Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтисоди Тоҷикистон: Пахта ва буҷа


Гардонанда: Носирҷони Маъмурзода

Ахиран вазорати молияи Тоҷикистон ба таҳияи лоиҳаи Буҷаи давлатӣ барои соли 2008 шурӯъ кард. Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда 4 миллиарду 312 миллион сомонӣ, муодили беш аз як миллиарду 250 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Ва ин назар ба буҷаи соли 2007 845 миллион сомонӣ бештар аст.
Ва аммо мақомоти вазорати молияи кишвар аз шарҳи лоиҳаи ҷадид худдорӣ мекунанд. Танҳо ҳамин маълум аст, ки беш аз 45 дар сади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда асосан ҷиҳати иҷрои Барномаи коҳиши мизони фақр ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ, ҳудуди 30 дар сади маболиғи Буҷаи соли 2008 барои баргардонии қарзи давлатӣ ва барои нахустин бор дар ин лоиҳа ихтисоси маболиғ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, қисми асосии хароҷоти буҷаи давлатӣ бояд ба соҳаҳои таъмини иҷтимоӣ ва тиббу маориф равона карда шавад, чун ба назари онҳо, рушди иқтисоди кишвар ва устувории давлат ба ин соҳаҳо мустақиман бастагӣ дорад.
Назари ҳизбҳои сиёсӣ ва иқтисодшиносони ҳирфаиро мехоҳед бишнавед?
--------------------------------------------------------

Чунин ба назар мерасад, ки Барномаи нави ҳукуматӣ оид ба коркарди пурраи нахи пахта дар Тоҷикистон мавзӯъи аслии баҳс дар маҳофили иқтисодии кишвар шудааст. Барои иҷрои Барномаи мазкур, ки коҳиши мизони содироти пахта ба хориҷ ва коркарди он дар корхонаҳои саноатии дохили Тоҷикистонро дар назар дорад, 500 миллион доллари амрикоӣ зарур будааст. Ҳоли ҳозир беш аз 80 дар сади нахи пахта бинобар набуди корхонаҳои тавонманд ба хориҷи кишвар содир мегардад. 18 корхонаи ресандагию бофандагии кишвар, ки дорои иқтидори начандон зиёди тавлидиянд ва феълан фанновариашон фарсудаву корношояд гардидааст, тавони коркади танҳо ҳудуди 20 дар сади ҳосили пахтаро доранд.
Ва аммо баъзе аз коршиносон иддао доранд, ки бо вуҷуди бунёди корхонаҳои нави коркарди нахи пахта, то соли 2015 низ ба иҷрои сад дар садаи барномаи нави ҳукуматӣ шак доранд, чун аксар аз корхонаҳои мавҷударо низ мебояд дубора таҷдид кард.
Вазъ дар Суғду Хатлон чигуна аст?
---------------------------------------------------------

Бо муҳимтарин навгониҳои иқтисоди Тоҷикистон мехоҳед шинос шавед? Пас ба ишораи радио нохун занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG