Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф нархҳоро гарон кард


Дар пайи баста шудани нақби Анзоб ва душворгузар шудани гарданаи Шаҳристон, дар бозорҳои водии Зарафшон нархи сабзавот 100 % ва қимати орду равған ва маводи сухт 30 % боло рафтааст.

Як тан аз сокинони ноҳияи Панҷакент изҳори нигаронӣ аз он намуд, ки бо ин нафақаи ночиз аксари солмандон наметавонанд чизе харидорӣ бикунанд.

«Картошка як сомонӣ буд, ду сомонӣ шудааст. Пиёз 50 дирам буд, як сомонӣ, 1,5 сомонӣ шудааст.»

Шариф Саидов, як тоҷири бозори марказии шаҳри Панҷакент мегӯяд, маводи ниёзи аввалияро онҳо асосан аз бозорҳои Хуҷанду Душанбе ва Истаравшан меоранд. Вале, гуфт ӯ, бино бар бориши барфи зиёд ва баста шудани нақби Анзоб ва душворгузар будани гарданаи Шаҳристон, қимати роҳкирои мошинҳои боркаш 50 % боло рафтааст ва ин боиси гарон шудани маводи ғизо гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон низ содироту воридоти мол ба водии Зарафшонро аз кишвари худро якҷониба манъ намудааст.

XS
SM
MD
LG