Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷсад ҳазор гуреза дар дохили Ироқ


Рӯзи душанбе (20 ноябр) дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ 20 нафар ба ҳалокат расид. Дар кӯчаҳои Бағдод ва шаҳри Дуҷайл 35 ҷасади шахсони қаблан бе ному нишон шуда ёфт шуд.


Имрӯз дар Конфронси Салиби Сурх дар Сингапур Жак Фостер ноибпрезиденти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки феълан дар дохили Ироқ тахминан ним миллион нафар ба тарки макони доимии зисташон маҷбур шудаанд.


Моҳи гузашта идораи умури паноҳандагони Созмони милал гузориш дода буд, ки аз соли 2003-ум ба ин тараф дар Ироқ наздик 754 ҳазор нафар макони зисти доимии худро тарк кардаанд. Эҳтимол ҳозир аксари онҳо ба хориҷа муҳоҷират карда бошад.
XS
SM
MD
LG