Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко ва Саакашвили ба НАТО мехоҳанд


r

Раиси ҷумҳури Украина Виктор Юшенко гуфт, ки алорағми мухолифатҳои шадиди Маскав ва баъзе гурӯҳҳои маскавгарои ҷомеаи Украина, вай роҳи дигаре ҷуз узвият дар ҳайати Паймони низомии НАТО-ро намебинад.


Зимни суханрониаш дар Гурҷистон вай гуфт, ки роҳи дуруст онест, ки Украинаро бо Аврупо пайванд медиҳад.


Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфт, ки Маскав ҳақ надорад, сиёсатҳои низомиву хориҷии кишварашро дикта кунад ва ҳамоиш бо НАТО зидди ҳеҷ як кишвари саввум нигаронида нашудааст.


Саакашвилӣ инчунин гуфт, ки ҳеҷ як кишвар наметавонад дар пешбурди равобити НАТОву Гурҷистон вето гузорад.
XS
SM
MD
LG