Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон иҷлосияи фавқулодаи порлумони соли 92-и кишварро ҳодисаи таърихие меноманд, ки бо ташкили ҳукумати қонунӣ ба сарзамини ҷангзада сулҳу амонӣ овард. Аммо барои бахши дигари мардум ин анҷуман, баракс, оғози ҷангҳои хунин ва ба дарозо кашидани роҳи эътидоли ҷомеъа шумурда мешавад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки он вақт ҳамчун яке аз сарони мухолифон ва раҳбари идораи Қозиёти мамлакат аз натиҷаҳои анҷуман истиқбол карда буд, мегӯяд, вай ба истиқрори сулҳ баъд аз қарорҳои Шӯрои олӣ умеди қавӣ дошт ва шахсан фармондеҳони оппозисюнро мутақоъид кард, ки ба ин ҷо сафар ва дар иҷлосияи ширкат кунанд. Аммо ин умед дурӯғин баромад: "Бадбахтиҳои мардум аслан баъд аз интиҳои сессия шурӯъ шуда буд. Мутаассифона, дар ин бора талош мекунанд, ҳақиқат пинҳон монад ва ё ҳатто баракси онро мегӯянд."

Вакилон дар тасмимгириҳои худ озод набуданд...

Ширкаткунандаи иҷлосия, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Бобоҷон Икромов низ бар ин ақидааст, ки сулҳ дарҳол баъд аз ҷаласа ба даст наомад, аммо шубҳае нест, ки ин қадами аввал ба ҷониби сулҳ буд: "Аз ин иҷлосия Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки бо интихоб шудани одамони нав, ҳукумати нав ва раҳбари нави давлат ба як тартибу интизом даст ёбад ва битавонад бо кишварҳои дигар ва созмонҳои байнулмилал робита барқарор кунанд. Вале, мутаассифона, мо гуфта наметавонем, ки иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон тавонист, фармонҳояшро дар давоми як сол ё ду сол пиёда кунад."

Вале сабаб чӣ буд, ки интихоб шудани раҳбарони нави мамлакат, ки масъулияти ояндаи онро ҷасурона бар дӯш гирифтанд ва оши оштӣ бо ширкати муҳимтарин фармондепҳони ду ҷониб ба кишвар оромию эътидол наовард? Коршиносон бо тасдиқи ин ки дарвоқеъ, иҷлосия натавонист, роҳи сулҳро ҳамвор кунад, аз омилҳое чун шиддати ҳисси интиқомҷӯии захмиёни ҷанг, набуди бовари тарафҳо ба ҳамдигар, мудохилаи нирӯҳои беруна ва ки хостори пурра нобуд шудани яке аз тарафҳо будани онҳо, нотавонии ҳукумати нав ва беэътимодии аъзои калидии он ба таъиноти таърихии хеш ва монанди инро тазаккур медиҳанд. Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд: "Вакилон дар тасмимгириҳои худ озод набуданд. Ҳатто худи Кенҷаев, яке аз раҳбарони Ҷабҳаи халқиро, рабуданд ва чанд рӯз дар ҳабс нигоҳ доштанд. Дар бораи ҳайати ҳукумати нав ягон депутат наметавонист, озодона ҳарф занад ва онҳое вазиру узви кобина шуданд, ки дар сессияи гузашта депутатҳо аслан қабулашон надоштанд ва ҳамзмон онҳоеро, ки дар сессияи гузашта мо пешбарӣ карда будем, аз ҷумла ҳамин сарони минтақаи Кӯлобро, вакилон напазируфта буданд, ин бор бо кафкӯбӣ қабул карданд."

Ҳамсӯҳбати дигари мо, Бобоҷони Икром, собиқ раиси Радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳоло сардабири ҳафтаномаи "Вароруд" оташи интиқомҷӯиро дар сафи аввалт сабабҳои ором нашудани кишвар мегузорад ва мегӯяд: "Ҳукуматдории шашмоҳаи мухолифони собиқ боиси поймол шудани ҳаққи одамон шуда буд ва табъан вокуниши ҷавобӣ ба бор овард. Аз сӯи дигар раҳбарони интихобшуда, пурра озод набуданд ва рӯҳияро фармондеҳони Фронти халқӣ муайян мекарданд."

Мо ҳатто вазорати дифоъ надоштем...

Аммо агар зӯровариҳои мусаллаҳони Фронти халқӣ дар Душанбеву Кофарниҳон дар декабри соли 1992 ва моҳҳои аввали соли 1993, ки ба қурбониҳои нав сабаб гашта, чархи ҷангро дубора гардон карда бошанд, ҳамлаи нирӯҳои муназзами давлатӣ ва бомбаборони манотиқи шарқии кишвар бо ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангии Русия ва Узбакистонро наметавон ба интиқомситониҳои Фронти халқӣ рабт дод. Оё метавон гуфт, сиёсате интихоб шуда буд, ки аз берун машварат дода мешуд ва оё фармони бомбаборонҳо ва ҳамлаҳои густардаро кӣ медод? Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ин машварат ва шарти доираҳои беруна буд, ки аз камтаҷрибагӣ ва ҳатто бетаҷрибагии раҳбарони нав истифода мекарданд. Аммо Бобоҷон Икромов мегӯяд: "Раҳбари давлат танҳо баъд аз соли 1994, вақте қонуни асосии нав қабул шуд, сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳ гардид. Аз сӯи дигар дар он соли 1992 мо ҳатто вазорати дифоъ надоштем ва артиш ҳам. Пас метавон гуфт, раҳбари давлат он вақт мустақил набуд, онгуна ки имрӯз аст."

Ба ин тартиб, ҳанӯз касе ном ба ном гуфта наметавонад, ки тасмимгириҳои кӣ ё киҳо сабаби на танҳо идома, балки авҷи ҷангу хунрезӣ дар Тоҷикистон шуд, вале рақибони собиқ имрӯз дар як андеша ба ҳам омадаанд, ки иҷлосияи Хуҷандро наметавон боздорандаи ҷанги Тоҷикистон номид.

-----------------------------------------------------

Шарҳ: Субҳи дурӯғин ё субҳи козиб -- замонест, ки рушании ситораи Корвонкуш атрофро мисли руз рушан мекунад ва раҳнавардон бо эътимод бар ин ки субҳ дамидааст ба роҳ меафтанд. Аммо баъд аз чанде атроф дубора торик мешавад, зеро субҳ ҳануз надамидааст ва ин танҳо дурахши ситораи Корвонкуш буд, ки мардумонро ба ҳаракат оварду умедвор кард ва корвонҳо дар торикии биёбон раҳгум задаву корвониён ба ҳалокат мерасиданд.

XS
SM
MD
LG