Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили камранг аз сеюмин солгарди инқилоби норанҷӣ


Дар Украина дирӯз маросими таҷлил аз сеюмин солгарди инқилоби норанҷӣ, ки раиси ҷумҳурии ғарбгаро Виктор Юшенкоро сари қудрат овардааст, баргузор шуд. Дар майдони асосии пойтахт - шаҳри Киев консерте баргузор шуд, ки дар он аз рӯйдодҳои соли 2004, яъне эътирозҳои 17-рӯзаи мардум аз тақаллуби натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ёд карданд. Дар изҳороти кӯтоҳи Виктор Юшенко гуфта шуд, "муҳимтарин дастоварди он рӯйдодҳо дар ин аст, ки ҷомеа ҳақи тағйир додани вазъиятро ба даст овард". Вай гуфт, ки ҳоло украиниҳо дар шароити озодии баён ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG