Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои ҷашни мутантани зодрӯз


Салима Аланазарова, корманди шуъбаи қумсангирии «Тоҷиктелеком» барои нақзи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму русум ва маросиму тантанаҳо» дар пайгарди додгоҳӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Саймурод Қодиров, муовини додситони вилояти Хатлон, хонум Аланазарова 19-уми сентябри соли ҷорӣ зодрӯзи духтараш Шаҳнозаро бо даъвати меҳмонҳои зиёд баргузор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин меҳмонон дар ҷараёни ҷашн ба овозхонҳову раққосон пул бахшидаанд.

С. Қодиров ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки дар нисбати С. Алиназарова аз рӯи банди 5-и моддаи 178–и қонуни кайфарии кишвар аз ҷониби додситонии ноҳияи Қумсангир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, додситонии вилоят дар робита ба вайрон кардани қонуни мазкур 8 супориш, 46 дастури қонунӣ содир намудааст, инчунин як кас ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 3 нафар ҷавобгарии тартиботӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG