Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи 16 Шӯрои олии Тоҷикистон ва пайомадҳои он


Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд, 15-уми ноябри соли 2007
Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд, 15-уми ноябри соли 2007

Шумораи навбатии барномаи «Чашмандоз» ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Аз баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои олии Тоҷикистон,ки 16-уми ноябри соли 1992 – дуруст дар ҷараёни муқовиматҳои мусаллаҳонаи дохилӣ – дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 15 сол сипарӣ мешавад. Ин иҷлосия дар шароите сурат гирифт, ки раёсати Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Муросои МиллииТоҷикистон эъломи истеъфо дода ва дар ду моҳи қабл раиси ҷумҳурии мунтахаб Раҳмон Набиев низ ба хатти истеъфои худ имзо карда буд. Иҷлосия ваколатҳои Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии мунтахабро пеш аз муҳлат қатъ ва сохти идораи раёсати ҷумҳурӣ дар кишварро барҳам дод. Ва раёсати нави Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов, раиси собиқи вилояти Кӯлоб рӯи кор омад.

Мавзӯъи барномаи «Чашмандоз»-и имрӯзи мо низ ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Дар ҷараёни барнома мо гузоришҳое дорем, ки дар асоси сӯҳбати шоҳидони бевоситаи ин иҷлосия, ширкатдорони он ва коршиносон таҳия шудааст.

Ибтидо гузорише дорем дар бораи онки чаро Шӯрои олии вақти Тоҷикистон маҳз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласа ташкил кард, зеро то баргузори он ҳама ҷаласаҳои Шӯрои олӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардиданд.

Ҳамкорам Раҳматкарими Давлат, ки шоҳиди бевоситаи омодагиҳо барои баргузории ин иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд буд, талош кардааст ба ин суол посух диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси тозаинтихоби Шӯрои олии Тоҷикистон, дар нахустин суханронии худ аз минбари иҷлосия эълом кард, ки хатми ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави кишвар аз аҳдофи аввалиндараҷаи сиёсати ӯ хоҳад буд.

Дар қасри Арбоб, маҳалли баргузории иҷлосия, фармондеҳони сангарҳои муқовимат аз ҳарду ҷониб даъват карда шуданд. Бо ширкати онҳо ва бархе аз пешвоёни сиёсӣ дар ин ҷаласа аҳду паймон ҳосил шуд, ки силоҳҳо ба замин гузошта мешавад. Ва бад-ин муносибат «оши оштӣ» низ дода шуд. Эмомалӣ Раҳмонов ҳамизҳор дошт, ки ҳарду ҷониб аз гуноҳи ҳамдигар хоҳанд гузашт.

Бо вуҷуди пахши чунин эъломия ва изҳоротҳо иҷлосияи 16 ба кишвар сулҳ наовард: доманаи ҷанги шарҳвандӣ аз Душанбеву шаҳри Қурғонтеппа ва атрофи онҳо ба манотиқи шарқи кишвар кашида шуд. Аммо фарқ дар он буд, ки «Фронти халқӣ» акнун аз номи ҳукумат ҷангро идома медоду ҷонибдорони ҳукумати Муросои миллӣ ба унвони мухолифин шинохта мешуданд.

Ҳамин тариқ, баъди Иҷлосия 16 ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи бештари Тоҷикистон идома ёфт.

Онгуна ки ишора рафт, дар ин ҷаласа истеъфои Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи интихоботи умумхалқӣ дар моҳи октябри 1991 интихоб шуда вале дар моҳи сентябри соли 1992 таҳти фишор хатти истеъфои маҷбурии худро имзо карда буд, аз тарафи вакилони мардумӣ таъйид шуд.

Оё иҷлосия чунин ҳақро дошт, ки раиси ҷумҳурии аз сӯи мардум интихобшударо аз вазифа барканор кунад? Дар ин робита суҳбате доштем бо профессори таърих Карим Абдулов, ки мудири котиботи дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва аз афроди наздики Раҳмон Набиев дар он замон буд.

Ахиран дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар маҳалли баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, бо ширкати раиси ҷумҳурӣ, намояндагони порлумон, аъзои ҳукумат ва ширкатдорони он иҷлосия як нишасти мутантан доир шуд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимоми қудрати сиёсии кишварро дар ҳамин маҳал ва дар ҳамон иҷлосия ба даст гирифта буд, аз пешрафтҳои давлатдории худ ҳафр зад. Аммо оё бо гузашти 15 сол аз замони баргузории ин иҷлосия вазъияти сиёсиву иқтисодии кишвар чи гуна аст.
XS
SM
MD
LG