Пайвандҳои дастрасӣ

"Ватандор" истеъфои президентро талаб кард


Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши "Ватандор" дар Маскав.

Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши "Ватандор" дар Маскав.

Ҷунбиши иҷтимоъии "Ватандор" дар Маскав изҳороте мунташир намуд ва дар зимн истеъфои Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистонро матраҳ кард.

Дар изҳороти мазкур гуфта мешавад, чанд ҳодисаи ахир нишон доданд, ки ҳукумати ҷаҳноби Раҳмон дар муқобили хурдтарин мушкили мардум низ қодир ба коре нест ва бар фасоди маҳалгароӣ поя ёфта, хидмати гурӯҳи маҳдуди одамонро ба ҷо меорад. Ҳамчунин омадааст, ки дар 15 соли гузашта президент Раҳмон танхо бо ваъдаҳоли беҳбуди оянда худро дар курсии раёсатҷумҳурӣ нигаҳ медорад, вале дар амал беҳбуде рӯй намедиҳад. "Ватандор" пешниҳод кардааст, бо роҳи осоиштаи ҷамъ овардани имзои интихобкунандагон ҳукумати кишвар иваз карда шавад.

Ҷунбиши "Ватандор" як соли пеш дар Маскав аз таъсиси худ хабар дода буд ва гоҳ-гоҳе бо пахши эъломияҳо барномаҳои давлатро мавриди интиқод қарор медиҳад. Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, таъсиси ин гурӯҳ як иғвао буда, барномаи "Ватандор"-ро дар Тоҷикистон касе пуштибонӣ намекунад. Роҷеъ ба изҳороти ахири он низ дар Тоҷикистон изҳори нобоварӣ садо медиҳад. Дар як гуфтугуи телефонӣ бо Радиои Озодӣ Додҷони Атовуллоҳ - раҳбари ҷунбиши "Ватандор" ҳадаф аз пахши эъломияи кунуниро шарҳ дод.

Сӯҳбати Додоҷони Атовуллоҳ дар кунҷи рости болоии сомона қобили дарёфт аст.

Ҳамчунин, шумо метавонед вокунишҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба ин изҳорот гӯш бидиҳед.

Мусо Асозода - раиси созмони душанбегии Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров, Амният Абдуназаров - муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин бастагӣ изҳори назар карданд.

XS
SM
MD
LG