Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаҳои Бедорӣ: Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб. Тирамоҳи соли 1992


Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 дар шароите оғоз шуд, ки пойтахт шаҳри Душанбе дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва вазъият дар сангарҳои ҷанг ҳам бахусус дар водии Вахш басуръат ва ба фоидаи Фронти Халқӣ тағйир меёфт.

Бо вуҷуди нокомии ҳамлаи рӯзи 24 октябри Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе, нирӯҳои вафодор ба Ҳукумати муросои миллӣ (ҲММ) натавонистанд муваффақияти низомии худро ба фаротари ҳуммаи Душанбе тавсиъа диҳанд ва нирӯҳои аз пойтахт ақибнишастаи Фронти Халқӣ (ФХ) дар километри ҳамагӣ даҳуми шоҳроҳи Душанбе - Регар дар давру бари тарабхонаи "Шоҳамбарӣ" сангар мегиранд Рӯзи 1 ноябр ин нирӯҳо танҳо хатти роҳи оҳани ба сӯи Душанберо аз чанд ҷо тахриб мекунанд ва пойтахтро дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор медиҳанд. Баста шудани роҳҳо бар иловаи дастикам 120 000 гуреза аз ду водии Вахшу Ҳисор, ки низ худро ба Душанбе зада буданд, мунҷар ба афзоиши ҳангуфти қимати маҳсулот дар бозорҳои пойтахт ва норозигии ҳар чӣ бештари мардум аз ҲММ мешуд.Дар ҳамин авоили моҳи ноябр буд, ки ҲММ дар тақрибан ҳама навоҳии водии Вахш аз Фронти Халқӣ шикаст мехӯрад.

Нависандаи тоҷик Ҷонибеки Акобир, ки дар пойизи соли 1992 аз сухангӯёни раиси вақти Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров буд, мегӯяд: "Ҳамон рӯзҳо ватану халқи мо қариб ба хатари тикаву пора шудан мувоҷеҳ буд. Ва гоҳе ба назари ман метофт, ки дигар кор аз кор гузашта бошад. Ман ҳамон вақт фаҳмида будам, ки дигар на Акбаршоҳ Искандаров, на Абдумалик Абдуллоҷонов, на Сафаралӣ Кенҷаев ва на ягон нафари дигар аз онҳое, ки дар он давра буданд, наметавонанд ба ин муноқиша хотима диҳанд."

Давлати Искандаров ба хотири бақо иқдомотеро, албатта, рӯи даст гирифта ва аз ҷумла ба манзури таскин мардуми шимол, ки аз истеъфои иҷбории президент Раҳмон Набиев озурда буданд, намояндаи Хуҷанд Абдумалик Абдуллоҷоновро ба симати сарвазирӣ менишонад. Қадами дигари ҳукумат таъсиси як Шӯрои давлатӣ, иборат аз 18 нафар дар таърихи 7 ноябр буд, ки ба ғайри Абдуллоҷонов фармондеҳи вақти дивизияи 201-уми артиши Русия генерал Мӯҳриддин Ашӯров низ узваш буд ва саркашӣ аз иҷрои фармонҳои ин Шӯроро амали харобкорӣ алайҳи халқу ҳукумат унвон мешавад.

Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд: "Душанберо анархия фаро гирифта буд ва ҳукумат амалан дигар аз иҷрои коре намебаромад. Кӯшишҳои Акбаршоҳ Искандаров, сафари ӯ ба Маскав ҳамроҳ бо Давлат Худоназаров дар ибтидои моҳи ноябр ва ҳатто таъсиси Шӯрои Давлатӣ ягон самар надоданд. Ба ҳайси муовини раиси Шӯрои Давлатӣ таъйин шудани генерал Мӯҳриддин Ашӯров вокуниши сахт ба миён овард аз ҷониби Фронти Халқӣ. Онҳо бо телеграмма ба президенти Русия Борис Елтсин муроҷиъат карданд, ки тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон як нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки Мӯҳриддин Ашӯров шаҳрванди хориҷӣ ва низомии Русия ҳисоб мешуд, ҳуқуқ надошт, ки дар ин Шӯрои Давлатӣ ширкат кунад ва Ашӯров худаш ба истеъфо рафт."

Аммо Тоҳири Абдуҷаббор, узви Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992: "Аввал мувофиқати Маскав ҳосил шуда буд гӯё. Ба хотири ин ки ун мард (генерал М. Ашӯров) аз дивизияи 201-уми Русия буд. Аввал розӣ шуда буданд ва як баёнияи ҳукумат ҳам дар матбуот нашр шуда буд дар ин иртибот ва замоне тайин карда буданд, ки дар ин муддат ҳамагон силоҳе ки доранд, бисупоранд, оромиро риоят бикунанд, яъне таври ихтиёрӣ. Ва баъд аз ин ҳукумат ҷабран ин корро анҷом медиҳад, агар касе ки ихтиёран ба он розӣ нашуд. Мунтаҳо, вақт гузашту назари ҳукумати Русия мисли ин ки дигар шуд."

Рӯзи 9 ноябр дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Бишкек ҳарду тарафи ҲММ ва ФХ ҳар яке мустақилона талош меварзад, ҳақиқати худро ба самъи ин маҷлис бирасонад. Душанберо дар нишасти Бишкек раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва аммо Фронти Халқиро раиси тозамунтахаби кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов намояндагӣ мекарданд. Нуралии Давлат аммо мегӯяд, рафтани Раҳмонов ба Бишкек як паёми дигар буд, ки аз маълум шудани мавозеъи Маскаву Тошканд дар қиболи масъалаи Тоҷикистон дарак медод: "Ибтидои моҳи ноябри соли 1992 Акбаршоҳ Искандаров ҳамроҳи Давлат Худоназаров ба Маскав парвоз карданд ва кӯшиш карданд, ки бо Б.Елтсин мулоқот кунанд ва Елтсин машрӯъияти ҳукумати онҳоро эътироф кунад. Аммо ин кӯшишҳо муваффақ нашуданд ва даъвати раиси вилояти Кӯлоб ба Бишкек, ман фикр мекунам, ки як сигнал буд ба ин маънӣ, ки Русия ва Узбакистон, ба ҳар сурат, аз Фронти Халқӣ ҷонибдорӣ мекунанд."

Вақте ки ин ҳама талошҳо ҷонибҳои дигари муноқиша ва кишварҳои манфиатдор, ба хусус Русияву Узбакистонро қаноат дода натавонист, ҲММ рӯзи 12 ноябри соли 1992 ба хатти истеъфояш имзо гузошта, ночор шуд, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар Хуҷанд баргузор кунад. Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, ибтидо танҳо мавзӯъ таъйиди машрӯъияти ҳукумати вақт ва боз кардани роҳ барои ширкати фаъолтари кишварҳои муштаракулманофеъ дар амри гирифтани пеши роҳи идомаи ҷанги Тоҷикистон буд: "Ҳукумати Тоҷикистон, албатта, раиси Шӯрои Олӣ ва сарвазири кишвар кӯшиш карданд, ки вазъро оддӣ созанд. Хусусан муроҷеъ шуда буданд ( то ҷое ки ман огоҳ ҳастам) ба русҳо, ки дар ин қисмат кӯмак бикунанд. Ҳукумати Русия аввал мувофиқати худро дар ин қисмат иброз дошта буд ва ваъда ҳам дода буданд. Вале тақрибан баъди як моҳ бужд ё чизе онҳо эълон карданд, ки наметавонанд ин корро бикунанд, мудоихала бикунанд дар ин корҳо барои он ки ҳукумати Тоҷикистон гӯё қонунӣ нест. Онҳо мегуфтанд, агар иҷлосияи Шӯрои Олӣ доир шаваду Шӯрои Олӣ барояшон ин салоҳиятро диҳад, дар он сурат ин кор мумкин аст. Аслан ҳама мегуфтанд, ки бояд як ҷамъ шаванд, як маслиҳате бикунанд, ба як созишу муросо бирасанд, то ки оромӣ ҳосил шавад. Аз ҳамон моҳи майу июн, яъне аз тобистон ба баъд дар фикри ҳама ин андеша буд дар Душанбе."

Аммо чаро дар Қасри Арбоб? Тоҳири Абдуҷаббор, узви порлумони вақти Тоҷикистон: "Муяссар намешуд ҷамъ шудан дар Душанбе. Гоҳ инаш намеомад, гоҳ унаш. Баъд аз гуфтушунидҳои зиёд ба чунин натиҷа расиданд, ки ҷаласа бояд шавад, вале мунтаҳо дар шимоли Тоҷикистон, дар Хуҷанд. Хуб, дар атрофи ин баҳсҳо буданд, ки оё биравем ё наравем? Баъзеҳо мегуфтанд, ки як нақшаи шуме ҳаст дар ин ҷо, кори машкукест, чаро дар худи Душанбе - не? Баъзеҳои дигар мегуфтанд, ки агар дар Хуҷанд бошад, бигзор дар Хуҷанд, чӣ фарқ мекунад? Аслиддин Соҳибназаров, худо раҳматашон кунад, ёдам ҳаст, ҳамон ҷо гуфтанд, ки агар ин ҷаласа ҳатто дар Владивосток ҳам доир шавад, ман омода ҳастам, ба он ҷо биравам, то ин ки оромии кишвар ҳосил шавад."

Ҳамин тавр, иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб рӯзи 16-уми ноябр шурӯъ шуда, вакилони порлумон алакай дар рӯзи 18-ум Акбаршоҳ Искандаровро аз мақоми раёсат фаро мехонанд ва раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов бо касби аксарияти оро ба мақоми раёсат менишинад. Нуралии Давлат мегӯяд, бо вуҷуди вазъияти баде, ки дошт, ҲММ ва Акбаршоҳ Искандаров фикр намекарданд, ки дар иҷлосияи Хуҷанд чунин шикаст хоҳанд хӯрд: "Шояд инҳо то ин андоза бовар надоштанд, ки дар он ҷо сарнагун мешаванд. Шояд фикр мекарданд, ки дар Хуҷанд ягон созише шояд байни ҷонибҳо сурат бигирад. Агар ҳатто на ҳама, пас якчанд нафар мақомҳои худро ҳифз хоҳанд кард. Ва шояд худи Акбаршоҳ Искандаров, зеро ки Искандаров дар сар задани ҷанг саҳм надошт. Ӯ чанд боре ки раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, нафаре буд, ки худаш барои ин мақом талош намекард, вазъият ӯро меовард. Искандаров умед дошт ва бовар намекард, ки ӯро сарнагун мекунанд ва ба ҳайси сафир ба Туркманистон мефиристанд."

Ҷонибеки Акобир, сухангӯи раиси вақти Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров аммо шурӯъ ва ҷараёни кори иҷлосия дар қасри Арбоби колхози ба номи Урунхоҷаевро чунин ба қалам медиҳад: "Вақте ки мо аз мошинҳо дар Қасри Арбоб фуромадем ва дар иҳотаи силоҳдорон дар ватани худамон гӯё гаравгон шуда будем, ман аз ҳамон лаҳзаҳо фаҳмида будам, ки кор ранги дигар мегирад. Баъдҳо ҳам дар он иҷлосия воқеъаҳои дигар низ рух доданд. Аз ҷумла чанд рӯз Сафаралӣ Кенҷаев ғайб зад ва мишмиши бисёре шуд. Аммо инҳо ҳама дар ҳукми таърих даромаданд, дар ҳукми таърихе ки ҳатто шояд чандон аҳамият ҳам дигар надоранд. Аҳамияти асосие, ки он ҷаласа дошт, ҳамин буд, ки бо хости худованд буд, ё як амри тасодуф ё табиӣ буд, ҳамин гуна раҳбар ба сари қудрат омад."

Аммо Тоҳири Абдуҷаббор: "Ҷаласа дар ҳамон Қасри Арбоб мегузашт ва атрофи онро се ҳалқа гирифта буданд ва ҳамаашон аз нирӯҳои Тоҷикистон набуданд. Аз Русия буданду аз Узбакистон. Ва аз ибтидо мавзӯъи дигаргун сохтани ҳукумат матраҳ буд. Дар табақаи дуввум як толори кӯчактар буд ва як кумиссиюни созиш дуруст шуда буд, ки бештар дар он ҷо ҷаласа мекард ва тасмимҳои худро баъдан меоварданд ва барои ҳамагон эълон мекарданд. Номзадии Раҳмонов низ аввал дар кумиссиюн пешбарӣ шуда буд ва баъдан дар толор ҳам ҳамин чиз садо дод. Ва тақрибан ғайриинтизорӣ буд, метавон гуфт ки..."

Иҷлосияи 16-ум ба ҳар сурат барои Эмомалӣ Раҳмонов ҳамон тахтаи хезе шуд, ки ӯро барои солиён дар маснади раҳбарии Тоҷикистон нишонд. Нуралии Давлат аммо мегӯяд, дар интихоби раиси нав муҳим шахси Раҳмонов набуд: "Фарқ надошт, ки Эмомалӣ Раҳмонов, ё Ҷиёнхон Ризоев, ё Қурбоналӣ Мирзоалиев.. . Ман фикр мекунам, ҳар нафаре ки раиси вилояти Кӯлоб мебуд, ин вазифаро мегирифт. Ва Раҳмонов, ки ҳамагӣ се ҳафта ба ҳайси раиси вилоят кор карда буд, дар вақти лозим ва дар ҷойи лозим зуҳур кард. Ва азбаски чун раиси вилоят ва ҳамчун вакили Шӯрои Олӣ ба сиёсат ҳам ворид буд, ба мақоми раёсат расид. Аммо реша аслан дар ҳамон мансаби раиси вилояти Кӯлоб аст ва маълум буд, ки Русияву Узбакистон ба Фронти Халқӣ такя мекунанд, чунки бе розигии Тошканду Маскав ҳалл кардани ин масъала, фикр мекунам, мушкилтар буд."

Ҷонибеки Акобир вале интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов ба раҳбарии кишварро аз бозёфтҳои иҷлосияи 16-уми медонад ва мегӯяд, ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ боз 5 соли дигар давом кард, ин иҷлос дар пойизи соли хуношоми 1992 ҳамон нуқтаи атфе шуд, ки роҳро ба сӯи оштиҳои баъдӣ боз намуд: "Таърихияти ин ҷаласа, акнун ман мефаҳмам, дар ин буд, ки шахсе ба сари қудрат омад, ки бо вуҷуди бисёр нуқсонҳои фардӣ соҳибирода буд ва дар ақидааш - сахт устувор. Ва Эмомалӣ Раҳмонов воқеъан бозёфти ҳамин ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олӣ буд. Ин амри тасодуф буд ё раҳми худованд, ҳамин одам омад."

Дар рӯзҳои поёнии иҷлосияи 16-ум, ки то 1 декабр давом кард, аъзои порлумон ҳайъати ҳукумати нави Тоҷикистонро низ тасдиқ карданд. Сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов ҳамчун намояндаи шимоли кишвар барҷой монд ва тавонист блоки иқтисодии давлаташро умдатан аз тарафдорони худ ташкил диҳад, вале бештари курсиҳои калидии ин ҳукумат, аз ҷумла раҳбарии кулли соҳоти интизомӣ ба дасти намояндагони минтақаи Кӯлоб гузашт. Аз ҷумла Ёқуб Салимов - вазири умури дохила, Саидамир Зуҳуров - вазири амният, Муҳаммадсаид Убайдуллоев - муовини сарвазир ва Муҳаммадназар Солеҳов додситони кулл таъйин мешаванд.Александр Шишлянников, намояндаи Русия ҳамин тавр вазири дифоъи Тоҷикистон мансуб шуд. Нуралии Давлат мегӯяд, дар он шабу рӯз бисёре аз шахсиятҳои варзида ба бақои давлати Раҳмонов бовар надоштанд ва аз ҳамкорӣ бо он худдорӣ мекарданд: "Онҳое ки вазъи Душанбе медонистанд, чандон бовар надоштанд, ки ин ҳукумати тозатаъсис метавонад вазъро таҳти контрол бигирад. Ва Раҳмонов ҳам баъдан чандин бор гуфта буд, ки мо ба бисёр нафарон пешниҳод кардем, ки биёед, мансаб бигиред ва ҳамроҳ мо ба Душанбе рафта, кор кунед, розӣ намешуданд. Аксар бовар надоштанд, ки вазъ ором мешавад ва ин ҳукумат ҳадди ақал барои чанд моҳ барҷой хоҳад монд. Ҳатто пешгӯӣ ҳам мекарданд, ки ин ҳукумат то се моҳи дигар суқут мекунад."

Иҷлосияи 16-ум ҳамин тавр ба тӯли беш аз шаст соли раҳбарии намояндагони сулолаи Хуҷанд бар Тоҷикистон нуқтаи таммат гузошт ва бози давлатро ба пушти шонаи сулолаи наве иборат аз намояндагони вилояти Кӯлоб нишонд. Дар ин иҷлосия, албатта, талош шуд, ки нуфузи намояндагони шимол ҳифз шавад ва ҳатто бо роҳи тағйири қонунгузорӣ як силсила аз салоҳиятҳои раисиҷумҳурро, ки мақомаш дар ҳамин иҷлосия бо таъйиди истеъфои Раҳмон Набиев ихтисор шуд, ба сарвазир ироа карданд. Дар ҳошияи иҷлосияи шонздаҳум ҳатто гуфта мешуд, ки Тоҷикистон акнун як низоми давлатдории шабеҳи Бритониёро таъқиб хоҳад кард, ки дар он раҳбари аввал ва амалии кишвар маҳз сарвазир эътироф мешавад. Нуралии Давлат аммо ин ҳамаро дар он шабу рӯз талошҳои аз пеш беҳуда меҳисобад, чунки: "Аввал ин ки ихтилоф дар худи клани Хуҷанд вуҷуд дошт. Фикр мекунам, ки онҳо зери фишори вазъият ва ё таҳти дахолати шояд Маскаву Тошканд тасмим гирифтанд, ки беҳтар аст, агар созиш кунанд. Дуруст аст ки онҳо мехостанд, ки вазъият боз ба нафъи онҳо тағйир ёбад ва ширкати Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳайси номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи соли 1994 то андозае ба ин гувоҳӣ медод. Аммо вазиъяте ки дар Тоҷикистон дар он рӯзҳо ба амал омада буд, чунин буд, ки клани Хуҷанд аслан такягоҳи низомӣ надошт. Яъне барои он ки дар сари қудрат Абдуллоҷонов, Набиев, Ҳомидов ё ягон нафари дигарро бимонад, бояд онҳо дар ин вазъияти ҷангӣ нирӯи низомӣ медоштанд, ки надоштанд."

Нуралии Давлат мегӯяд, бо вуҷуди оши оштӣ пухтанҳову ҳамдигарро ба оғӯш кашиданҳо, иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нуқтаи таммат гузошта натавонист: "Аввал ин ки онҳое, ки сари қудрат омаданд, дар низоми давлатдорӣ қабл аз ин нақши чандоне надоштанд, яъне инҳо таҷрубаи давлатдорӣ надоштанд. Ин як. Дуввуман, инҳо ҳам чандон дар тасмимгирии худ озод набуданд. Ман фикр мекунам, ки Русия ва Узбакистон, ки аз инҳо пуштибонӣ мекарданд, манфиатҳои худро низ думбол мекарданд. Ва севвум ин ки нафарони Ҳукумати Муросои Миллӣ ҳам зиёд моил ба созиш набуданд. Як иллати аслӣ ин буд, ки ҷонибҳо ба ҳамдигар бовар намекарданд. На мухолифин ба Фронти Халқӣ ва на Фронти Халқӣ ба мухолифин."

Ва Тоҳири Абдуҷаббор, узви Шӯрои Олӣ дар соли 1992: "Ман фикр мекунам, ки чизе иҷро нашуд дар он ҷо. Яъне ҳадафи аслии ҷамъ омадан расидан ба як муросову оштиву оромиш буд ва ҳамагон ба ин розӣ буданд. Оши оштӣ ҳам хӯрданд, ҷома ҳам ба ҳамдигар пӯшонданд. Вале дар амал ин кор нашуд. Метавон гуфт, ки ин як нуқтаи чархише буд ба самти дигар."

Ҷонибеки Акобир, корманди дафтари матбуоти Шӯрои Олӣ дар тирамоҳи соли 1992 аммо мегӯяд, ҳамин иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ буд, ки роҳи тӯлонии Тоҷикистон ба сӯи сулҳи ниҳоиро оғоз гузошт. Ҷонибеки Акобир бори дигар аз иродаи муҳками Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар ҳамин иҷлосия ба қудрат расид, ёдовар шуда мегӯяд: "Ин амри тасодуф буд ё раҳми худованд, ҳамин одам омад. Ҳарчанд чанд соли дигар ҷангу ҷӯшу мусоҳибаҳову сӯҳбатҳо давом кард, вале ирода ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки ниҳоят халқу ватани мо аз чархоби воқеъоти нангину сангину ҷангу ҷидолу бадбиниву якдигарнофаҳмӣ наҷот ёфт."

Инак аз иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон 13 сол мегузарад, вале бо ин вуҷуд пиромуни он чӣ ки дар пойизи соли 1992 дар Қасри Арбоб мегузашт, суолҳои зиёде ҳанӯз ҳаст, ки беҷавоб мондаанд. Нуралии Давлат, муаррихи тоҷик: "То ҳол бисёр нуқтаҳое ҳастанд дар мавриди ин иҷлосия, ки рӯшан нашудаанд. Ва онҳое ҳам, ки аз ин ҳама иттилоъ доранд, дар ин маврид ҳанӯз сухан нагуфтаанд ва шояд гуфтан ҳам нахоҳанд."
XS
SM
MD
LG