Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими Бритониё ба ихроҷи дипломатҳои рус


СҶ

Бритониё мегӯяд, чаҳор дипломати сафорати Русияро дар Лондон аз кишвар ихроҷ хоҳад кард, зеро Маскав аз истирдоди гумонбари қатли собиқ афсари хадамоти ҷосусии Русия Александр Литвиненко сарпечӣ кардааст.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Бритониё Дэйвид Милибанд хабар дод ва афзуд, ки Лондон ҳамчунин музокиротро бо Маскав дар мавриди осонтар кардани дарёфти раводид мутаваққиф мекунад.

Сарвазир Бритониё Гордон Браун аз ин иқдом пуштибонӣ кард ва гуфт, далеле барои узрхоҳӣ надорад. Русия ба ин тасмими Бритониё посухи шадид дода, бо чораҳои ҷавобӣ таҳдид кардааст.)

Александр Литвиненко, шаҳрванди Бритониё ва собиқ корманди Хадамоти федеролии амнияти Русия бар асари заҳролудшавӣ аз полониум дар Лондон дар моҳи ноябри соли гузашта ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG