Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Далер Назаров: "Зиндагии ман ҳамагӣ дарс аст"


Далер Назаров, овозхони 46 - солаи тоҷик, ки аз охирҳои солҳои 70-уми қарни гузашта рӯйи саҳнайи ҳунар омад ва аз он замон то имрӯз маҳбуби мардум мебошад, дар сӯҳбати нахустин нашри барномаи "Садои тоза" - маҷаллаи мусиқии радиои Озодӣ ширкат мекунад.

Саволи нахустини ман аз Далер ин буд, ки оё барои у соли 2005 чӣ соле будааст?

"Ба фикри ман барои шахси эҷодкор мафҳуми сол вуҷуд надорад, яъне он аз моҳи январ шурӯъ шуда дар декабр хотима намеёбад. Ҳар сол ҳунарманд бо таҳаввулоти тоза рӯбарӯ мешавад, ки дар айни замон ин рӯйдодҳо аслан такрори ҳаводиси пешина ҳастанд. Барои ман ин чиз писанд аст, ки имрӯз замонае фаро расидааст, ки одамон бештар ба ҳарфи ҳамдигар гӯш мекунанд, мекӯшанд азизонашонро пайдо кунанд. Ман аз он шодам, ки имрӯз мардум бештар хоҳиши шунидани ҳарфи ҳамдигарро доранду барои анҷоми як кори муштарак талоши бештарро ба харҷ медиҳанд"

Манзури шумо ин аст, ки дар Тоҷикистон вазъи зиндагӣ беҳбуд меёбад, Далер?

"Бале, имрӯз нафарони зиёд дар фикри ташкили намоишномаҳои ҳунариву фестивалҳо ҳастанд, бисёриҳо дар фикри таъсиси студияҳои сабти садо мебошанд. Дар оғоз албатта ин кори чандон осон нахоҳад буд, бо мушкилоти зиёди фаннӣ рӯбарӯ мешаванд ва аз камбуди донишу таҷриба ранҷ мекашанд, аммо ин ҳама фурсат мехоҳад. Яъне он тозагиҳое, ки дар бахшҳои дигари ҷаҳон мушоҳида мешаванд, ба ин ҷо ҳам роҳ меёбанд ва мардум мекӯшанд, донишҳои худро такмил кунанд"

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ шумо муддати хеле зиёд дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар бурдед. Мешавад гуфт, ки акнун шумо ба таври ҳамешагӣ дар Душанбе фаъолият хоҳед кард?

"Дар мусофират ман таҷрибаи ғанӣ гирифтаму ватанро бештар ёд кардам. Дар Тоҷикистон вақт бо суръати комилан дигар ҳаракат мекунад, ин ҷо оҳанги мусиқӣ хеле нарм асту мафҳуми шеър ҳам амиқтар аст. Дар Тоҷикистон, дар манзил ё дар студия, ман ҳамеша бо кори эҷодӣ машғулам, ва ҳеҷ фарқ намекунад, ки ҷисми ман дар куҷост - қалби ман ҳамеша дар Тоҷикистон аст"

Ҳарчанд шумо соле як тарона ҳам иҷро кунед, он ҳатман муваффақ мешавад, ба дили мардум зуд роҳ меёбад. Дар фестивали ҳунарии "Суруди Сол" шумо бо мавзӯи ғайримунтазира, таронае бо исми "Рӯдакӣ" рӯйи саҳна омадед ва ин суруд ҳам дар фурсати кутоҳ дар дили мухлисон ҷо шуд. Чаро ногаҳон ба ин мавзӯе рӯ овардед, ки шояд барои ҳунари мусиқии замонавӣ чандон ошно нест?

"Ман бештар аз он нигарон ҳастам, ки мавзӯи гузаштагони мо ба як мафҳуми бисёр дуру қадима табдил ёфтааст, гӯё мо дар мавзӯи муҷассамаҳои сангиву китобҳои чангзада сӯҳбат мекарда бошем. Дар асл ман мехостам чеҳраҳои гузаштагони моро дубора зинда кунам. Рӯдакӣ як ҳайкали сангӣ нест, ӯ шахси зиндаест, ки дар миёни мо мегардад. Ӯ ҳам мисли ҳар яки мо хислатҳои самимиву оддии худро дошт, мушкилот ва дардҳои оддии инсониро эҳсос мекард ва дар дил орзуҳои ширинро мепарварид. Бо ин таронаи худ мехостам, ки ӯро ба як чеҳраи замонавӣ табдил диҳам"

Хуб, соли нав ҳам фаро расид, дар фикр чӣ барномаи вижа доред, Далер?

"Ман мехостам як студияи сабти садоро таъсис бидиҳам ва дар он кор кунам. Инчунин мехостам, ки дар дохили Тоҷикистон сафари бештар дошта бошаму бо ҳунармандони ҷавон мулоқот кунам, шояд бо онҳо консерти муштарак гузорам. Мехоҳам бештар ҳарфи онҳоро бишнавам, оё онҳо чӣ мехоҳанд ва чӣ фикру андеша доранд. Ин бахти бузург аст, ки бидонам оё ин ё он ҷавон чӣ ҳунар ва истеъдод дорад"

Яъне шумо дар фикри таъсиси як мактаби ҳунар ё мусиқии Далер Назаров ҳастед?

