Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Иттиҳод-2008: бохти севуми «Регар-ТадАЗ»


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар севумин дидори худ дар Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тими «ФБК-Каунас»-и Литва бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» «Оқтеппа»-и Қазоқистон бар«Хазар-Ленкоран»-и Озарбойҷон бо натиҷаи 1:0 пирӯз шуд.
Бад-ин тартиб аз гурӯҳи «В» «Хазар-Ленкоран» ва «ФБК-Каунас» ба марҳалаи дувуми мусобиқот роҳ ёфтанд.
Вале «Регар-ТадАЗ», ки бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифт, аз идомаи мубориза маҳрум гардид.
Натоиҷи бозиҳои дигари даври севум ба тартиби зайл аст.
Гурӯҳи «А»: «Зенит» (Русия) – «Левадия» (Эстония) – 2:1, «Шериф» (Молдова) – «Ишқобод» (Туркманистон) – 4:0;
гурӯҳи «С»: «Вентспилс» (Латвия) – «Олимпӣ» (Гурҷистон) – 0:3, ОФК Сербия – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 2:0;
гурӯҳи «D» - БАТЭ (Беларус) – «Пахтакор» (Узбакистон) – 2:1, «Динамо» (Киев, Украина) – «Бананс» (Арманистон) – 1:0.
23-вуми январ дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: «Олимпӣ» (Гурҷистон) – БАТЭ (Белорус), «Пахтакор» (Узбакистон) – «Вентспилс» (Латвия), «Хазар-Ленкоран» (Озарбойҷон) - «Шериф» (Молдова), «Зенит» (Русия) – «ФБК – Каунас» (Литва).
Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 27-уми январ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG