳадди ақал, меафзояд ӯ, Қазоқистон зимни зарар аз ин бӯҳрон сармоягузории хориҷии худро коҳиш медиҳад ин ҳам дар ҳоле ки он барномаҳоеро дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назар гирифта буд.

Ягона нуктаи умедворкунанда дар ин фароянд суханони чанде аз коршиносон аст, ки бӯҳрон чи қадар сахт ҳам бошад, кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Аз шаш то нуҳ моҳ.
XS
SM
MD
LG