"На, ман фикр мекунам, ки ҳунари мусиқиро ҳеҷ кас омӯзонда наметавонад. Кӯшиши ман ин аст, ки бештар бо дунёи овозхони ҷавон, ҷаҳони онҳо аз наздик ошно бишавам. Ман мехоҳам барои худ чизи наву тоза бигирам. Ин мактаб нест, ин кӯшиши дарки олами имрӯзайи ҳунармандони ҷавон аст. Ман ҳамеша мӯътақид будам, ки омӯхтани мусиқӣ маҳол аст, магар ин ки муҳаббат ба мусиқӣ шуморо ба ҷое бирасонад. Ва вақте шумо онро ба ҳадафи тамоми зиндагии худ табдил медиҳед, он вақт набзи онро дар ҷисми худ эҳсос хоҳед кард"

Пас роҷеъ ба жанрҳои нави ҳунарӣ, мисли рэпу ҳип-ҳоп, ки имрӯз саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, чӣ мегуед: оё намехоҳад дар эҷодиёти худ ҳам аз онҳо истифода кунед, ба мисли баъзе овозхони тоҷик?

"Ҳар чизи наве ки ба миён меояд, он ҳатман ба мо асар мекунад. Чизе ба мо писанд меояд, чизе не. Худи ман кӯшиш мекунам, ки ҳамеша дар жанрҳои гуногун эҷод кунам. Вақте ҳунарманд мехоҳад муваффақияти худро мисли як клон такрор кунад, бояд бидонад, ки он замон лаҳзаи марги у расидааст. Дар айни замон ҳатман бояд дар ҷараёни таҳаввулоти ҳунарии ҷаҳон буд, ва дар сурати татбиқ кардани он аз эҳтиёт кор гирифт. Аслан мусиқии мардумии Тоҷикистон хеле рангаву ғанӣ аст ва он дар тули қарнҳои зиёд ташаккул ёфтааст. Вақте шумо мехоҳед жанрҳои навро дар ҳунари худ ҷорӣ созед, ин корро бояд хеле эҳтиёткорона кунед, бо назардошти хусусиёти фарҳангии миллати мо. Ин айнан мисли он аст, ки вақте шумо бо забони англисӣ сӯҳбат мекунед, аммо бо ин забон фикри худро баён мекунед. Дар замони мо маълумот ин қадар зиёд аст, ки баъзан овозхонони ҷавон бидуни андеша ин ё он жанри мусиқиро айнан ба забони тоҷикӣ ворид мекунанд ва ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки он ба табиати ин фарҳанг мутобиқ нест"

Ва дар ин қисмати сӯҳбатамон чанд савол дорам роҷеъ ба шахсияти шумо. Дар зиндагӣ ба иштибоҳ роҳ додаед?

"Тамоми зиндагии ман бо ҳамаи пасту баландиҳояш дарс аст. Замон маро он тавре сохтааст, ки ҳоло мебинед, ва бидуни мушкилоту нигарониҳо эҳсос кардани ин зиндагиву ин ҷаҳон номумкин буд"

Дар яке аз сӯҳбатҳоятон гуфтед, ки аз афроди дурӯғгуву тамаллуқкор нафрат доред. Пас бо чӣ гуна одамон мехоҳед робита дошта бошед?

"Ман дидани одамонеро дӯст медорам, ки пеш аз ҳама бо худ розӣ ҳастанд. Онҳоеро, ки бо назардошти табиати худ рушд мекунанд ва намекӯшанд аз назари касе ва ё шароите вобаста бошанд. Онҳоеро эҳтиром мекунам, ки фикри мустақил доранд. Ин одамон ҳамеша дар ҷустуҷӯ ҳастанд, роҳи онҳо нотамом аст. Онҳо ҳеҷ вақт ба ҳадаф расида ором намешаванд, бо наздик шудан ба ин ҳадафи худ онҳо мебинанд, ки ҳанӯз роҳи хеле тулонӣ дар пеш аст "

Касеро дар зиндагӣ ранҷондаед?

"Албатта, ман намехоҳам худро ба унвони як шахси идеалӣ намоиш диҳам. Ман тамоми пастиҳову баландиҳои маъмулии инсониро пушти сар кардаам. Ҳамаи инро таҷриба кардан даркор аст ва новобаста ба ҳар мушкил, бихезед ва роҳи худро идома диҳед. Муҳим ин аст, ки шумо бояд дар баробари виҷдони худ пок бошед, ва ин лаҳзаҳоро дар қалби худ софдилона нигаҳ доред. Шояд азоби виҷдони шумо фурсати хеле кам ва ё бештар аз он идома кунад. Аммо ин борро софдилона бояд кашид"
XS
SM
MD
LG