Пайвандҳои дастрасӣ

"Хобе дар боғ" -- албоми беҳтаринҳои Далери Назар


Акси Далер дар як намояи таблиғии гурӯҳи "Парем"

Акси Далер дар як намояи таблиғии гурӯҳи "Парем"

Дар шаҳри Алмаато маросими муаррифии албоми расмии овозхони маъруфи тоҷик Далери Назар бо номи “Хобе дар боғ» баргузор гардид.

Дар маҳфил овозхон аз фаъолияти эҷодӣ ва паҳлӯҳои ҳунари овозхонии хеш ҳарф зада, ба пурсишҳои сершумори мухлисонаш посух дод ва бо таронаҳои дилпазираш базмро басо гарму хотирнишин намуд. Яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи қазоқ Ботурхон Шукенов дар бораи вижагиҳои ҳунари Далери Назар ҳарф зада таъкид намуд, ки ин овозхони нодирҳунар на танҳо дар рушди мусикии тоҷик ва дигар мардуми форсизабон, балки дар пешрафти ҳунари овозхонии мардуми қазоқ низ нақш дорад ва таи чандин соли зиндагияш дар мулки қазоқ таронаҳои вай ба зиндагии мардуми ин кишвар роҳ ёфтанд ва ӯро дар байни ағлаби шунавандагон дӯстдошта намуданд.

Сафар Абдулло донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки ба овозхон дар дарёфти таронаҳо ва такомули истеъдодаш ёрӣ кардааст, мегӯяд , ки Далер аз ҷумлаи ҳунарпешагони нодирест, ки сабку саликаи вижаи овозхониро дорост ва ба вай на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистону Эрон низ пайравӣ мекунанд ва метавон гуфт, ки ӯ соҳиби мактаби вижаи эҷодист. -- Ман Далерро аз он нобиғаҳои миллӣ медонам, ки аз наҷвои дарахтон, аз садои булбулон, аз обшори куҳистон мусиқӣ месозад. Нафарест, ки аз мусиқии таронаҳои мардумии Бадахшон ва ба истифода аз мусиқии классикии тоҷикӣ ва мусиқии имрӯзӣ--модерни ҷаҳонӣ як чизи ҷадид сохт, ки ҳеч каси дигаре натавонист, инро бисозад, -- мегӯяд Сафар Абдулло.

Дар маҳфили таронаҳои Далери Назар бисёр чеҳраҳои фарҳангии Қазоқистон ва тоҷикони муқими ин кишвар аз ҷумла Баҳром Холназаров --сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат доштанд ва онон аз садои дилангез ва таронаҳои нотакрори овозхон лаззат бурданд. Тавре ки дар маҳфил гуфтанд,ҳарчанд солҳои пеш чандин албомҳои ин овозхон нашр гардида буданд, вале ҳамаи онон бо роҳҳои сиркат омода шуда буданд ва «Хобе дар боғ» нахустин албоми расмии овозхон аст, ки дар казокистон арзи вуҷуд карда.

«Хобе дар боғ» дастагул ё баргузидаи таронаҳои овозхони маъруфи тоҷик иборат аз 14 адад аст, ки ба он ҳам «Чак- чаки борони баҳор» шомил шудаасту ҳам «Ёд кардам» ва «Наравад» ва дигар таронаҳои дилангез, ки онҳо дӯстдоштатарин сурудаҳои дирӯзу имрӯзи мусиқии тоҷиканд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG