Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба конфаронси Ховари Миёна


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, ки барои фароҳам овардани заминаҳои конфаронси сулҳи Ховари Миёна дар Вошингтон ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун сафар кардааст, гуфт, аз омодагии ду ҷониб -- Исроил ва маъмурияти худгардони Фаластин қаноатманд аст. Вай афзуд, "аз ҷиддияти ҳарду тараф ба таври ҳаяҷоновар мутаассир аст. Ман, -- меафзояд ӯ, --шаби гузашта аз паёми сарвазир Олмурт мутаассир шудам, ки гуфт, Аннаполисро як парвозгоҳи гуфтушунид дар ҳамаи масъалаҳои ҳалталаб мешуморад ва имрӯз аз вокуниши мусбати Аббос ба ин паём истиқбол мекунам,"

Маҳмуд Аббос, раиси маъмурияти худгардони Фаластин баъд аз мулоқот бо Райс гуфт, эҳтимоли ҳақиқии созиши сулҳ бо Исроилро эътироф мекунад. Вай афзуд, ин созиш бояд то поёни даври раёсати президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба даст ояд.

XS
SM
MD
LG